Мулоқот бо ҷавонон дар ноҳияи Ғончӣ16-11-2015, 10:03
Хабарро хонданд: 502 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоту муассисаҳои таълимии ноҳияи Ғончӣ дар баробари омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҷавонони фаъол бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Мутахассиси шӯъбаи омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ Азиза Насриева бо хонандагони фаъоли синфҳои болоии муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 16, 14, 38 ва гимназияи № 1 мулоқот доири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, руҷӯъ намудан ба илму дониш тавассути идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии касбиву миёнаи махсус барпо шуда, оиди аксия-озмуни «Сулҳ ба ҳама!» маълумоти мукаммал дода шуд. Ҷамъбасти мулоқотҳои мазкур дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъияти матлубот»-и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонони фаъоли ноҳия доир гашт. Чорабиниро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣҳусни ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки ҷавонон нерӯи бузург буда, Сарвари давлат аз мо – ҷавонон ҳамчун ояндасозони Ватан, Тоҷикистони соҳибистиқлол умедвориҳои калон доранд. Мо бояд ин боварии Сарвари кишварро дар пеши аҳли ҷомеа шоиста бошем. Сипас, мутахассиси шӯъбаи омор Насриева аз баромадҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш дар ифтитоҳи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ва 3000-солагии Ҳисори шодмон иқтибосҳо оварда, ба ҷавонон муроҷиат кард, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар ҳар як ҷавон бояд кӯшад, ки бо иқдому ташаббус ва роҳи дурусти интихобкардааш дар ҳаёти хеш сазовори ин ғамхориҳову меҳрубониҳо бошад. Ӯ дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даҳшатафкан маълумот дода, амалҳои муғризонаи ҲНИТ-ро дар ҳодисаҳои охири Тоҷикистон маҳкум намуд. Дар хотима, қайд кард, ки дар аксияи ҷавонони ҷумҳурӣ, ки бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардида истодааст, таҳти унвони «Сулҳ ба ҳама!» чун узви фаъоли ҷомеаи демократӣ ширкат варзида, фикру ақидаи худро тариқи аксҳои электронӣ баён намоянд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.