Мулоқот бо табибон7-03-2016, 14:30
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
Баҳри тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, дар маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияи Ғончӣ бо табибону кормандони соҳаи тиб мулоқоти Раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Ғончӣ, муҳтарам Рустам Ҷӯразода баргузор гардид. Дар рафти баргузории ин вохӯрӣ тариқи намоиши маводҳои видеоиву аёнӣ динамикаи рушду такомули нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустии даврони соҳибистиқлолӣ дар қиёс бо солҳои қаблӣ намоиш дода шуд.
Муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова аз нуқтаҳои асосии Паёми Сарвари давлат сухан ронда, бобати факту рақамҳои намоишдодашуда баъзе эроду таклифҳои худро пешниҳод намуд, то ки соҳаи тандурустӣ дар ноҳия боз ҳам мукаммалу ҷавобгӯи талаботи роҳбарияти олии кишвар гардад ва таъмини саломатии сокинони диёр боз ҳам беҳтар шавад. Инчунин аз маблағгузориҳо ва шароитҳои хуби барои соҳаи тандурустӣ муҳайёгардидаистодаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, аз табибони ҳозиқи ноҳия хоҳиш намуд, ки дар ифои вазифаи ҷонии худ ва риояи қасами Падари тиб – Гиппократ нисбати худ серталаб бошанд. Раиси ноҳия муҳтарам Рустам Ҷӯразода дар рафти баромади худ тамоми масъалаҳои дар соҳаи тандурустии ноҳия ҷойдоштаро ҳаматарафа шарҳу возеҳ ва мавриди баррасӣ қарор дода, хусусан ба сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳо, таъмин намудани ҳар як деҳа бо табибону мутахассисони соҳибкасб, тезонидани сохтмони бинои беморхонаи марказӣ, таъмиру тармими шӯъбаҳо ва ҳуҷраҳои беморон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таъминот бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири ташхисӣ, нашру паҳни маводҳои тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги солимбахшии шаҳрвандон ва ба дигар масъалаҳо диққати махсус зоҳир намуд. Мавриди зикр аст, ки соҳаи тандурустӣ дар ноҳия рӯз то рӯз пеш рафта, бо роҳбарии Менеҷери госпиталӣ Насимҷон Маҳмадалиев, Менеҷери КАТС-и ноҳия Гулрӯ Баротова ва сарвари Беморхонаи минтақавии №1 Шералӣ Машарипов табибон кӯшиш намуда истодаанд, ки бо хизматрасонии сифатноки тиббӣ ба дарди беморон дармон бахшанд. Ғайр аз он, сол то сол симои муассисаҳои тиббии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шаклу намуди беҳтареро ба худ касб карда, сатҳу сифати табобати беморон низ хубтару беҳтар гардида истодааст. Мутахассисону табибони ҷавон бо донишу малакаи хуби табибӣ ба кор қабул гардида, дар камолоти онҳо диққати хосса зоҳир шуда истодааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.