Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РАСМУЛХАТИ БОБОӢ - НУРИ БАСАРИ МОӢ!

РАСМУЛХАТИ БОБОӢ - НУРИ БАСАРИ МОӢ!

9-07-2024, 17:00
Хабарро хонданд: 844 нафар
Назарҳо: 5
РАСМУЛХАТИ БОБОӢ - НУРИ БАСАРИ МОӢ!
Ё худ андешаҳо дар атрофи муассисаи илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев.
Номи неку пурифтихор ва шуҳрату тавонмандии зеҳниву дониши академикии устоди зиндаёд, академик Абдулғанӣ Мирзоев ҳанӯз соли 1926 замоне, ки ӯ ҳаждаҳ сол дошт, вирди забони тамоми тоҷикони Осиёи Марказӣ ва берун аз он гардида буд.
Мақолаву очеркҳои тадқиқотӣ-илмии ӯ ҳамон замон дар рӯзномаҳои тоҷикии “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони Сурх” ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” бо тахаллусҳои “Гулханӣ”, “Шаҳдӣ” ва “Абдулғанӣ” мунтазам рӯйи чоп омада, шӯру валвалаи зиёдеро миёни дӯстдорони адабиёти шӯҳратёри классикии тоҷик ба миён оварда буд.
Устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо номи ин донишманди фарҳехтаи тоҷик хеле ифтихор доштанду номи некаш дар лавҳи эътибори давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони собиқи Шуравӣ ба ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардида буд.
Фаъолияти илмии ин абармарди дунёи фазлу ҳунар ва донишу маърифати классикӣ аз соли 1939 баъд аз хатми шуъбаи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) оғоз гардидааст.
Фаъолияти илмии ӯ соли 1939 аз Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе оғоз ёфта, солҳои 1942-1944 ба сифати мушовири сафорати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Эрони шоҳаншоҳӣ, солҳои 1947-1951 мудири сектори адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, солҳои 1951-1958 мудири шуъбаи шарқшиносӣ ва директори Институти шарқшиносӣ баъд аз мустақил шудани Институти шарқшиносии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон ҳамчун шуъбаи шарқшиносии Институти шарқшиносии шаҳри Москва таъин гардиданаш то охири ҳаёт ифтихори тамоми шарқшиносони қаламрави Шуравии собиқ буд.
Эътибори баланди илмӣ ва таҳқиқоти шуҳрати ҷаҳонидоштаи ӯ - “Дар атрофи палеонтологияи забон” (1936), ки дар замони донишҷӯ буданаш шӯру валвалаҳоро дар кайҳони сухан ба по хезонда буд ва асари илмӣ-таҳқиқотии “Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик” (1947) на танҳо як симои муҷаллои адабиёти шуҳратёри тоҷикро кашф кард, балки дар тақвияти равияҳои пешқадами адабиёти замони зиндагии шоири косиб ва ҳунарманди тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ таҳқиқ гардида, муждаи соҳиби адабиёти шуҳратёр будани мо, тоҷикон собит шуд.
Шояд дурусту комил ва саҳеҳтараш, он гуна ки донишманди пуровозаи адабиёти тоҷик, профессор Соҳиб Табаров борҳо ба мо, донишҷӯён ёдоварӣ менамуд, он буда бошад, ки гуфта буд:
“Баъд аз рисолаи пурмуҳтавои илмиву таҳқиқотии “Сайидо ва мақоми ӯ дар адабиёти тоҷик” ва асарҳои дигари пурарзиши илмии академик Абдулғанӣ Мирзоев “Биноӣ”, Мулҳами Бухороӣ” ва Шавкати Бухороӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” шоҳасари илмӣ-таҳқиқотии устод Садриддин Айниро, ки комил буд, комилтар намуд”.
Оре, ин воқеияти таърихие мебошад, ки касе онро инкор карда наметавонад.
Хидматҳои пуразиши илмии академик Абдулғанӣ Мирзоев дар пажуҳишу таҳқиқи адабиёти тоҷик шоҳкории таърихии миллати тамаддунсози тоҷик будаву ҳаст.
Ҳарчанд ки бархе аз каҷназарон аз интиқодҳои воқеъбинонаи ӯ дар ҳарос буданду номи ӯро ғуборолуд кардан мехостанд. Ҳол он ки шоири шаҳир Миробид Сайидои Насафӣ фармуда:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Қисмати зиёди таҳқиқоти академик Абдулғанӣ Мирзоев ба тору пуди адабиёти асри ХV-и тоҷик бахшида шудааст, ки то он замон касе аз олимони пешин қариб, ки маълумоте дар бораи адабиёти асри ХV-и тоҷик надоштанд.
Маҳз пажуҳишу таҳқиқоти академик Абдулғанӣ Мирзоев доир ба сарчашмаҳои адабӣ, оид ба зиндагӣ ва фаъолияти адабони ҷудогонаи асри XV уфуқҳои нави пажуҳишро ба рӯйи садҳо муҳаққиқони ояндаи адабиёт боз намуд.
Хеле бамаврид медонем зикр дошт, ки таҳқиқоти хеле барҷастаи ӯ - “Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ “Музокир-ул-асҳоб”, “Чаҳор мақола”, “Муҳимтарин сарчашма доир ба таърихи адабиёти асри XVII - “Тазкираи Малеҳо ва як қатори масъалаҳои таърихӣ”, “Малеҳо - муҳаққиқи асри XVII”, “Бори дигар дар бораи тазкираи Малеҳо, ки дар маҷаллаи илмии “Шарқи сурх” солҳои 1946-61 рӯйи чоп омада буданд ва перомуни ҳамин мақола дар Конгресси ҷаҳонии шарқшиносон соли 1960 дар шаҳри Москва суханронии пурмуҳтаво намуда буд, шуҳрати адабиёти тоҷикро манзури тамоми муҳаққиқони шарқшиноси собиқ Иттиҳоди Шуравӣ гардонда, ин мақолаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар таҳқиқотҳои илмии солҳои 40-уми қарни XX соҳиби ҷойгоҳи арзишманде гардида буд.
Таҳқиқоти нодири илмии академик Абдулғанӣ Мирзоев - “Мулҳами Бухороӣ” дар соли 1948, “Бадриддин Ҳилолӣ” дар соли 1948, “Сайфии Бухороӣ” дар соли 1955 ва “Камолиддини Биноӣ” дар солҳои 1954-1956 эътибори илмии адабиёти тоҷикро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хеле афзун намуда, аз рӯйи мазмуну мундариҷа шоистаи арҷгузории тамоми муҳаққиқони ҷаҳон гардида буданд.
Асарҳои дигари арзишманди илмии ӯ ба истиқболи ҷашни 1000-солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва 1100-солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷикро шуҳрати оламиён намудааст.
“Ҳикояҳо аз рӯзгори Шайхурраис ибни Сино ва шахсияти ӯ” (1953), “Абу-Абдулло Рӯдакӣ” (1958) соли 1965 бо забони русӣ нашр гардида буданд. Чанде аз асарҳои тадқиқотии академик Абдулғанӣ Мирзоев ба эҷодиёти Аҳмади Дониш ва таҳлили ҷудогонаи асарҳои ӯ бахшида шудаанд, ки дорои аҳаммияти таърихӣ мебошанд.
Асарҳои таърихии ӯ “Аҳмади Дониш ва воқеаҳои қатли оми қипчоқҳо дар нимаи аввали асри 19” ва “Аҳмади Дониш ва гузориши масъалаи истифода бурда шудани оби дарёи Ому” мебошанд.
Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки масъалаҳои об ва рушди устувори он имрӯз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ин давоми мантиқии осори хирадмандони тоҷик дар истифодаи об ва захираҳои муҳимми ҳаёт дар сайёра мебошад.
Дар ин мақолаҳо муносибати ҷараёни маорифпарварӣ ва тамоюли халқии адабиёти гузаштаи мо, баёнгари орзуву ормонҳои созандаи тоҷикон дар қаламрави Осиёи Марказӣ буданд.
Яке аз риштаҳои фаъолияти илмиву таҳқиқотии академик Абдулғанӣ Мирзоев омӯзиши равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои дигари қаламрави собиқ Шуравӣ ва Шарқ буд.
Чунончӣ, “Аз таърихи равобити адабии Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон дар нимаи дуюми асри 16 ва аввали асри 17” дар соли 1963, “Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ” дар соли 1968 низ давоми мантиқии робитаҳои дӯстии мо, тоҷикон бо ҳамсоягони хеш буда, талошу ҷоннисориҳои созандагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони баръалои он мебошад.
Асарҳои илмиву таҳқиқотии академик Абдулғанӣ Мирзоев бо забонҳои русӣ, форсӣ, арабӣ, туркӣ ва узбекӣ борҳо нашр гардида, шӯҳрати илми адабиётшиносӣ ва таъриху шарқшиносии тоҷикро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хеле баланд бардоштаанд.
Монографияи “Абу-Абдулло Рӯдакӣ”-и ӯ соли 1973 дар Эрон нашр гардида, муҳаққиқони эронӣ ба ин таҳқиқоти ӯ баҳои хеле баланд додаанд.
Ҷаҳду талош ва садоқати баланди ватандории академик Абдулғанӣ Мирзоев дар нашри асарҳои арзишманди илми тоҷик хеле баланд буда, нашри “Девони мунтахаби Сайидо” дар соли 1944, “Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития”-и Аҳмади Дониш” дар соли 1960, “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ” дар соли 1958, “Осори Рӯдакӣ” дар соли 1958, “Ҳикоёт ва тамсилоти Камолиддин Биноӣ” дар соли 1963, “Асарҳои мунтахаби Ҷомӣ” дар соли 1964, “Амир Хусрави Деҳлавӣ” дар солҳои 1971-1975 эътибори илмии ӯро миёни донишмандони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ баланд бардошта, илмҳои адабиётшиносӣ ва шарқшиносии тоҷик нигини эътибори илмӣ он қаламрав буд.
Ана ҳамин эътибори баланди илмӣ ва садоқати ватандорӣ ӯро овозадор карда, таҳқиқоти ӯ дар қаламрави пажуҳиш соҳиби ҷойгоҳи шоиста мебошанд.
Мактаби бузурги илмии ӯ шогирдони зиёдеро тарбия карда, устодон Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Худоӣ Шарифов, Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимардонов ва даҳҳои дигар аз он мактаб сабақ омӯхта, садҳо шогирдонро роҳнамои илму маърифати миллӣ кардаанд.
Саҳми арзишманди академик Абдулғанӣ Мирзоев дар таҳияи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва олии кишвар низ хеле баланд будааст.
Борҳо ӯ ба сифати вакили парлумони кишвар интихоб гардида, дар рушду нумуи адабиёт ва фарҳанги миллӣ саҳми шоистаи худро гузоштааст.
Олим узви сексияи шарқшиносии Анҷумани умумииттифоқии равобити маданӣ бо кишварҳои хориҷӣ, узви раёсати Анҷумани робитаҳои мадании собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо мамолики Араб, инчунин, муовини раиси Анҷумани мадании Тоҷикистон бо мамолики Араб буд.
Аз соли 1948 узви Иттиҳоди нависандагони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва узви ҳайати Раёсати шарқшиносони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд.
Магар ҳамин эътибор ва эътирофи донишу ахлоқи ӯ метавонад, ки меъёри ахлоқи миллии мо, тоҷикон буда бошад? Боифтихор метавон гуфт, ки “бале”.
Барои мо, тоҷикон арҷгузорӣ ва эътибори илмиву ватанхоҳии академик Абдулғанӣ Мирзоев на камтар аз устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров буда, хидматҳои бузурги ӯ андар шинохти фарҳанги миллии мо сазовори гиромидошти ҳама давлатмардони кишвар ҳаст.

ТАЪРИХЧАИ ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ
Соли 1976 баъд аз даргузашти ин олими соҳибном аҳли илми кишвар бо пешниҳоди Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода ба шуъбаи дастхатҳои Институти илмиву таҳқиқотии шарқшиносии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, ки устоди зиндаёд бунёдгузораш буданд, ба он номи пурифтихори академик Абдулғанӣ Мирзоев гузошта шуд.
То замони соҳибистиқлолӣ ин ном зиннат ва ифтихори он даргоҳ буд. Баъдан, бо сабабҳои номаълум ин ном аз он даргоҳи маърифат, ки бо ибтикор ва талошу заҳматҳои зиёди академик Абдулғанӣ Мирзоев бунёд гузошта шуда, аксари кулли дастхатҳо бо ибтикори бевоситаи ӯ аз саросари кишвар ҷамъоварӣ гардида буд, бардошта шуд.
Набояд фаромӯш сохт, ки мо, донишҷӯёни охири солҳои 70-ум ва оғози солҳои 80-ум аз забони устодони хеш, донишмандони фарҳехтаи миллат Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Саиднуриддин Шаҳобиддин, Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимардонов, Худоӣ Шарифов ва даҳҳои дигар шунида будем, ки ин боргоҳи маърифат бо талошу заҳматҳои зиёди академик Абдулғанӣ Мирзоев нахустин шуда, дар қаламрави Осиёи Марказӣ сохта шуда, беш аз чаҳор ҳазор нусхаҳои аслии дастнависҳои шуарои классики тоҷик аз Рӯдакӣ то устод Айнӣ инҷо ҷамъоварӣ гардида, чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта мешуданд. Ин маъхази маърифат баъд аз марказҳои маърифату тамаддуни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар шаҳрҳои Санкт-Петербургу Москва арзи ҳастӣ доштанду доранд, бо боигарии махзанаш дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷойи сеюм қарор дошт.
Ҳамин эътибори илмиву маърифатии тоҷикон бо ҳамин мероси бузурги хаттии классикӣ моро шинохтатарин халқият дар қаламрави сесадмиллионнафараи Шуравии собиқ муаррифӣ намуда, садҳо шоирону олимон ва донишмандони тоҷик нигини ангуштарини одаму олам будаву ҳастанд.
Садҳо олимону шарқшиносони Шуравӣ - В.В.Бартолд, Н.Ю. Крачковский, Б.Ғафуров, Е.С. Бертелс бо шарқшиносони тоҷик, хусусан бо академик Абдулғанӣ Мирзоев ҳамкории хеле хуб доштанду аз ин маъхази маърифат ва аз таҳқиқоти арзишманди он дар таҳқиқоти хеш истифода намудаанд. Яъне, ин хазинаи ганҷҳои беш аз ҳазорсола ифтихори миллати соҳибтамаддуни мо буда, ҳамин расмулхати бобоӣ гувоҳи миллати мутамаддин ва соҳибмаърифат будани мо, тоҷикон ҳаст.
Имрӯз, ки кишвари соҳибистиқлоли мо бо дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби эътибор ва шӯҳрати ҷаҳонӣ гардидааст, зарурати таърихие ба миён омадааст, ки ин ганҷинаи пурарзиши миллатро ҳамчун як зерсохтори ин ё он муассисаи илмиву таълимии аз назарҳо ба фаромӯшӣ рафта қарор надиҳему шӯҳрати қариб садсолаи онро коста нанамоем.
Шояд беҳтар он бошад, ки онро ба як маркази миллӣ дар назди Президенти маҳбуби кишвар қарор бидиҳем. Ҳол он ки кишварҳои дӯсту ҳамсояи мо - Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон чунин марказҳои хаттиро бо унвони Маркази миллии хаттӣ ҳамчун як сохтори алоҳида ва бузурги илмӣ дар ҳимояи бевоситаи давлат ва Ҳукумати кишварҳояшон қарор дода, мақом ва манзалати илмии онҳоро хеле баланд бардоштааст. Набояд фаромӯш сохт, ки Маркази мероси хаттӣ дар ҳеҷ давру замон зерсохтори ягон муассисаи илмиву таҳқиқотӣ набуд. Он ҳамеша ҳамчун як воҳиди мустақили илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият намуда, эътибори давлат ва миллат будааст.
Барои мо, тоҷикон, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ қадимтарин халқ ҳастем ва ҳеҷ миллату қавмияте дар қаламрави Осиёи Марказӣ қадимтар аз мо набудааст, ин далели шайъӣ дар даҳҳо сарчашмаҳои илмиву таҳқиқотӣ собит гардида, ҳоҷат ба ситоиш надорад ва моро зарур аст, ки ифтихори ватандорӣ ва миллатсозиро чун Пешвои миллат сармашқи кори хеш қарор бидиҳем. Барои ошноӣ бо ин ниҳоди илмӣ ҳаминро низ метавон гуфт, ки ҳанӯз соли 1951 ҳангоми фаъолият намудани Институти таърих ва забону адабиёти тоҷик, ки он замон сарварии он ниҳодро академик Абдулғанӣ Мирзоев бар ӯҳда дошт, зарурати таъсиси Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба миён омада буд.
Иддае аз донишмандон бар он назар буданд, ки ин ниҳоди илмӣ дар дохили сохтори Институти таърих ва забону адабиёт бояд таъсис дода шавад.
Академик Абдулғанӣ Мирзоев бо далелҳои қотеи матншиносӣ, сабкшиносӣ ва хатшиносиву катибашиносӣ исбот намуд, ки он ниҳод аз сохтори Институти таърих ва забону адабиёт бояд ҷудо бошад.
Ҳамин тавр, бо талошҳои зиёди ӯ Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шуравӣ зарур шуморид, ки як қисми таркибии он дар шаҳри Душанбе дар сохтори Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Яъне, бо ибтикор ва талошҳои ватанхоҳонаи академик Абдулғанӣ Мирзоев ва дастгирии бевоситаи аллома Бобоҷон Ғафуров ин сохтор соли 1956 таъсис дода шуда, аз рӯзи ташкилёбӣ то соли 1977 роҳбарии онро академик Абдулғанӣ Мирзоев бар дӯш дошт ва зери роҳбарии ӯ чандин симпозиуму конфронсҳои ҷаҳонӣ гузашта илми, шарқшиносии тоҷик пешгомтарин ниҳоди илмӣ дар шарқшиносии собиқ Шуравӣ буд.
Моро зарурати таърихие пешорӯ истодааст, ки эҳёи суннатҳои фарҳангиву миллиро, ки Пешвои миллат сӣ сол боз дилсӯзона дар ҳар як мулоқотҳояшон бо аҳли зиёи кишвар ёдоварӣ менамоянд, пуштибонӣ намоем ва арҷ гузорем, то ҳамон ифтихороти бузурге, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъриху тамаддуни миллат доранд, ифтихори тамоми сокинони ояндасози кишвар гардад.

Ҷумъахон Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (5)
Justine 8 сентября 2024 15:43
One of the most interesting point is that the organic site visitors are entirely complimentary.


Take a look at my web blog; Gsa ser link list
Цитировать          1
Reggie 9 сентября 2024 08:20
At Advantage Plumnbing and Rooter, we try
to deliver the particular best plumbing solutions possible.
Our certified and insured plumbers are highly competent and experienced, capable of tacklinhg anny Learn More Plumbing Services Los
Angeles
issue you deal with.Be it a leaky tap or
a complex repair, our concentrate is on good quality workmanship and long lasting fixes, all reinforced by
a solid promise. We serve Los Angeles and surrounding areas.
Цитировать          2
James 21 сентября 2024 05:55
At Advantave Plumbing and Rooter, we try tto deliver typically the best Learn More Plumbing Services Los Angeles services possible.
Our licensed and insured plumbers are highly
qualified and experienced, capable of tackling any plumbing issue you encounter.Many people a leaky water filters or
a complicated repair, our focus is on good quality
workmanship and lasting fixes, all guaranteed by a powerful assurance.
We serve Los Angeles and surrounding areas.
Цитировать          3
Juliana 17 октября 2024 06:04
Are yoou drawn of adventure in the ast expanse of Azeroth?
Lookk no further than the labyrinthine depths
of WoW dungeons!

my blog post ... wow
dungeons carry
Цитировать          4
Monte 8 декабря 2024 18:01
A wonderful post on Ҳ騡桕ᬒ›馠ť���ċ
06;髨��!
The insights you shared about Building & Property were extremely valuable.
It’s clear that you put a lot of effort into this.
Looking forward to reading more of your work.
Keep up the great work!

my website Roof
Leak Repair NYC
Цитировать          5
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: