DataLife Engine > Аз эчоди навкаламон > Гулдастаи Наврӯзӣ

Гулдастаи Наврӯзӣ


17-03-2016, 08:00. Разместил: admin Гулдастаи НаврӯзӣОсмон нилгун ва фараҳфазо буд. Офтоб бетамаъ ва саховатмандона нур мепошид. Атрофи шаҳр, боғҳо, силсилатеппаҳо, ҷамилу ҷаззоб менамуданд. Ҳамаи ин зебогиҳои табиат дар ниҳоди инсон оламе дигареро мунаввар месохт ва кас мехост сайри ин ҷаҳони зебо намояд.

Шариф аз автобус аз ҳама охир фуромад. Гулдастаи зебое дар даст аз паи одамон бардамона қадам гузошт. Аз ҷӯйчаи канори роҳ гузашта, ба тарафи дарахти олуча, ки сарсабзу пур аз баргу гул ва дар тагаш хараке буд, омада нишаст. Гулҳои навшукуфтаи дарахти олӯро тамошокунон ба фикр фурӯ рафт.

“Оё Шарофат меомада бошад?”- фикр кард ӯ. Охир аз ҷанҷоли онҳо барои як андешаи ботиле , ки Шарофатро мутаассир карда буд як моҳ гузашт, вале Шарофат то ҳанӯз ба зангҳои ӯ ҷавоб намедод, ҳатто агар иттифоқан дар роҳ ҳам ӯро медид, бо дили нохоҳам саломашро алек мегирифту мегузашт.

Шариф дарк мекард, ки Шарофат дили нозук дорад. “Чаро ба ӯ ҷанҷол бардоштам-худ ба худ андеша кард - охир ӯро дӯст медорам.Хайрият, дирӯз ба зангҳои телефониям ҷавоб гардонд, вагарна дилкаф мешудам. Аммо чаро дер карда истодааст?”

Шариф боз ба умқи андешаҳо фурӯ рафт. Якбора дар майнааш фикре омад-” Шояд Шарофат ба худ дилдодаи наве ёфта бошад, охир ман... э, вой ман чӣ андеша карда истодаам?”- нигоҳаш ба замин дӯхта шуд ва беихтиёр оҳиста хандаи мастона кард. Сиапас, даст ба зери манаҳаш бурда оҳи бадарде кашид. Ин лаҳза чӣ қадар давом ёфт нафаҳмид, аммо садои бачаи навзоде ӯро ба худ овард.Сар бардошта дар хараки рӯ ба рӯяш зану марди ҷавонеро дид,ки дар даст қӯдаки навзод доштанд. “Аҷаб одамони беақланд, бо қӯдаки навзод дар ин боғ чӣ лаззате меёбанд?” - худ ба худ андешид Шариф, аммо лаҳзае пас аз ин фикраш гашт. Ӯ эҳсос кард, ки дар ҳама ҳолатҳо кӯдаки навзод шириние дорад.

Боди форами баҳорӣ рую мӯяшро лесида гузашт ва бар машомаш накҳати фараҳафзоеро овард.Садои қум-қуми фохтаи дар шохи дарахт нишаста ба гӯшаш форам расид. Чашм ба дастагулаш андохт ва эҳсос кард,ки гулҳо мавҷ мезананд.Ба назараш чунин расид, ки онҳо механданд ва ба ӯ нидо карда мегӯянд “эй ошиқ, сабур бош, дилдодаат меояд, ҳанӯз фурсат аст...”
Ба соати дастиаш нигариста дид, ки то вақти ваъдагӣ ҳанӯз 15 дақиқаи дигар мондааст,аммо ҳар дақиқаи интизорӣ барояш соатеро мемонд... Ниҳоят вақти ваъдагӣ ҳам расид, аммо аз Шарофат дараке набуд.

- Намеояд - оҳи ба дард кашид. Тамоми вуҷудаш ба дард даромад, нигоҳаш тира шуд.

Лаҳзаҳое сипарӣ гардиданд ва ӯ ҳайкалвор дар ҷояш шах шуда менишаст.Акнун ба гӯшаш садои чизе намерасид.

- Салом Шариф-овози ошное гӯё аз дуриҳои дур ба гӯшаш расид.
- Салом Шариф-ин овоз боз баландтар садо дод.
- Шариф-аз ҷояш як қад парида хест-мебахшед ҳаял кардам.
- Ҳеҷ гап не, хубед,-Шарофат боҷуратона дар паҳлӯяш нишаст.
- Ҳеҷ бовариям намеояд,ки шумо дар паҳлӯи ман ҳастед.

Шариф аз ҷояш хеста гулдастаро ҷонибаш дароз намуд.Шарофат гулҳоро гирифта изҳори сипос намуд ва табассуми маллехе карда гуфт:

- Ташаккур, барои гулҳои туҳфа кардаатон,мамнунам...

Ҳарду лаҳзае хомуш монданд.Хамоно боди серуни баҳори вазида бар машом бӯйи себаргаву сабзаи таррро меовард.
- Маро бубахш Шарофат-хиҷолатомезона садо баровард Шариф-шуморо беҳуда ранҷондам. Ҳамон рӯз нисбати шумо рашки беҳуда кардам,акнун дарк намудам,ки шумо фариштаед ва он ҳама андешаҳои ман ботил баромаданд.

Дар лабони Шарофат табассуми ширине ҳувайдо гардид.
- Ман шуморо аллакай бахшидам ва шояд он рашкатон низ беҳуда набуд,балки дилхоҳ мард дар он ҳолат рашк мебурд.Охир ту аз куҷо медонистӣ, ки он марди бо ман буда бародарам ҳаст.

Шариф хандид ва оҳиста дасти Шарофатро гирифта фишор дод, аммо Шарофат ишвакунон дасташро раҳо кард.
- Бубин чӣ қадар зебоянд ин гулҳо ба сӯи Шариф ишора кард ва аз ғояти шодӣ лабханди латифе намуд.
- Дар Наврӯз ҳама чиз зебо ҳаст. Ту аз ин гулҳо ҳам зеботарӣ, Шарофатҷон.

Шариф табассум намуд. Аммо гулдастаи наврӯзӣ ба рӯи ҳар дуи онҳо гӯё механдид. Онҳо дасти хамдигарро гирифта ба тарафи боғи сарсабзу хуррами шаҳр равон шуданд...
Гулҳаё Мадимарова
Вернуться назад