Пайраҳаи Зиндагӣ24-02-2016, 14:50
Хабарро хонданд: 705 нафар
Назарҳо: 0
Чоруми декабри соли 1931 буд.
Дар осмони гузари Сари Мазори нохияи Ховалинг абрҳои сафеде шино мекарданд ва офтоб гоҳ-гоҳе аз паси абрҳо намудор шуда ба зудӣ боз худро пушти онҳо панаҳ мекард. Боди сарди тирамоҳӣ бар машом бӯи гулу гиёҳҳои хушкшудаи кӯҳиро оварда, бадани касро сабук-сабук меларзонд. Аз назди мағозаи гузар садои пасти "радиои сталинӣ" ба гӯш мерасид. Аз бошандагони деҳа, ғайр аз чанд нафар ҷавони навхат, ки назди мағозаи деҳ бемақсадона рӯз кӯр мекарданд, дигар касе ба назар намерасид. Мағоза дар кӯчаи калони каҷу килеб ва серчангу хоки деҳа, ки растаи асосӣ номида мешуд, ҷой гирифта буд. Ин дам аз дур бобои Ҳамид бо хари ҳезумбараш намудор шуд. Ба назди ҷавонҳо расида омирона овоз баровард: - Ҷалол биё, ҳезумҳоро фарор! Ҷавони хурдҷуссаи лоғарандом аз пушти падар равон шуд. Такрибан, сесад-чорасад метр аз деҳа болотар зери чормағзи калоне, ки мардум онро "чормағзи Алиҳмад" ном мебурданд, чашмаи мусаффое мешорид. Оби чашма тобистон сероб-баробари банди даст, вале зимистон обаш кам мешуд. Назди чашма, аслан макони вохӯриву сӯҳбати духтарони деҳа буд, ки саҳару бегоҳ бо баҳонаи об гирифтан назди чашма ҷамъ шуда, дил холӣ карда бо ҳам сухбат мекарданд.Чунин сӯҳбатҳо хусусан дар вақти пӯхтани чормағз тӯлонитару гуворотар мешуданд, зеро ҷавонони деҳа "чормағз баҳона, дидор ғанимат" - гӯён бо духтарони маъқулнамудаи худ фурсати бештари мулоқотро меёфтанд. Имрӯз бошад назди чашма касе ба назар намерасид. Зоғони сиёҳ фориғболона чормағзҳои ягон-ягон боқимондаро ба нӯли худ гирифта аз пайи шикастанаш ба ҳар сӯ мепариданд. Алхол, зоғе дар шохи баланди чормағз нишаста бо садои дағалу нофорамаш қар-қар мекард. Кампири Соҷида ҷомаи кӯҳнаи рангпаридаи худро ба танаш печида назди чашма омад. Аз саҳар боз таъбаш хира, дилаш зиқ асту чӣ кор карданашро намедонад, ҳарчанд фикр мекард, сабаби инро фаҳмида наметавонист. Ин лаҳза қар-қари зоғи сиёҳ ба гӯшаш расида ӯро ба худ овард. - Киш-киш, афтат дар гӯр, сархӯри мазанг, киш! - садо баровард бо овози хастаю аз ғояти пирӣ дағалгаштаи хеш. Аммо зоғ гӯё барқасд бошад, овозашро баландтар кард. Писараки рангпаридаи борикқади 10-12 сола, аз назди кампир гузашта истода боодобона ба у салом дод. Маълум, ки ба куҷое шитоб дошт, лекин пурсиши кампири Соҷида маҷбураш кард, ки андак таваққуф кунад. - Ҳа, Маҳмадалӣ тинҷ ҳастӣ, аз куҷо меоӣ? - Аз қишлоқи ҳамсоя, акаам барои равғани зағир фиристод - ҷавоб дод писарак. - Чӣ, магар дар кишлоқи худамон равғани зағир ёфт нашуд, ки аз қишлоқи ҳамсоя оварди? - Дина амаки Шарифам зағирҳояшро кашида буд, аз ҳамон ҷо овардам - дилтангона ҷавоб дод писарак. - Ҳа, ин тавр гӯй -- кампир дигар чизе напурсид. Маҳмадалӣ ба хона расид. Янгааш Назирамоҳ, ки дар такопӯи хӯрокпазӣ буд, ӯро пешвоз гирифта бо табассуми малеҳи ба худ хос: - Омадӣ Маҳмадалӣ, равған овардӣ? - гӯён пурсид. - Ҳа, овардам янга- - писарак хамёза кашид. - Эй офарин, офарин, чашм нарасад, бачаи қадрас шудаи, дастёри хона -- Назирамоҳ писаракро таърифкунон равғанро ба хонаи дарун бурд ва аз он ҷо баромада истода: -Маҳмадалӣ як гап фаҳмидум…-- гӯён ба чеҳари ӯ назар андохт. Нигоҳаш андешаманд буд. - Чӣ гап, янга? - соддалавҳона пурсид Махамадалӣ - Мегӯянд, ки шаби гузашта дар деҳаи ҳамсоя Шарифи милисаро босмачиҳо куштанд, ин рост аст? - Ҳа рост, дар пушти хонааш паррондаанд. Амакам гуфтанд, ки акаи Давлатам ҳам эҳтиёт шаванд -- бо соддалавҳии кӯдакона гуфт Маҳмадалӣ. Назирамоҳ ба нуқтаи номаълуме дида дӯхта, лаҳзае пас: - Ҳа рост гуфтааст, амакат. Чанд бор Давлатро гуфтам, ки аз ҳамин кори хатарнок даст кашад, аммо ба гапам гӯш намекунад. Мегӯяд, ки агар дар ҳамин лаҳзаи мушкил агар ҳар кас ғами ҷони худро хӯрад, пас мо зиндагии нав сохта наметавонем Ҳар ду сукут карданд. Ин дам садои ҷӯшидани чой Назирамоҳро ба худ овард. - Ҳа, дар воқеъ, ин қадар гапа дароз кардам, биё ба хона даро. Навакак алов кардам, ҳозир хӯрок меорам - Маҳмадалӣ ба хонаи гарм даромада назди оташдон нишаст. Янгааш як-ду тарошаи чӯб ба оташдон партофта ба ошхона рафт. Назирамоҳ ҷавонзани зебо буд- чашмони сиёҳи сурмаосо, мижгонҳои дарозу абрӯвони пайвастаи парвозӣ дошт ва қомати баланду мӯйҳои ҷингилааш диққати дилхох бинандаро ба худ ҷалб мекард. Талабгорони Назирамоҳ дар зодгохаш, деҳаи Роғун бисёр буданд, вале қисмат уро насиби Давлат карда ба Ховалинг овард. Чӣ қадар ранҷҳое, ки Давлат барои ба ин духтари зебо соҳиб шудан кашид, чӣ таҳдидҳое аз хешу табори Назирамоҳ дид, аммо аз роҳаш, аз муҳаббаташ барнагашт, балки дучанд мубориза бурд, то оқибат ба висоли ёри нозанинаш расид. Вохӯрии аввалин барои ҳарду хотирмон буд. Давлат зимни дар Душанбе хондан боре ҳамроҳи ҳамсабақонаш ба деҳаи Роғун рафт. Ана дар ҳамон ҷо бори аввал Назирамоҳро дида ошиқи шайдо шуд. Пинҳонӣ чанд маротиба вохӯрда ҳамсӯҳбат гардиданд. Вохӯриҳо барои духтар беасар намонданд, дар дилаш меҳри Давлат ҷой гирифт. Оқибат Давлат ба хонаи духтар хостгорҳои худро фиристод. Аммо падари духтар розӣ нашуд, зеро намехост духтарашро ба ҷавони ношиносе, ки дар деҳаи дурдасте зиндагӣ мекунад, ба шавхар бидиҳад. Шаш моҳ гузашт ва оқибат истодагарии ҷавонро дида падар ба духтараш дуои нек дод. Онҳо тӯйи хоксоронае карда ба висоли ҳамдигар расиданд. Давлат хонданро тамом карда, чун ҳуқуқшинос ҳамроҳи Назирамоҳ ба Ховалинг баргашт. Ӯро ба вазифаи раиси суди ноҳия пешбарӣ карданд ва инак як сол боз дар ин вазифа кор мекунад. Вазъ ноором буд. Боқимондаҳои босмачиён то ҳанӯз дар деҳаҳои дурдаст бедодгарӣ мекарданд. Албатта дар чунин ҳолат кор кардан душвор буд, аммо табиати мушкилнописанду шуҷоаташ имкон медод, ки дар чунин вазъият вазифаашро бо сарбаландӣ, софдилона ба ҷо биорад… …Маҳмадалӣ ҳарисона хӯрок мехурд. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки мондаю шалпар аст. Янгааш бо қираи чашм ба ӯ бо ҳавас нигоҳ мекард. Аз дилаш чиҳо мегузашт, касе намедонист. Шояд додарашро, ки ҳамсоли Маҳмадалӣ буд, ба ёд меовард ва ё деҳаашон ба хотираш омад. Чӣ қадар гарон буд дурӣ аз падару модар ва хешу табор. Баъди тановули хӯрок Назирамоҳ аз Маҳмадалӣ хоҳиш кард: - Ба хонаи кампири Соҷида раву гӯй, ки янгаам худашро бад ҳис мекунад, агар илоҷаш бошад бегоҳ хона биёяд, фаҳмидӣ? - Фаҳмидам - гӯён Маҳмадалӣ аз дарвоза берун шуд. Назирамоҳ обистан буду моҳи нӯҳаш расида ва дар ҳақиқат аз пагоҳӣ боз дарди номаълумеро дар вуҷудаш ҳис карда тарсид. Дурии модари меҳрубону хешовандонро эҳсос карда ҳаросаш бештар мешуд. …Шаб аз нисф мегузашт. Назирамоҳ дард мекашид. Болои сараш ягона момодояи занони деҳа-кампири Соҷида ва якчанд зани дигар шабзиндадорӣ доштанд. Давлат бетоқат шуда чӣ кор карданашро намедонист. Тасодуфан ҳамон шаб ба хонадони онҳо дӯсти деринаи Давлат, Ботур омада буд. Ботур беқарории Давлатро дида бо табассум ӯро дилбардорӣ мекард аз ҳар тараф латифаҳои намакин гуфта механдонд, то ки вазъи душвори дӯсташро каме сабук кунад. Вале Давлатро ду чашм ба меҳмон буду ҳушаш назди ёри нозанинаш. Баъзан, чизеро баҳона карда ба берун мебаромад ва аз заноне, ки ба назди Назирамоҳ даро-баро доштанд, аз ҳоли занаш пурсон мешуд. Гоҳе аз хонаи дарун садои нолиши занашро шунида аз Худованд илтиҷо мекард, ки ёри азизашро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Он шаб то субҳ дӯстони дерина нахобиданд, аз ҳар тараф сӯҳбат карданд, аз айёми кӯдакию наврасиашон ёдовар шуданд. Дар берун осмон резаҳои барфро ба замин рехта аз омадани зимистон дарак медод. Субҳ дамид. Ҳаво оҳиста-оҳиста рӯшан мегашт. Ниҳоят аз хонаи дарун садои тифл ба гӯш расиду зани ҳамсоя шодикунон аз тавлиди кӯдак дарак дод. Шодии Давлат ҳадду канор надошт. Ба тифли навзод ба хотири қадами мубораки меҳмон Ботур ном гузоштанд. Рӯзҳо, моҳҳо аз паси ҳам мегузаштанд. Ботур сесола шуд. Давлат ҳар бегоҳ то дер гоҳ Ботурро ба сари зонуяш гирифта навозиш мекард, кӯдаквор гап зада ӯро механдонд. Назирамоҳ аз ин ҳаловат бурда шод мегашт, худро хушбахт медонист. Аммо ин хушбахтии онҳо дер давом накард. Тобистони ҳамон сол Давлатро шахсони номаълум дар деҳаи Қизилмазор парронданд ва рӯзгори Назирамоҳ талх шуд. Ҳар бегоҳ Ботури хурдакак бо забони ширини кӯдаконаи худ аз падараш пурсон шуда дили Назирамоҳро хун мекард. Баъди се моҳи ин воқеъа падару амакаш омада Назирмоҳро ба деҳаи Роғун бурданд. Модари Давлат момаи Ойим илтиҷо кард, ки ягона нишонаи писарашро бо ӯ гузоранд. Гарчанде барои Назирмоҳ ин даҳшат буд, аммо ӯ ба хотири арвоҳи Давлати ғурамарг ин корро кард. Ҳамин тариқ, Ботур ҳамроҳи момааш монд. Солҳо сипарӣ мешуду Ботур ба воя мерасид. Тобистони соли 1941 Ҷанги Бузарги Ватанӣ сар шуд. Рӯзгори мардуми деҳа торафт рӯ ба пастӣ меовард. Ботур дар қатори калонсолон дарав мекард, хирман мекуфт, аз пайи бузу бузғолаҳо медавид. Барои пайдо кардани қути лоямут аз кӯҳу пуштаҳо ҳезум ҷамъ карда, рӯзгорашро пеш мебурд. Аммо қаҳтӣ торафт бештар рӯзгори мардумро пахш мекард. Тобистони соли 1943-юм ба хонадони онҳо аммааш Ҳаррамгул ба меҳмонӣ омад. Рӯзгори вазнини онҳоро дида аз модараш хоҳиш кард, ки Ботурро ба Душанбе барад. Момаи Ойим розигӣ дод ва ҳамин тариқ Ботури дунёнадида сокини шаҳр шуд. Рӯзҳои аввали дар шаҳр будан барояш хуш омад. Кӯчаҳои мумфарш, навъҳои гуногуни мошинҳо, хонаҳои баланд ба назараш диёри афсонавиро мемонд. Аммо баъдтар деҳаашонро пазмон мешуд. Кӯҳу пушта, дашту саҳроҳои деҳаро ба ёд меовард. Барояш шаҳр тамоман бегона менамуд. Вале зиндагӣ қонуниятҳои хоси худро дорост. Тадриҷан, Ботур ба зиндагии шаҳр одат карда оқибат ба қавле шаҳрӣ шуд. Ҳанӯз аз овони наврасӣ Ботур ба олами санъат таваҷҷӯҳи хоса дошт. Дар Душанбе рӯзгораш акнун ранги дигар гирифта буд. Ӯ ба ҳар зуҳуроти дидааш нигоҳи махсус дошт. Ҳар як ҷузъиёти хубу номатлубро дар мизони ақл бар мекашид. Шаҳр ҷаҳонбиниашро васеъ мекард. Боре акааш Маҳмадалӣ, ки дар театр кор мекард ӯро ба наздаш хонда гуфт: - Ботурҷон, мебинам, ки ба санъат дилбастагӣ дорӣ, агар хоҳишат бошад, туро ба театр мебарам. Он ҷо гурӯҳи махсуси раққосони балетро ташкил кардаанд ва наврасони аз 12-сола болоро ба кор қабул мекунанд. Агар розӣ шавӣ, ҳам таҳсил мекунӣ, ҳам ҳунар меомӯзӣ. Ботурро дар театр ба сифати раққоси балет қабул карданд. Он вақт 13-сола буд. Муддате ҳунар омӯхт, сипас ҳамон ҷо ба кор даромад. Баъди чанде ӯро ба ансамбли "Трудовых резерв" ба кор даъват карданд. Дар ин ансамбл ба ҳайси раққос фаъолият намуд. Талошу заҳмати рӯзафзун обруву нуфузашро байни дӯстону ҳамкорон зиёд менамуд. Ҷанги Бузарги Ватанӣ ҳам ба итмом расид. Рӯзгори мардум рӯз то рӯз оромтару хубтар мешуд. Ботур ҳар бегоҳ аз кор пиёда ба хона мерафт. Ба занони аз рӯ ба рӯяш баромада нигариста модарашро ба ёд меовард, охир 12 сол боз модарашро надида аст ва аз ҳоли ӯ хабаре надорад. Ҳатто намедонист, ки модараш дар куҷо зиндагӣ мекунад. Борҳо дар дилаш азм мекард, ки аз аммааш куҷо будани модарашро пурсад, аммо ба ин ҷуръат намекард. Ҳамон рӯз борони барфолуд меборид. Ботур аз кор ба хона баргашт. Дар хона касе набуд, ҳама ба деҳа рафта буданд. Ӯ либос иваз карда назди тиреза омад. Бо нигоҳи дардолудаш ба берун нигарист. Шаб ба олами рӯвшан чодар мекашид. Қатраҳои марҷонвори борон ба шишаҳои тиреза бархӯрда поён мелағжиданд. Одамони аз паси тиреза намудор сӯи хонаҳои хеш шитоб доштанд. Ҳаракати бетартибонаи онҳо ба ёди Ботур мӯрчаяконро овард, ки ба хотири ризқу рӯзиашон ба ҳар самт равонаанд. Ботур оҳи бадарде кашид. Анкабути ғаму ҳиҷрон ба гирди қалбаш тор метанид. Лаҳзае фарёд задан хост, аммо ҳаросид. Мекӯшид, ки симои модарашро пеши назар орад, аммо наметавонист. Хаёломез, нигоҳашро ба нуқтае дӯхт. Бори аввал эҳсос мекард, ки ӯ танҳост. Дарди танҳоӣ, бекасӣ ва дурӣ аз хешу табор бо дарди дурии модар ба қалбаш маскан гирифта омезиш ёфт. Ва ин дард вуҷудашро ба шӯр оварда ӯро ба гиря кардан водор намуд. Ботур кӯдаквор мегирист, гиряаш талху пуралам буд. Соате гузашт, Ботур ором гирифт. Акнун шаб оламро тамоман зери чодари сиёҳи худ гирифта буд. Равуои одамон низ кам ба назар мерасид. Ӯ аз ҷояш хеста чашмаки тирезаро кушод. Аз берун боди сарде ба рӯяш зада чашмони аз гиря сурхшудаву варамидаашро ба сӯзиш овард. Чашмонашро молиш доду ба назди рафи китобхонаи язнааш омад ва китоберо барои хондан гирифт. Китоб "Ёддоштҳо"-и Садриддин Айнӣ буд. Оҳиста саҳифаи аввали китобро кушод. Он ҷо лифофаи зардшудаи мактубе мехобид. Лифофаро кушоду мактубро гирифта хонд. Мактубро тағояш Исмоил нивишта буд. Ботур албатта Исмоилро надида ва ҳатто номашро ҳам нашунида буд, аммо аз мазмуни мактуб донист, ки Исмоил бародари модар, яъне тағояш аст. Дар мактуб тағояш аз ҳолу аҳволи Ботур пурсон шуда хоҳиш мекард, ки ӯро боре ба Роғун биоранд. Акнун фаҳмид, ки модараш дар Роғун зиндагӣ мекунад. Шабро чӣ хел саҳар кард, танҳо худаш медонист. Рӯзи дигар мактубро гирифта ба сӯи Роғун раҳсипор шуд. Ниҳоят ба деҳае, ки модар иқомат дошт, расид. Дар як лаҳза дар тамоми деҳа аз омадани писари Назирамоҳ аҳли деҳа огоҳ гашт. Ҳамдеҳагон дар назди бинои ҷамоат ҷамъ шуданд. Раиси ҷамоат синчакорона ба рӯяш нигариста нобоварона ҳуҷҷат пурсид. Ботур мактубро дароз кард. Раис мактубро хонда табассум кард ва бо овози канда гуфт: -- Писарам ҳозир модарат меояд. Ӯ дар шабдарав буд. Лаҳзаҳои интизорӣ ба назари Ботур тӯл мекашиданд. Ин дам аз дур зане дар тан куртаи сатини гулдор ва дар сар рӯймоли сурхи шол намудор шуд. Ӯ медавид. Ниҳоят ба назди издиҳом расида дар ҷояш шах шуд. Ҳамагон хомӯш буданд, касе ҷуръати сухан гуфтан надошт. Ин ҳолат чӣ қадар давом кард, Ботур намедонист. Раиси ҷамоат ҳамагонро ба худ овард. - Назирамоҳ, писаратро шинохтӣ? - овози Раис меларзид. Зан чизе нагуфта Ботурро ба оғӯш кашид, сару рӯяшро палмосида зор-зор мегирист. Ашки шодӣ ба бари рӯи Ботур мешорид. Аз байни издиҳом низ садоҳои пасти гиря ба гӯш мерасиданд. Ҳамин тариқ ӯ модари худро пайдо кард. Бо тағоҳо, холаҳояш шинос шуд. Акнун соҳиби хешу табори зиёде гашта буду ҳар вақте, ки онҳо ба шаҳр меомаданд, ҳатман аз ҳолу аҳволаш хабар мегирифтанд. Ботур низ пайваста ба аёдати модар мерафт. Ин яке аз волотарин хотиротест, ки то имрӯз дар ёди Ботур Қобилов нақш бастааст. Дар синни 15-солагӣ Ботур Қобиловро барои меҳнату заҳмати беандозааш бо медали "Барои меҳнати шоён" қадр кардаанд, ки дар синни наврасӣ ба чунин мукофот ноил шудан барояш бузургтарин дастоварди меҳнатӣ буд. Соли 1948-ум Ботурро ба ансамбли "Сарҳадчиён" ба кор қабул карданд, ки ӯ дар ин ҷо баян менавохт. Соли 1953-юм ӯро барои хизмат ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват намуданд. Хизмати аскарӣ барояш ёдномаву лаҳзаҳои гувороро боқӣ гузошт. Одатан, ҳар фарди ба хизмати ҳарбӣ даъватшударо қабл аз ба хизмат рафтан, сарашро метарошанд. Аммо Ботурро барои ҳунарманди хуб буданаш иҷозат доданд, ки мӯйҳояшро натарошад. Ботур бошад бо мӯйҳои дароз худро дар назди дигар ҳамхизматон ноҳинҷор эҳсос мекард. Рӯзҳои истироҳат дар саҳнаи клуби полк бо баян ҳунарнамоӣ мекард. Дар муддати ниҳоят кӯтоҳ байни аскарону афсарон шӯҳратёр шуд, бахусус старшинаи ротаашон Геннадий Василев, Ботурро сахт эҳтиром мекард. Баъзан ба пушташ тап-тап зада таъкид мекард: - Ничего, Ботурчик, тебе положено такие волосы носить, ты же наш артист… Аммо боре воқеае шуду Ботур мӯйи сарашро бо поку тарошид. Рафиқони бо ӯ ҳамроҳ даъватшуда азм карданд, ки мувофиқи анъана дар семоҳагии хизмат мӯйи сарашонро бо поку метарошанд. Ботур низ ба онҳо ҳамроҳ шуд. Ҳамон бегоҳ старшинаи рота Геннадий Василев ин ҳолати Ботурро дида андаке ба ғазаб омад: -- Я от тебя этого, не ожидал, Ботурчик. Зачем ты это сделал? Теперь как будешь выступат на сцене, ну ты даёш… Аммо баъди чанде аз унвонии қумандони гурӯҳи қушунҳои сарҳадии Осиёи Миёна мактуб омад ва Ботурро ба ансамбл фиристоданд. Соли 1954 Ботур хизматро дар Қувваҳои Мусаллахи Шӯравӣ ба итмом расонд. Ҳангоми хизмат ба ҷуз баян навохтан, инчунин сурат низ мегирифт. Дар дилаш нисбати ин пеша меҳри беандозае пайдо шуд. Тақдирро бинед, аҷаб навиштаву нонавиштаҳо доштааст. Кӣ мегуфт, ки як ҷавони кӯҳистонии аз оламу одам бехабар шаҳрӣ мешаваду ба худ пешаи наворбардории киноро мегирад. Аслан, дар он замон ҷавонони кӯҳистониро қариб, ки ба чунин корҳо кабул намекарданд. Аммо рӯзе бо амри тасодуф Ботур бо кормандони Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Гаврилин С.М. шиносоӣ пайдо кард ва ҳамин марди рус сабабгори он шуд, ки ӯро дар киностудияи "Тоҷикфилм" ба ҳайси ёвари наворбардори кино ба кор қабул кунанд. Ҳамон солҳо сарварии киностудияро яке аз коргардонҳои машҳури Советӣ Хабор Владимир Павлович бар ӯҳда дошт. Ҳамин тариқ Ботур Қобилов ёрдамчии наворбардори кино шуд. Ӯ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда тавонист, ки дар муддати ниҳоят кӯтоҳ нозукиҳои касби наворбардориро аз худ карда, дар филмҳои зиёде ба ҳайси ёвари наворбардор ва баъдан наворбардор фаъолият намояд. Маҳз меҳнати ҳалолаш буд, ки сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса шуд, вале буданд, ашхосе, ки ба ӯ ҳасад мебурданд. Аз пешравиҳои кор ва закифаҳмиҳояш ба ғазаб меомаданд. Нотавонбинони номурод мехостанд қалби ӯро шикананд ва пайваста ба ин ҷавони кӯҳистонӣ фишор меоварданд. Аммо тирашон хок мехӯрд, зеро Ботур ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷӯи эҷодӣ буд. Ҳар як зуҳурот ва воқеоти ҷомеаро ба тариқи бояду шояд дар мизони ақл бар кашида аз нуқтаи назари ақлоният баҳо медод. Шояд ҳамин нуқтасанҷиаш буд, ки рӯз то рӯз хислату рафтораш ранги дагар гирифта, шахсияташ ташаккул меёфт. Маҳз қавииродагӣ, истодагарӣ ва ҷасурияш буд, ки дар ҳама ҳолатҳои ногувори зиндагӣ ғолиб мебаромад. Хислату рафтораш худораҳматии падарашро мемонд, ки аз дидораш сер нагашта буд. Ва оғоз шуданд, заҳмату талошҳо, шабзиндадорию бедорхобиҳо… Ботур Қобилов тавонист дар муддати ниҳоят кӯтоҳ аз тамоми нозукиҳои касби наворбардорӣ огаҳӣ ёфта соҳибкасб шавад. Дар наворбардории филмҳои зиёде ба монанди "Хатогии авфнопазир", "Тоҷикистон", "Дохунда", "Варзоб" ва ғайраҳо иштирок намуда аз худ ҳунару маҳорати хоса нишон диҳад. Ҳамон солҳо дар телевизион наворбардорҳо намерасиданд ва бо тавсияи роҳбарияти киностудия, Ботур Қобилов соли 1962 ба кори телевизион гузашт. Дар ин ҷо бахт, обу рӯ ва зиндагиро дарёфт кард. Он рӯз ҳеҷ аз ёдаш намеравад. Айёми баҳор буд. Гулҳои сари роҳ аз таъсири насими роҳгузар мерақсиданд. Марди солхӯрдаи айнакӣ, ки дар ҳамсоягии Ботурино зиндагӣ мекард ва ҳамагон ӯро Шокир-бобо гуфта ном мебурданд ба гулҳои сари роҳ об мепошид. Ботур аз назди мард гузашта ба ӯ салом дод. - Ҳа, Ботурбой кор меравед? - пурсид мӯйсафед. - Бале падар, - бо тамкин ҷавоб дод ӯ. Мӯйсафед, синчакорона ба Ботур нигоҳ карда бо лабони моили табассум илова намуд. - Бале, писарам офарин, кори саҳар баракати дигар дорад. Ботур ташаккур гӯён аз назди мӯйсафед дур шуд ва баъди чанде ба коргоҳ расид. Ӯ лентаҳои сабтро гирифту барои коркард кардан ҷониби лаборатория рафт. Дарро оҳиста кушод: - Ассалому алайкум, мумкин- -гӯён вориди лаборатория шуд. Духтари мавзунқомати чашму абрӯи сиёҳ дошта саломашро алейк гирифт ва ҷонибаш нигоҳи шармгинонае кард. Ботур карахт шуд, дилаш сахт-сахт ба задан даромад. Нигоҳашро аз духтар канда наметавонист. Худоё ба ман чӣ шуд- худ ба худ андешид. Лаҳзаҳое сипарӣ гардиданд ва Ботур ба худ омад. Ҳар ду дар сари дастгоҳи корӣ нишастанд. Духтар чизе намегуфт, аммо корашро чолокона иҷро мекард. Ниҳоят лентаи кино коркард шуд. Духтар лентаро барои хушк шуданаш дар тори махсус овехт. Ботур бо нигоҳи махсус аз ӯ пурсид: - Духтари нағз, номатон чист? - Вилоятхон- шармгинона ҷавоб дод духтар. Аз ҳамон рӯз сар карда дар қалбаш нисбати ин духтар ҳиссиёти фараҳбахш пайдо гашта, рӯз то рӯз меафзуд ва оқибат ба муҳаббати самимии инсонӣ мубаддал гардида, ду дилро ба ҳам васл кард. Рӯзҳо аз паси ҳам мегузаштанд. Дар муддати на чандон тӯлонӣ Ботур Қобиловро дар студияи телевизиони Душанбе ба ҳайси сароператор таъин намуданд. Ӯ ҳам роҳбарӣ мекарду ҳам пайваста дар навор бардоштани барномаҳо ва филмҳои телевизионӣ ширкат меварзид. Аввалин филми телевизионие, ки Ботур Қобилов рӯи навор овард "Асрори об" буд, ки он аз ҷониби киноматаграфистон баҳои хуб гирифт. Филм моҳирона ва устокорона наворбардорӣ шуда буд. Интихоби кадрҳо, дарки маъниҳои тасвир, ба ӯ имкон медоданд, ки ҷузъиёти лозимаро рӯи навор орад. Тамошобин бо дидани наворҳо аз тамоми паҳлӯҳои маънии филм огаҳӣ ёфта, аз гуногунрангии он ҳаловат мебурд. Ботур Қобилов шахсе буд, ки дар таърихи телевизион нахустин филми телевизиониро рӯи навор оварда ва метавон ӯро асосгузори филмҳои телевизионӣ ном бурд. Баъдан, филмҳои зиёде ба монанди "Садо аз кӯҳсор", "Шикори охирин", "Гулистон" ба экран баромаданд. Ботур Қобилов на танҳо ҳамчун наворбардор, балки ҳамчун режиссёр-таҳиягар низ фаъолият намудааст. Филмҳои "Гулдаста", "Тоҷикистон", "Чашма" маҳз ба таҳияи ӯ сабт гардидаанд. Пайраҳаи фаъолияти кориаш дар Телевизиони Тоҷикистон хеле рангин аст ва бо беҳтарин наворбардорони киною телевизион ба монанади- М. Арабов, И. Бараминов. шогирдонаш Валерий Назаров, Абдулло Тошев, Сурат Ҳамдамов кор кардааст. Ҳар як рӯзи фаъолияти кориаш дар телевизион барояш хотирмон буд. - Медонед - мегӯяд, Ботур Қобилов - ба андешаи ман пешаҳои рӯзноманигорӣ, коргардонӣ ва наворбардорӣ ба гурӯҳи касбҳое дохил мешаванд, ки ҳар рӯзи кории онҳо аз худ хотираи неке боқӣ мегузоранд. Гумон мекунам, ки соҳибкасбони ин соҳа бузургтарин психологанд. Зеро, онҳо ҳар рӯз бо даҳҳо нафар мардуми табақаи гуногуни ҷомеа ҳамсӯҳбат мешаванд ва аз фаъолияту зиндагии онҳо воқиф мегарданд. Ҳамаи ин дар ташаккул ёфтани малакаву истеъдоди рӯҳшиносии онҳо мусоидат мекунанд Илова бар ин фаъолияти корӣ дар телевизион вобаста ба гуногунрангӣ, мушкиливу монеаҳо ва ҷолибиву шириниаш афсонаро мемонад. Кӣ хондани афонаро дӯст намедорад. Аз ин рӯ телевизион оҳанрабоест, ки қудрату кашиши махсус дорад. Як лаҳза ҳеҷ аз ёдам намеравад. Солҳои 70-ум буд. Як нафар рӯзноманигор, бубахшед номашро намегӯям, гуноҳе содир кард ва фавқуллода дар кӯча ман бо ҳамон рӯзноманигор сӯҳбат мекардем. Аз куҷое раиси Кумита пайдо шуду ӯро танбеҳ дод. Ӯ бо раис сар ба сар шуда гуфт: - Бубахшед раис, ризқу рузии ман дар телевизион навишта шудагӣ не, агар корам ба шумо маъқул набошад, ҷавобам диҳед. Дар шароити ҳозира кор бисёр, хор намешавам. Раис, ки марди дурандешу ботамкин буд, табассуми малеҳе карда гуфт: - Додар ту ин хел нагӯй, ту ғайр аз телевизион дар ҳеҷ ҷо кор карда наметавонӣ. Дар кадом идорае, ки кор кунӣ боз ба телевизион бармегардӣ… Дар ҳақиқат баъди як соли аз кор рафтанаш, ҳамон журналист боз ба телевизион баргашт. Яъне дар ин даргоҳ кор кардан хумор дорад. Бале ва Ботур Қобилов зиёда аз панҷоҳу чор соли умри бобаракати худро сарфи пешаи наворбардорӣ кард. Аз ин чилу ду солашро дар телевизион гузаронид. Дар муддати ин солҳо бо даҳҳо нафар рӯзноманигорону коргардонҳо ва дигар мутахассисони соҳа фаъолият намуд. Банда, низ бо Ботур-ака ҳамкорӣ кардам. Дар бисёр барномаҳои дар телевизион таҳия кардаам ба ҳайси наворбардор ҳамроҳам фаъолият намудааст. Лаҳзаҳои нахустин маротиба бо он кас кор карданам ҳеҷ аз ёдам намеравад. Моҳи феврали соли 1993-юм маро аз радио ба идораи барномахои адабии телевизион гузарониданд. Муддате ба сифати коромӯз фаъолият намудам. Ҳамон солҳо сарвари идораи барномаҳои адабии телевизионро шоири ширинкаломи мо, устод Сафармуҳаммад Аюбӣ бар ӯҳда дошт. Рӯзе ӯ маро ба наздаш хонда гуфт: - Ба фикрам, аллакай ба кори телевизион аз наздик ошноӣ пайдо кардӣ. Аслан, барои ту дар телевизион кор кардан бояд он қадар мушкил набошад, зеро телевизион аз радио танҳо бо тасвираш фарқ мекунад. - Устод ин суханҳоро гуфта табассум намуд. Воқеан ҳамеша табассум бо устод ҳамроҳӣ мекунад, ки барояш хеле зебанда аст. Баъди андаке таваққуф устод илова намуд: - Ҷашни "Наврӯз" наздик омада истодааст ва мо бояд аз номи идора дар мавриди ин ҷашн барномае таҳия созем. - Хуб гӯён аз назди устод дур шудам. Рӯзи дигар ба яке аз деҳаҳои наздикии Душанбе барои сабт баромадам. Наворбардор Ботур Қобилов буданд. Ботур-ака сараввал ба назарам сертаккабур намуд, аммо баътар эҳсос кардам, ки ин андешаам хато аст. Дар нигоҳи ӯ таккабур нею бештар ҷиддият эҳсос мешуд. Бо мо раиси ҷамоати қишлоқ, зани миёнсоли зардинамӯй ҳамроҳ шуд. Ин зан аз лаҳзаҳои аввал ба лоф задан даромад. - Медонед, ман се маротиба ба воситаи телевизион баромад кардам, инчунин шаш моҳ дар радио фаъолият намудаам. Аслан, тахассусам журналист аст. Ботур-ака бо қираи чашм ба зан нигариста норозиёна сар меҷунбонд. Ман бошам барои он, ки зан хафа нашавад, ба суханҳояш об медодам, аммо дар асл лофҳои ӯ маро дилгир карда буданд. Ниҳоят мо ба мавзеи сабт расидем. Аллакай мардум моро нигоҳ мекарданд. Сабт оғоз шуд. Ман ба устод мақсадамро фаҳмондам ва аз ӯ дур шуда чанд танро барои додани интервю тайёр кардам. Ботур-ака моҳирона наворбардорӣ мекард. Ҳамвора ҳам вазифаи наворбардор ва ҳам вазифаи коргардониро иҷро мекард. Аммо раиси ҷамоат гоҳ-гоҳе донотарошӣ карда ба кори ӯ халал мерасонд ман эҳсос мекардам, ки устод аз ин асабонӣ мешавад, аммо дандон ба дандон монда чизе намегуфт. Дар ниҳояти кор тобу тоқаташро аз даст дода бо тамкин ҷониби он зан гуфт: - Хоҳарам, илтимос ба кори ман халал нарасонед. Вазифаи Шумо раисагӣ, аз кори телевизион дуред, хоҳиш мекунам халал нарасонед. Раиса ба қаҳр омад. - Бародар, ман аз кору бори телевизион ва умуман журналистӣ хабар дорам. Гуфтам-ку пешаи ман журналистӣ, ман хатмкардаи Университет. - Бисёр нағз хоҳарам, пас чаро журналист нашудед? - Роҳ, ки дур буд, аз ин кор даст кашидам. - Пас Шумо пешаатонро дӯст намедоред? - Ботур-ака табассум кард. - Дӯст намедоштам, дӯст медоштам… То ҳанӯз дар матбуоти даврӣ мақола менависам. - Аммо телевизион, газетаву журнал не, телевизион дигар чиз. - Чӣ хел дигар чиз? Гуфтам, - ку ман дар телевизион се маротиба барнома таҳия кадаму шаш моҳ дар радио кор кардам. Ман аз кори телевизион, хеле хуб огоҳӣ дорам - зан бо асабоният гуфт. Ботур-ака асабӣ шуда бо овози андаке дағал садо баровард. - Аммо ман хоҳарам, зиёда аз 40-сол боз дар ин ҷода кор мекунам ва вазифаамро аз ту хубтар медонам. Раиса сурх шуд, аммо ман фаҳмида натавонистам, ки ин сурхшавии вай аз хиҷолат буд ва ё аз қаҳр. Ӯ дубора ба майдони сабт ворид нашуд. Ин буд рӯзи аввали фаъолияти кориам бо Ботур Қобилов. Баъдтар вақте, ки бо он кас аз наздик ошноӣ пайдо кардам, эҳсос намудам, ки ӯ инсонест закӣ, поквиҷдону ростгӯ ва дӯсту рафиқи вафодор. Имрӯз ҳам бо устод Ботур Қобилов паҳлӯи ҳам истода якҷоя кор мекунам. Он кас дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба шогирдон аз фанни маҳорати наворбардорӣ дарс мегӯянд. Банда низ дар ин Донишкада ба донишҷуён сабақи пешаи журналистии телевизионро меомӯзонам. Инчунин, гоҳ-гоҳе устод дар телевизион низ ба новорбардорон дарси маҳорат меомузонад. Дар ҳалқаи шогирдонаш гузаштаро ба ёд оварда, нақлҳои аҷибе мекунанд, онҳоро ба роҳи ростӣ, некӣ, поквиҷдониву мардонагӣ ҳидоят менамоянд. Шогирдонаш Хуршед Азизов, Салим Нахимов, Ҳалим Хоҷаев, Баҳодур Истамов ва дигарон, ки то имрӯз дар Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон фаъолият доранд, пайваста мекӯшанд, ки сазовори обурӯ ва эҳтироми устодашон бошанд. Ҳунару маҳорати хуби наворбардориашон аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо шогирдони ҳақиқии Ботур Қобилов ҳастанд. "Ман аз зиндагии хеш розиам - мегӯяд Ботур Қобилов, - зеро умр бароям чизеро, ки мехостам ҳадя кард. Гарчанде пайраҳаи умрам гоҳе сангин буд, аммо гӯё бо зудӣ паси сар шуд. Ман ҳама сангиниву вазнинии ҳаётро аз тақдир мебинам. Бинед гардиши айём маро ба куҷо овард. Кӣ мегуфт, ки як бачаи кӯҳистонии аз оламу одам бехабар, шаҳрӣ мешаваду ба қуллаи баланди муродаш мерасад…" Бале Ботур Қобилов ба қуллаи муродаш расида, зеро ӯ ҷӯянда аст. Ҷӯяндагӣ бошад шӯру нишоти зиндагист ва касро раҳнамуни шоҳроҳи олами мақсуд магардонад. Ӯ дар пайраҳаи зиндагӣ раҳпаймое ҳаст, ки дар кулвори сафариаш танҳо меҳру муҳаббатро тӯша дорад. Ва ин ду маънӣ ӯро дар назди ҳамагон сазовори об рӯ ва эҳтиром гардонидааст. Маҳз бо тавассути меҳру муҳаббати беандозааш фарзандони хуберо тарбия карда ба воя расонидааст. Тамоми хислату рафтори неки падар ба онҳо низ гузаштааст. Онҳо меболанд, ки чунин падар доранд ва дар ҳама мавридҳои ҳаёт дастгиру мададгори падари хешанд. Писаронаш Комилҷону Шӯҳрат гарчанде соҳиби касбу кори гуногунанд, аммо аз видеокамера дил канда наметавонанд. Бисёр чорабиниҳои хонаводагӣ, хешу таборӣ ва дигар лаҳзаҳои фароғатиашонро наврбардорӣ мекунанд. Ҳатто набераҳояш Мунира, ки алъон дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода таҳсил мекунад, дилбохтаи пешаи наворбардорӣ гаштааст. Ҳар субҳ Ботур-акаро набераҳояш Мунираю Амира ба коргоҳ гусел мекунанд. Духтаронаш Ҷамилаю, Наргису Муниса бошанд, ҳамеша бо падар ҳамроҳӣ мекунанд, ки ӯ дар зиндагӣ хориро набинад. Мутаассифона зиндагӣ пасту ҳамвор нест. Баъзан, баъзе ҷузъиёти номатлуби зиндагӣ, ӯро ба ғазаб оварда, қалбашро ранҷур мегардонад. Зеро ӯ қалби ҳасос ва пуршӯр дорад. Аз дидани ҳар як зуҳуроти бемаънӣ хаста мешавад. Бахусус, рафтору гуфтори зумрае аз ҷавонони нохалаф, ки вуҷудашон орӣ аз хулқу атвори ҳамидаи инсонанд ӯро хиҷил мегардонад. … Ҳамон рӯз Ботур-ака димоғи сӯхта ба хона баргашт. Наберааш Амира, ки ҳамеша аз ҳолу аҳволи бобояш воқиф аст, чеҳраи маҳзуни ӯро дида: - Ҳа бобоҷон тинҷи-мӣ? Чеҳраатон коҳида менамояд - гӯён сумкаи бобояшро аз дасташ гирифт. Ҳеҷ гап не, Амираҷон, андаке хаста шудам - ва лаҳзае пас илова намуд: - Амираҷон, як чойи кабуди талх дам карда биёр. Ман аллакай бароятон чойи талх дам кардам. Ба хона дароед. Ҳозир хӯрок ҳам меорам. Ботур-ака ба меҳмонхона даромада, ба курсӣ нишаста, оҳи сарде кашида, чашмонашро пӯшида гузаштаро ба ёд овард: "Аҷаб замоне буд - худ ба худ андешид - дар кӯчаю бозорҳо ин хел ҳарзагӯиҳоро намешунидӣ. Мардум кор карда хушбахтона зиндагӣ мекарданд. Аз ҳама олияш он буд, ки байни ҳамдигар эҳтироми хоса доштем. Ҳозир бошад аблаҳон хеле зиёд ба назар мерасанд". Садои Амира Ботур-акаро ба худ овард. - Бобоҷон, ана ман бароятон чой овардам, ҳозир хӯрок мекашам. Амира ба ошхона баргашт. "Ҳаввоси бобоям парешон, ба он кас чӣ шуда бошад - андешид ӯ - шояд дар ҷои корашон ҳодисае шуда бошад. Ҳеҷ гап не, ҳозир аз бобоям ҳамаашро мепурсам". Аслан, Амира духтари боақлу боандеша аст. Гарчанде синну солаш нав ба 18 даромада бошад ҳам, аммо дараҷаи ақлонияш хеле пеш рафта. Болои ин Амира соҳибҷамол аст. Қомати баланд, чашмони мешӣ ва чеҳраи гармаш диқкати дилхоҳ бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Амира барои бобояш хӯрок оварда назди ӯ нишаст. Хуб, марҳамат бобоҷон, ош шавад - гӯён Ботур-акаро ба хӯрдани хӯрок муроот кард. Гарчанде табъи бобояш хира бошад ҳам, аммо ӯ хӯрокро бо тамом нӯши ҷон кард, зеро нағз медонист, ки наберааш ӯро ба ҳолаш намегузорад. - Бобоҷони ман якто ҳастед - гӯён Амира косаи холиро аз наздаш гирифт. - Тухмбирён кунам мехӯред? - Не, не духтарам, садсола шавед, аллакай сер шудам. Ботур-ака бо қираи чашм ба наберааш нигарист. Амира чизеро пурсиданӣ буд, аммо напурсид. Бобояш гӯё аз мақсади наберааш огаҳӣ дошта бошад, ки ба сухан даромад: - Ҳамин рӯз баъди дарс ба бозор даромадам. Дар назди дӯкони обфурӯшӣ се нафар ҷавони ҳузарб, як нафар зани миёнсолро, ки шояд баробари модарашон бошад, чунон дашномҳои қабеҳ доданд, ки ақли инсонӣ ба он бовар намекунад. Ҳатто нафаре аз онҳо ба сари он зан мушт бардошт. Хайрият милиса омад, вагарна кӣ медонист оқибаташ чӣ мешуд. Кас ҳайрон мешавад, ки онҳоро чӣ гуна модар ба дунё овардааст. Онҳо низ аз пистони модар шир хӯрдаанд, онҳо низ чун дигар тифлон омадани модарро интизорӣ кашидаанд ва билохира низ чун дигарон модар алла гуфта ба воя расонидааст. Амира, ки духтари рамузфаҳм аст, эҳсос мекард бобояш аз рафтори ҷавонон сахт хиҷил гаштааст ва барои ором намудани авзои ӯ канда-канда ба сухан даромад. - Бобоҷон дилатонро хиҷил накунед. Чӣ илоҷ замин пасту осмон баланд. Барои беақлии аҳмақе ғамгин шудан лозим нест - ҷумлаи охирин гуфтаашро хиҷолатомез ба забон овард. Ба назараш чунин расид, ки гӯё бобояшро насиҳат менамояд. Дар лабони бобо табассум парвоз кард. Ӯ бо овози нарму мулоими худ гуфт: - Дуруст мегӯӣ Амираҷон, барои аблаҳе ғамгин шудан нашояд, саломатӣ даркор. Ботур-ака мӯйҳои набераашро сила кард. …Ботур-ака то дер боз, воқеаи гузаштаро аз сараш дур карда наметавонист. Рӯзҳо аз паси ҳам мегузаранд, ноайён мегузаранд. Чун насими форами баҳорӣ, гоҳе бо хобу бедорӣ мегузаранд… Саманди бодпои ҳаёт дар як мижа задан фарсахҳоро тай месозад. Ва назаре ба қафо медӯзем. Кӣ ҳастему, чӣ кардему, чӣ гузоштем? Ва Ботур Қобилов меболад, ки дар дафтари зиндагиномааш ба ин се суол посух ёфта. Меҳнати ҳалол ва кордонияшро ба инобат гирифта ӯро бо унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон, аълочии кинои СССР ва бо чандин медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонидаанд. Алҳол Ботур Қобилов дар такопӯи эҷодист. Пайваста мекӯшад, ки донишу маҳораташро ба шогирдонаш омӯзад, то онҳо дар оянда тавонанд ҳунару маҳорати хешро баҳри ободонии ватани хеш сарф намоянд ва номбардори миллату давлаташон шаванд. Сафҳаи даҳр бувад, дафтари умри ҳама халқ, Инчунин гуфт хирадманд в-андеша гумошт. Хуррам он кас, ки дар ин сафҳаи даҳр аз ҳама ҳарф, Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.