Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Нишасти навбатии маҳфили“Ганҷи сухан

Нишасти навбатии маҳфили“Ганҷи сухан

20-06-2017, 10:05
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
Нишасти навбатии маҳфили“Ганҷи сухан
СУҒД. Дирӯз нишасти 152-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баргузор гардид, ки дар он олимону адибон,устодону донишҷӯён,мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро масъули он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида , зикр кард,ки нишасти имрӯза ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 85 солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад. Нахуст маърӯзаи проректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мӯъминҷон Шамсиддинов дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ ” шунида шуд. Ӯ дар бораи таърихи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикстон сухан карда аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сулҳи тоҷикон ёдрас намуд. Дар суханронии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тӯтинисо Дадобоева дар бораи муҳимтарин чорабиниҳо дар қаламрави вилоят бахшида ба Рӯзи ваҳдат сухан рафт. Маърӯзаи илмии ҷолиб дар мавзӯи “ Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва ваҳдати инсонӣ” аз ҷониби Мирзоев Садриддин, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ ироа гардид. Муаллиф муҳимтарин андешаҳои Мавлоноро дар мавриди воҷаи ваҳдат,дӯстӣ ва ҳамдилии инсонҳо баён намуда, онро дар муқоиса бо ваҳдатофариҳои Пешвои миллат арзёбӣ намуд. Шоираи ваҳдатсаро Гулноз андешаҳои ҷолибашро дар бораи Ваҳдат баён намуда чанд шеъри нави хешро қироат кард. Бахшида ба 85- солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва 80-солагии устоди донишгоҳ, номзади илмҳои филология, дотсент, шодравон Аҳмадҷон Давронов дар мавзӯи “Аҳмадҷон Давронов - суханвар ва суханшинос”,номзади илмҳои филология, дотсент, декани факултети филология Мӯсоҷон Олимҷонов маърӯза кар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: