Тоҷикони хурофотӣ ва эрониёни фарҳангӣ3-11-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 905 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаққи муллоро бидеҳ, фатво медиҳад: қанд ҳаром тарқанд ҳалол
Масъуди Миршоҳӣ, раиси анҷумани Рудакӣ, узви ҳайати мушовараи «Тоҷикистон» дирӯз ба идораи ҳафтанома барои мулоқот бо ҳайати эҷодӣ ташриф овард. Дар доираи мулоқот суҳбате доштем, бо мавсуф, ки пешкаши хонандагон месозем. Боре аз хонуми сураткаше, ки муддати зиёд дар Тоҷикистон будубош дорад, пурсидам: - Фарқ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чист? Хонум гуфт: - Ҳукумати Эрон динӣ ва хурофотист, аммо мардумаш фарҳангӣ, Ҳукумати Тоҷикистон демократӣ ва дунявист, аммо мардумаш динӣ ва хурофотӣ… Ин сухани хонуми сураткаш гумон дорем аз воқеият дур аст. - Ин гуфтаи хонум ҳақиқат дорад. Воқеан ҳукумати Эрон исломист. Ба наздикӣ як шоирро 20 сол зиндонӣ карданд, ба хотири як афсонааш. Аммо мардуми Эрон фарҳангӣ ҳастанд. Дар Эрон мазҳаб бори сангинест, аммо мардум зери он ҳар коре, ки хоҳанд мекунад. Махсусан, хонумҳои эронӣ бар зидди зулму истибдод, шадидан мубориза мебаранд. Ҷавонони эронӣ ҳам хело фарҳангӣ ҳастанд. Бо кумаки бевоситаи ман онҳо дар Париж Анҷумани «Ҷашни байналмиллалии Наврӯз»-ро ташкил карданд. Ҳамасола дар маркази Париж панҷ рӯз чорабинӣ мегузаронанд, барнома дуруст мекунанд. Дар гузаронидани ин чорабинӣ тамоми эрониҳои аврупоӣ ширкат меваразанд, даст мегиранд, аммо як афғон ё як тоҷик на ширкат мекунанд на дастгир. Агар ҳам ягон тоҷик ширкат кард, кораш дар гӯшаи майдон истодан ва ба рӯзноманигорон ҳамсуҳбат шудан аст. Дар мавриди Тоҷикистон, мардум воқеан зери таъсири хурофот мондааст. Ман мефаҳмам, шумо нав аз зери истибдоди Шӯравӣ наҷот ёфтед. Гарчанд, агар Шӯравӣ намебуд, тақдири шумо имрӯз мисли Афғонистон мешуд. Мардуми эронинажод меъдаи калон доранд, ҳама чизро ҳазм мекунанд. Ба ин сарзамин ҷангҷӯҳо омаданд, Шорухмирзо ҳам омаду Улуғбек ҳам, аммо натавонситанд ба фарҳнги ин мардум сарпӯш гузоранд. Баръакс, худашон дар такя ба фарҳанги ориёиҳо қомат рост карданд. Улуғбек, то замоне, ки дар дасти эрониҳо буд, ситорашинос буд, вақте ба дасти худашон афтод, аз ҷониби писараш кушта шуд. Онҳо бо сари худашон ҳеҷ гоҳ рушд намекунанд, пеш намераванд. Ҳатто арабҳо ҳам бе мо пеш намерафтанд. Аммо, мутаассифона, имрӯз мардуми бесавод зери таъсири онҳо монданд. Мисли ҳамин, мазҳабиён монеъи рушди эронинажодон шуданд. Эрон мамлакате буд, ки бо Аврупо таъна мезад, ба чӣ ҳол уфтод, сад сол қафо монд. Тоҷикон ҳам зери таъсири мазҳабиён мондаанд. Бубинед, устоде дар донишгоҳи тиббии шумо ба ман мегӯяд, ки «Кимиёи саодат»-и Ғаззолиро ба донишҷӯён тарғиб мекунад. - Тарғиб карданаш чӣ бадӣ дорад. «Кимиёи Саодат»-ро чун як дастоварди нодири фарҳангӣ мешиносанд. Ба наздикӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон онро дар 8 ҷилд бо сифати баланд нашр кард. - «Кимиёи саодат» молӣ Ғаззолист. Ҳамин шахс мегӯяд, ки яке аз офаридаҳои наҷис дар дунё зан аст. Ӯ тақсимбандӣ кардаасту пас аз харгӯшу хук занро гузоштааст. Боз шумо онро тарғиб мекунед. Касе суол намекунад, ки ин мард модари туро, хоҳари туро пасттар аз ҳама ҳайвонҳои наҷис гузоштааст. Боз мардуми шумо, бахусус, уламо, ба ин китоб ихлос доранд. Аз рӯйи гуфтаҳои онҳо амал кунед, тақдиратон беҳтар аз Сурия нахоҳад шуд. Шукр, ки эронинажодон дар тӯли 1400 сол мисли гуфтаи онҳо накардаанд. Агар дақиқ назар андозед, дар Сурияву Лубнону Либиё ҳеҷ арабе вуҷуд надорад, аммо онҳо, ки тамоми оинҳои бостониашонро аз даст додаанд, мисол дар Миср, бо доштани он ҳама Аҳромҳо ва тамаддуни пеш аз милодӣ думболи як хар ҳастанд ва ҳеҷ асолат надоранд. Мо бо кӯшиши фарҳехтагонамон ҳеҷ гоҳ хору залил нашудем, аммо як суриягии бадбахт, ки араб нест, ба унвони як араб рӯзаш сиёҳ аст. Мо ҳам агар аз асолатҳоямон дур шавем, араб мешавем, чун мазҳабӣ ҳастем, чизе беш аз Сурия нахоҳем шуд. Суриягиҳо бисёр мардуми босавод ҳастанд ва сатҳи саводашон аз тоҷикҳо ба маротиб баландтар аст. Аммо ҳозир дарбадаранд. Тамоми барномаҳое, ки муллоҳои шумо ин ҷо роҳандозӣ мекунанд, қадам мондан ба тақдири Сурия аст. Инҳо мардуми бисёр хавфнок ҳастанд. Масҷиде, ки арабҳо дар Исломобод сохатанд, сабаб шуд, ки ду кишвар - Покистону Ҳиндустон 40 сол боз дар ҷанг биҷӯшанд. Масҷиде, ки дар Душанбе бунёд мекунанд, ба ҳамин бало гирифтор мекунад. Агар замони пеш аз ин ҷо панҷ ҳазор ба ҳаҷ мерафтанд, бо сохтани масҷид панҷоҳ ҳазор мераванд ва панҷ миллион пули нақди шумо, ки хориҷи кишваратон мешавад, ба панҷоҳ миллион мерасад. Агар ин мабалғҳоро дар мамлакати худатон сарф кунанд, бубинед чӣ қадар пешравӣ мешавад. Онҳо аз дунболи муштарӣ мегарданд. - Ҳастанд кишварҳое, ки аз ҳисоби ҳоҷиёнашон фисаде аз Арабистони Саудӣ бихоҳанд? - Ҳаст, Эрон. Эрон мегӯяд, ки агар ин хонаи Худост, бояд мисли Ватикан шавад. Ватикан беморхона месозад, мактаб месозад, аммо дар ҳеҷ куҷо калисо намесозад. Пули Ватикон кумакпулӣ мешавад, дору мешавад, ваксина мешавад, аммо аз Макка харҷи истироҳати шайхҳо. Мо дар Фаронса, дар як ҷашн ширкат кардем. Бачаи араб, ки пули ҳаҷи шуморо мегирад, як бутили 5 ҳазор доллараи шампонро ба хонанда (ҳофиз) медиҳад. Хонанда, онро мекушояду ба сару гардани мардум мерезад. Ё ҳама арабҳо, ки Фаронса меоянд, мошинҳои 2 миллиондоллара доранд. Аз куҷо? Аз пули ҳаҷи шумо. Подшоҳи Арабистони Саудӣ бо 600 нафар меояд ва 2 км соҳили баҳрро барои истироҳат ду ҳафта бо харҷи 60-70 млн доллар банд мекунад. Мардум бояд фикр кунанд, ки пули онҳо куҷо меравад. Хонаи Худо бояд маҷҷонӣ (бепул, ройгон) бошад. Агар Худо дар биёбони араб нафтро фаровон кардааст, чаро Арабистони Саудӣ намегӯяд, ки биёед хонаи Худоро бе пул зиёрат кунед? Агар як сенти пулатон камӣ кунад, шуморо аз он ҷо бармегардонанд. - Дар қаламрави Тоҷикистон мисли Анҷумани Рӯдакӣ, ҳаст Бунёди ба номи Имом Ҳумайнӣ, ҳаст Анҷумани Рӯдакии дигар, ҳаст Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мисли ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ, ҳаст ҷоизаи ба номи Имом Ҳумайнӣ. Чӣ фарқияте миёни корҳои Шумо ҳаст? Чӣ махсусияте ҳаст, ки шуморо муттаҳид ё баръакс фарқ мекунонад? - Ба кулли фарқ дорад. Аслан ман намехоҳам, ки кори мо бо кори онҳо муқоиса шавад, аммо чун шумо суол кардед, маҷбурам ҷавоб диҳам. Он корҳое, ки мо мекунем, дар асоси хоставу талаботи шумо сурат мегирад. Мисол мегӯянд, ки компютер лозим аст, мо инро анҷом медиҳем, аммо дигар аз пайи он намегардем. Он чиз чӣ гуна истифода бояд шавад, кори мо нест. Маркази Ҳумайнӣ ва Ройзанӣ барои тарвиҷӣ инқилоби исломӣ роҳандозӣ шудааст. Мо дар Аврупо бо онҳо муборизаи шадид мебарем. Бунёди Ҳумайнӣ дар ҳама ҷо донаҳои ҷосусӣ мекорад. Мисол, дар Хуҷанд, мардумро ҷоиза медиҳад, махсусан, адибонро, аммо дар ҳамин шабу рӯз дар Эрон шоиру нависандаро барои 20-25 сол зиндонӣ мекунанд. Умедворам, ки дар оянда сарварони ин мамлакат пеши роҳи онҳоро мегирад. Инҳо меоянд ин ҷо ҷашнҳо мегузаронанд ва мегӯянд, ки мӯйҳои духтарони шуморо набояд бачаҳоятон бинанд, инҳо бояд ҳиҷобашонро риоя кунанд… Мо ибтидо ин ҷо омадем, Анҷумани Рӯдакӣ сохтем, онҳо ҳам омаданду Анҷумани Рӯдакӣ сохтанд ва дӯсти қадимии моро масъули ин анҷуман карданд. Дар Порис анҷумани фарҳанги Эрон доштем. Онҳо омаданд ва дар ҳамон ҷо, дар канораш хонаи фарҳанги Эронро мустақар карданд. Чун мо ин ҷо ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ сохтем, онҳо меоянду ҷоизаи Ҳумайнӣ ташкил мекунанд. Ман, ин ҷо бидуни воҳима, мегӯям: бунёди Ҳумайнӣ меояд, ҳамкорӣ мекунад ва билохира мегӯяд, ки ҷашни Наврӯз ҷашни динӣ нест, куфр аст. Ё ба як адиб ҷоиза медиҳад, ки дар бори Оятуллоҳ Мутаҳарӣ мақола менависад. Онҳо ҳаминро мехоҳанд, дигар коре надоранд. Барномаи давлати Эрон ва Имом Хумайнӣ мехоҳанд Инқилоби Эрон ҷорӣ гардад. Онҳо сабру таҳаммул ва буҷа доранд. - Шояд ба ин дараҷа сахт гирифтани онҳо ғалат бошад? - Ман як мисол меорам. Онҳо мехоҳанд бигӯянд, ки Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз Кашмир аст, Хумайнии мо ҳам аз Кашмир. Ҳоло мебинед, чор рӯзи дигар ҳатман як оғо Кашмир меравад, мегардад ва мегӯяд, ки Ҳамадонӣ ва насли Ҳумайнӣ хешу таборанд, ҷаддашон дар як хона мезистанд, инҳо ду се рӯз пас мегӯянд, ки онҳо бародари хунианд, мақсадашон ин аст. Онҳо беҳуда мақбараи Ҳамадонӣ намесозанд. Мехоҳанд бо адибон равобити бисёрсола барқарор кунанд ва заминаи инқилоби исломиро фароҳам оваранд. - Баъзе ашхос гумон доранд, ки Анҷумани шумо ҳам барои тарғиби ғояҳои Зардуштӣ фаъолият дорад? - Ин чизро муллоҳои шумо шояд гӯянд. Наврӯз пеш аз Зардушт вуҷуд дошт, Меҳргону Обпошон ҳам. Маҳмуди Ғазнавӣ ҳам ҷоҳил буд, мисли ДИИШ мардумро мекушт, вале Садаро ҷашн мегирифт. Корҳое, ки мо мекунем, рабте ба Зардушт ва дин надорад. Бояд донед, ки шахсоне, ки аслан барои рушди фарҳанги мо кор мекунанд ё аслан бедин ҳастанд ё воқеан зардуштӣ, аммо онҳо ҳеҷ вақт намегӯянд, ки мо ин ҷо оему оташгоҳ дуруст кунем. Мисол фарҳангсарои Истаравшан чӣ иртибот ба дин дорад? Таълимоти одии зардуштӣ: гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек ҳам як чизи одӣ аст, ки аз расму русуми қадими ориёиҳо тариқи андарзномаҳо ба мо мондааст. Мисол, дар Балх ҳам андарзномаҳои зиёде буд, чун мардум напазируфтанд, онҳоро ҳадис ном гузоштанд ва боз ки қабул накарданд, гуфтанд онҳоро ҳазрати Муҳаммад гуфтааст. Аслан худи зардуштиҳо дӯст намедоранд, ки касе ба мазҳаби онҳо дарояд. Ман инро бо он сабаб мегӯям, ки муллоҳои шумо роҳат бошад. - Чаро муллоҳо? Гуноҳи онҳо дар чист? - Ба хотири он ки агар шумо ҷашни Фитр гиред, саҳми мулло мерасад, агар қурбонӣ кунед, саҳми мулло мерасад, агар дар Эрон мардум бизананд сари синаи худ, ки Ошуро шудааст, саҳми мулло мерасад, мардум бигирянд, мулло саҳм мегирад. Аммо мардум ҷашни миллиро истиқбол гирад, саҳми мулло нест, Меҳргон ҷашн гиред, саҳми мулло нест. Аммо, агар гӯед, ки саҳми шумо ин қадар аст, мулло онро ҳалол мекунад. - Шумо ба чӣ ишора мекунед? - Ман як мисол меорам. Дар Эрон мардум як одат доранд, ки қандро дар чой намеандозанд. Онҳо қандро дар чой тар мекунанд ва онро мехӯранд. Сабаби ин боз ҳам як мулло аст. Дар як шаҳри Эрон корхонаи қанд буд. Соҳиби он, ки ҳамеша дуои муллоро дошт, ҳамеша ба мулло қанд мефиристод. Чун он соҳибмулк мурд ба корхона соҳиби нав омад ва ҳеҷ лозиме надид, ки ба мулло қанд фиристад. Он мулло масҷид омад ва фатво дод, ки қанд ҳаром аст. Мардум муддати мадиде қанд намехурданд. Раиси корхона аз ин ба ташвиш меояд. Баъдан ба ӯ мегӯянд, ки мулло ҳамеша саҳм мегирифт, чун саҳми ӯро бастед, ӯ қандро ҳаром гуфт. Соҳиби корхона боз саҳми муллоро бардошт ва пешаш бурд. Мулло дар масҷид гуфт, ки қанд ҳалол аст. Пурсиданд, чаро то дирӯз ҳаром буду имрӯз ҳалол? Ӯ гуфт, ки қандро, ки ба даст мегиред, аввал ба об занед, баъд ба даҳон андозед, ҳалол мешавад. Ана андешаи мардуми мо ба чунин тарз шакл гирифта. Агар саҳмашро гирифт, ҳалол, агар не, ҳаром. Агар мардумро гирёнд ҳалол, агар саҳмашро нагирифт, ташкил мекунад ДИИШ. - Чи метавонад ҷойгузини хурофот ва гароишҳои мазҳабӣ бошад? - Фарҳанг. Мардум бояд бо хирадмандӣ дар мазҳаб пеш раванд ё бояд ҳунар ва варзиш ҷойгузини мазҳаб шавад, ки ҷавонон аз хурофот дур шаванд. - Устод, мо мехостем андешаи Шуморо атрофи як масъалаи пурсарусадои солҳои охири ҷомеаи Тоҷикистон бипурсем. Ин ҳам мавзӯи бозгашт ба хати ниёгон аст. Баъзе аз зиёиёни мо ду пойро ба як мӯза андохта исрор мекунанд, ки мо бояд аз хати сирилик даст кашида, ба хати арабиасоси форсӣ рӯй орем. Шумо чӣ андеша доред? - Ман фикр мекунам, ки ҳар бор, ки хате дар кишваре иваз шавад, мардум ҳамон рӯз бесавод мешаванд. Аммо омӯхтани хат ба касе зарар надорад. Чи ишкол дорад, ки ҳар одам ҳам хати сиррилик, ҳам ниёкон хонад. Агар баргаштан хоҳед, бояд ба паҳлавӣ баргардем, аммо ин корро касе намекунад. Агар ҳам касе тасмими бозгашт ба хатро гирифт, ин як намуд хиёнат ё зулм барои тоҷикистониён хоҳад шуд. - Нахустшиносоии Шумо бо Тоҷикистон ва фарҳанги мардуми точик чӣ гуна сурат гирифт? - Ман аслан эронии машҳадӣ ҳастам, мутаввалиди Нишопур. Дар ҷавонӣ дӯст доштам, ки тариқи радио тарона гӯш кунем. Як рӯз соати нӯҳи вақти Эрон гӯши радиоро тоб медодам, ки садои хонуме баланд шуд: - «Салом, ин ҷо Душанбе». Шаби дигар дар ҳамин вақт радиоро тоб додам боз ҳамин «Ин ҷо Душанбе». Шаби севвум ҳам. Аз падар пурсидам, ки чаро имрӯз чоршанбе асту ин хонум душанбе мегӯяд? Падарам гуфт, ки ин шаҳр аст, пойтахти Сомониён. Пурсидам: «Чаро Душанбе? Ӯ гуфт: «Он ҷо ҳар душанбе бозор мешудааст». Аз ҳамон замон, ки ман фаҳмидам, пойтахти Сомониён ин ҷост, диққати маро Душанбе ҷалб мекард. Ва кофтуков кардам. Тоҷикистон барои эрониён ҳамон андоза муқаддаст аст, мисле, ки одамони мазҳабӣ ба давлатҳои араб эҳтиром доранд. Вақте мо Анҷумани Рӯдакиро таъсис додем, дар Аврупо Тоҷикистонро касе намешинохт ва ман як китоб нашр кардам ба исми «Тоҷикистон». Баъди ин ҳам, солҳои 2002-2004 дар ҳамадастӣ бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ду китоб нашр кардам бо номи «Ҷусторҳо дар забон, адаб ва фарҳанги Тоҷикистон». - Солҳои охир Шумо ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангиро таъсис додед, ҳадаф аз он чӣ буд? - Манучеҳри Фарҳангӣ, яке аз асосгузорони Анҷумани Рӯдакӣ буд ва баъди маргаш хонаводааш хостанд, ки барои анҷуман кумаке карда бошанд. Бо пешниҳоди ман дар Академияи Улуми Тоҷикистон бо ин ном ҷоизае ташкил шуда, соли шашум аст, ки мо ин ҷоизаро барои чеҳараҳои намоёни Тоҷикистон медиҳем. - Аслан, самти фаъолияти шумо фарҳанг ва эҳёи фарҳанги бостон аст? - Бале. Дигар самти коре, ки дар сар то сари дунё анҷом медиҳем, ин пажӯҳиш дар самти фарҳанги бостон ва ниёгон, бидуни назардошти марзи сиёсӣ мебошад. Ҳадафамон ба ҷомеаи ҷаҳон нишон додан аст, ки Тоҷикистон мисли Афғонистон нест, Тоҷикистон дигар аст, ин ҷо ҳам ашхоси фарҳехтаву фарҳангии зиёд дорад. Чун мо дар Афғонистон бисёр мехостем, корҳоеро пеш барем, аммо бо сабабҳои маълум нашуд. Мо коре, ки дар Афғонистон, кардем, ин ҳам дар тӯли 4 сол 6 мактаби якҷояи духтаронаву бачагонаро кушодем. Ин кумаке аз ҷониби мо буд барои духтарони зери чодар, ки мактаб намераванд. Барномаи фарохеро бо номи «Чеҳраи пинҳони зани Афғонистон» ташкил кардем. Ман маҷмӯаи шеърҳои занони афғонро ҷамъоварӣ карда, бо унвони «Шеъри занони Афғонистон» нашр кардам, ки бо инглисиву фаронсавӣ ҳам тарҷумаву нашр шуд. Ин маҷмӯа далели он буд, ки ин занони зери чодари афғон, ки ҳатто аз нури Хуршед баҳравар нестанд, одамони фарҳехтаву тавоно ҳастанд, бесаводу ваҳшӣ нестанд, инҳо касонеанд, ки базӯр ин чодарро ба рӯяшон кашидаанд ва мо тавонистем фарёд ва интизориҳои ин занонро ба гӯши ҷаҳониён бирасонем. - Дар дигар кишварҳо ҳам чунин барномаҳо роҳандозӣ мешавад? - Ҷомеаи форсизабон ба таҳаллука афтодааст, ки забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро маҳдуд мешавад. Ман худам он ҷо сафар кардам, ҳама мардум бо тоҷикӣ гап мезананд, аммо давлат ҳама чизро маҳдуд кардааст. Зимни сафар ба Самарқанду Бухорову Бойсун, ки ҳама тоҷику тоҷикзабонанд, маро бо лаҳни тоҷикӣ «Хуш омадед ба сарзамини бобоиятон» истиқбол мегирифтанд. Баъди сафар монанди Афғонистон, маҷмӯаи шеъри бонувони Ӯзбекистонро бо номи «Дури-дарӣ дар Самарқанду Бухоро» ҷамъоварӣ ва мунташир кардам. Ҳанӯз интернет, ки ҳаст бояд забони тоҷикӣ он ҷо тарвиҷ шавад. - Шумо ҳамкориҳои зиёди фарҳангӣ бо Тоҷикистон дорем, дар риштаи иқтисод чӣ? - Мутаассифона, мушкилот дар ин самт ҷой дорад. Мисоле меорам: роҳбари як ширкати шветсиягии бонуфузи бандсозӣ, ки домодаш эронӣ буд, ба мо тамос гирифт. Мо мехоҳем бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем ва наздики 100 млн доллар барои бандсозӣ дар як қисмати Тоҷикистон маблағ ҷудо карда, барқ истеҳсол намояд. Аммо дар Тоҷикистон баъзан намедонанд, дар баробари пуржаҳо чи хел тасмим гиранд, маблағро аз худ кунанд. Ман протоколи садубандсозиро гирифта омадам ва ба масъулин арза кардам. Аммо масъулин барои муайян кардани макони бандсозӣ, то ки ширкат он ҷо қарор гирад, шаш моҳ корро кашол доданд ва билохира ба қарори мушаххас омада натавонистанд. Дӯстони мо гуфтанд, ки ин иртибот бисёр кунд аст, чун барои як пурсише, ки давлат бояд дар 24 соат ҷавоб диҳед, шаш моҳ тӯл кашид. Ва он ширкат маблағашро дар Аргентина банд кард. Ҳамин тавр тоҷикон як маблағӣ калони аз осмон афтодаро, баргашта ба осмон доданд. Мо бисёр вақт дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба душворӣ рӯ ба рӯ мешавем. Барои мо соату дақиқа вақт ҳисоб мешавад, аммо ин ҷо коре, ки дар як соат анҷом меёбад, моҳҳову солҳо думбола мекашад, ки ин сабки кории мо нест. ©Шариф Ҳамдампур, Одили НОЗИР, ©www.pressa.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.