Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти фаъолият

Ҷамъбасти фаъолият

14-01-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 390 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти фаъолият
Соли 2016 барои сокинони диёри азизамон соли фараҳбахш буда, дар ин сол баҳри сазовор ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатиамон ҳамагон бо руҳу илҳоми тоза соли ҷориро пешвоз гирифтанд. Бахусус дар арафаи ин сол қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» басо рамзӣ буда, он ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро бедор намуд. Бо ҳамин мазмун маҷлиси ҷамъбастии фаъолони ноҳия оғоз гардида, муовини аввали Раиси ноҳия, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Ғончӣ Абдумалик Ҳодиев дар ҳошияи ҳисоботи ҷамъбасти солонаи хоҷагии халқ, хусусан аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо ибтикор ва қадамҳои устуворонаю таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намуда, натиҷаҳои фаъолияти масъулинро дар 2015 мавриди баррасӣ қарор дод.

Баъдан Раиси ноҳия, узви Раёсат ва КИ ҲХДТ дар н.Ғончӣ муҳтарам Рустам Ҷӯразода аз таҳлилҳои зикршуда, хулосабарорӣ намуда, барои лоиқ шудан ба боварии Пешвои миллат вазифаҳоро дар соли 2016 ба самъи фаъолони ноҳия расонид.

Дар поёни маҷлиси ҷамъбастӣ аз ҷониби иштирокчиён, Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Шавкатович ба Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Инчунин, бинобар саҳми босазо гузоштани фаъолони соҳаи фарҳанг баҳри сазовор ҷамъбаст намудани «Соли фарҳанг ва рушди гулҳо» ба аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» Зайниддин Ғозизода, Ином Каримов, Хуршед Муҳаммадиев ва Фирӯз Отабоев сипосномаҳои Раиси ноҳия ва унвонҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд. Инчунин дигар фаъолони ноҳия низ мавриди қадршиносӣ қарор дода шуданд.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Ғончӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: