Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шӯрообод: Наврасон ба нашъаҷаллобони афғон ҳамсинфашонро ба гарав мондаанд

Шӯрообод: Наврасон ба нашъаҷаллобони афғон ҳамсинфашонро ба гарав мондаанд

4-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Шӯрообод: Наврасон ба нашъаҷаллобони афғон ҳамсинфашонро ба гарав мондаандДу сокини навраси ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистон бар ивази маводи мухаддир як рафиқашонро бар нашъаҷаллобони афғон ба гарав гузоштаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки Алишери Абдуҳафиз, соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 11, мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 11-и деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод ва Раҳималии Шариф, соли таваллуд 1997, донишҷӯи соли якуми Литсейи касбии хизмат ва туризм, зода ва истиқоматкунандагони деҳаи Ёли ҷамоати ба номи Маҳмудови ноҳияи Шӯрообод бар ивази маводи мухаддир рафиқ ва ҳамдеҳаашон Аҳмадшоҳ Шерови 18-соларо ба нашъаҷаллобони афғон ба гарав гузоштаанд.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳарду наврасро боздошт карда, “тибқи нишондоди Раҳималии Шариф аз дохили пинҳонгоҳи махсус, воқеъ дар мавзеи “Дашти ришқа”-и деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод се халта маводи мухаддир бо 55 бастаи дорои бӯйи махсус ошкор кардаанд”. Ин нафарон иқрор шудаанд, ки “онҳо бо қочоқчии афғон Назрихудо валади Паҳлавондарё созиши ҷиноятӣ баста, бар ивази маводи мухаддир рафиқ ва ҳамдеҳаи худ Аҳмадшоҳ Шеровро (соли таваллудаш 1997) ба нашъаҷаллобони афғон ба гарав гузоштаанд”.

“Кормандони КДАМ бо баргузор намудани амалиёти махсус Аҳмадшоҳ Шеровро аз асорати гурӯҳи қочоқчиёни афғон таҳти роҳбарии Назрихудо валади Паҳлавондарё озод карда, ба Ватан баргардониданд”, - омадааст дар хабари расмии КДАМ.

Ташхис муайян кардааст, ки маводи мухаддири аз Раҳималии Шариф мусодирашуда 17 килограмм афюн ва 15 ҳашиш буда, вазни умумии онҳо 32 килоро ташкил медиҳад.

Ҳоло нисбат ба Раҳималии Шариф ва Аҳмадшоҳ Шеров, бо дастрасии моддаҳои 335, 200, 165 ва нисбат ба Алишери Абдуҳафиз бо дастрасии моддаи 200, нисбат ба шаҳрванди Афғонистон Назрихудо валади Паҳлавондарё бо дастрасии моддаҳои 335, 289 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.
©TojNews
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: