Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Сарафроз

20-08-2021, 11:57
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Сарафроз
Чанд пора ёди нек аз рўзгори устоди зиндаёд доктори илми таърих, Профессор академик ходими хизматнишондодаи илми ҷумҳурӣ Мансур Бобохон дар остонаи навадумин милоди пурифтихораш.
Номи поку пурифтихори устоди зиндаёд доктори илми таърих профессор, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия, Ходими хизматнишондодаи илми ҷумҳурӣ Мансур Бобохонов охири солҳои 50-уми садаи гузашта, миёни аҳли илму дониши кишвар хеле овозадор буд. Ў аз нахустин шогирдони Донишгоҳи ягонаи кишвар (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, баъди хатми мактабинтернати бистсолагии Октябри кабири шаҳри (собиқи ленинабод) ҳоло Хуҷанд соли 1948 ба тавсия ва дастгирии бевоситаи академики Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон профессор З.Ш. Раҷабов, ки аввалин ректори ин даргоҳи маърифатхез буд, шомили он мегардад. Ин даргоҳи пурифтихору овозадори илму маърифати кишварро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, бо тавсияи устодони роҳнамояш шомили шуъбаи донишёрӣ (аспирантураи) донишгоҳ гардида, аз соли 1953 то соли 1956 таҳсилро идома дода, соли 1956 то соли 1958 ба таҳқиқоти рисолаи илмии Номзади илми таърихи Иттиҳоди Шўравӣ машѓул гардида, соли 1958 рисолаи номзадиашро бо муваффақият ҳимоя намуда, шомили дунёи илм мегардад. Ҳамин тавр, ҳамчун устоди ҷавони соҳибунвон аз соли 1958 то соли 1988 ба сифати дотсент, соли 1974 баъди дифои рисолаи докторӣ профессори кафедраи «Таърихи Иттиҳоди Шўравӣ» фаъолияти пурсамар намуда, эътибори илму олимиро шуҳраи тамоми қаламрави собиқи Шўравӣ менамояд. Ў дар баробари корҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои пурарзиш аз соли 1965 то соли 1982 наздики 20 сол раисии факултаи таъриху филологияи тоҷик, баъдтар раисии факултаи таърихи донишгоҳро бар душт дошт.
Ин хирадманди соҳибэътибори миллат дар роҳи тарбияи садҳои олимони шинохтаи кишвар саҳми бузурги хешро гузошта, имрўз даҳҳо шогирдони устод номбардори илми кишвар буда, садҳои дигар дар соҳаҳои мухталифи корзори ватанамон дар фаъолият мебошанд.
Соли 1980 бо саъю кўшиш ва талошҳои зиёди ў дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи «Таърихи то инқилоби ИҶШС» таъсис ёфта, устод то соли 1998 роҳбарии ин кафедраро бар дўш дошт. Зери сарварӣ ва сарпарастии устод дар кафедра 18 нафар устодон, аз ҷумла 3 доктори илм, 4 профессор, 10 нафар номзади илм ва дотсентҳо фаъолият менамуданд. Фаъолияти пурсамари илмӣ ва таҷрибаи бузурги роҳбариву ташкилотчигии ўро ба назар гирифта, соли 1998 бо даъвати раёсати Донишгоҳи словянии Русияву-Тоҷикистон ўро ҳамчун профессор ба кафедраи таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ даъват менамоянд. Таҷрибаи бузурги илмиву ташкилотчигиаш миёни устодон ва роҳбарияти ин донишгоҳи соҳибэътибори кишвар мавриди таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти донишгоҳ гардида, соли 2000-ум ҳангоми таъсиси факултаи таърих ва ҳуқуқ, ўро ба мақоми декани факулта таъйин менамоянд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, устод ҳамеша бо Донишгоҳи миллии кишвар буд. Факултаи таърихи Донишгоҳи миллӣ барои ў ҷои муқаддас ва соҳибарҷу эҳтироме буд, ки ҳеҷ гоҳ аз ин даргоҳи пур аз файзу баракат дил канда наметавонист. Аксари шогирдонаш дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, номбардори устоди азизи хеш мебошанд. Сабақҳои устод, ки саропо пуршавқу бо ҳаяҷон ва пуробуранги бадеи мегузашт, дар хуни қалбҳои ташнаи шогирдаш буд. Таърихи олами сармоядори замони то инқилоби қаламрави овозадори Шўравии собиқ ва Тоҷикистони тоинқилоби болшевикӣ хеле пуршўр буда, устод бо як лутфу муҳаббат ва самимияти хоса он рўзгорро қисса менамуд. Хусусан дар мавриди таърихи матбуоти даврии Туркистон дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX замони ба истилоҳи устод Садриддин Айнӣ замони маорифпарварӣ ва бедории миллӣ дарсҳои устод хеле бо шавқу шўр буд. Шояд ҳамин бошад, ки аксари шогирдон ба ин таърихи бедории миллӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, ин риштаи таҳқиқотро мавриди омўзишҳои зиёде қарор дода, рисолаҳои зиёди илмӣ рўи кор омаданд. Таърихи матбуотти охири садаи XIX ва аввали садаи XX, ки бедории миллиро дар қаламрави Осиёи Миёна, хусусан дар Самарқанду Бухоро, Хеваву Андиҷон, Тошканду Хуҷанд ба миён оварда, ҷавонони зиёдеро атрофи худ ҷамъ намуда буд. Зери таъсири империяи Русияи подшоҳӣ кишварҳои Осиёи марказӣ дар пайравӣ аз инқилобчиёни рус соҳиби варақаҳои матбуотӣ гардида, мактабҳои нави русӣ дари худро ба рўи мардум боз намудаанд. Таваҷҷуҳи мардуми шаҳрнишини Осиёи марказӣ ба ин мактабҳо зиёд гардида, ҷавонбухориён рўи кор омаданд. Ин ҳама як дарси пур аз обуранги бадеие буд, ки устод оѓози солҳои 80-ум ба мо шогирдон гуфта буд. Муҳаббат ва самимияти ватандорӣ ва миллатдўстии устод то бад-он поя буд, ки таърихи ҳамзистии тоҷиконро бо соири қавму миллатҳои олам дар як қаламрави бузург мадонист. Шояд ҳамин бошад, ки риштаҳои дўстии устод бо олимони шинохтаи олам хеле қавӣ буда, арҷу эҳтироми онҳо ба устод бо камоли эҳтиром рўи саҳфаи хотираҳо омадааст:
- Мансури азиз! - Мо бо Елена Абрамовна бештар Шуморо чун яке аз беҳтарин одамоне, ки дар Душанбе медонем, доварӣ мекунем. Шумо ва ҳамсаратон Зебохонро ба соли нав табрик мегўем ва дар ин сол барои шумоён комёбӣ ва саломатии бардавом ва хушбахтии хонаводаатонро орзу мекунем.
Борис Анатолиевич Литвинский - доктори илми таърих, мудири шуъбаи институти ховаршиносии А.И. ИҶШС

- Мансури меҳрубон!
Ман хушнудам, ки туро аз Маскави дурдаст дуруд мегўям.
… Ба тариқе, ки ту беҳтар медонӣ ба узвияти аъзо кореспонденти А.И. ИҶШС шахси ноҳоят машҳур Ю.С. Кукушкин - декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии ба номи В.В. Ломоносов интихоб гардид. Интихоби вай бо кўшишу дастгирии ман сурат гирифт. Ба академикӣ бошад, М.И. Ким интихоб шуд. Аз нав гуфтан мехоҳам, ки Юрий Степанович дар арафаи 50 -солагиаш (3 апрели соли равон) ниҳоят мувофиқ интихоб гашт. Ин номаро ман бо муносибати он менависам, ки рўзҳои 21-22 апрел мо бояд дар Душанбе бошем. Кор дар сари он аст, ки комиссияи А.И. бо сарварии ноиби аввали президенти А.И. ИҶШС акдемик В.А. Кателников ба хотири шиносоӣ ба кори А.И. ИҶШС Тоҷикистон ба Душанбе хоҳад рафт. Ба ҳайъати ин комиссия ман низ шомил мебошам. Ман бояд ба кори чандин муассисаҳои илмии А.И. ИҶШС Тоҷикистон шинос шавам. Аз рўи нақшаи корӣ мо бояд дар рўзҳои идҳои май шомили Душанбе гардида, дидори мубораки шуморо бубинам. Ба ѓайр аз вохўри ва мулоқоти самимӣ дар чаҳорчубаи кори комиссия бо ту ман, ҳеҷ як нақшаи шахси надорам.

В.П. Волобуев – директори институти илмии таърих А.И. ИҶШС, академики Академияи илмҳои ИҶШС
11.04.1979

- Мансур Бобохоновичи муҳтарам! Шубаи таърихи А.И. ИҶШС хабар медиҳад, ки бо ризоияти масъулони институт аз 24 то 26 июни соли 1986 дар Маскав дар толори конфронсии Институти таърих машварати кории роҳбарияти муассисаҳои илмии академӣ ва дигар ихтисосҳои таърихи ИҶШС-и ҷумҳуриҳои иттифоқ ва мухтор барпо мегардад. Хоҳиш карда мешавад, ки дар мавриди ширкататон дар ин машварат то 18 июни соли 1986 ба мо хабар диҳед.
И.Д. Ковалченко – ҷонишини саркотиби илми академики А.И. ИҶШС, раиси Кумитаи ташкили узви пайвастаи А.И. ИҶШС

- Рафиқ М.Б. Бобохонови муҳтарам!
Бо фармони Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи ИҶШС аз 2 декабри соли 1981 таҳти №1148 Шумо ба ҳайъати комиссияи озмунии боздид ва баҳодиҳии корҳои илмӣ тадқиқотии макотиби олие, ки ба озмуни соли 1982 аз рўи фанҳои таърих пешниҳод шудаанд, дохил гардидед.
Гузаронидани ҷаласаи комиссия дар миёнаи моҳи майи соли 1982 дар университети Томск ба нақша гирифта шудааст.
Даъватнома ба ин ҷаласа ба Шумо ба тариқи иловагӣ фиристода хоҳад шуд.
А.П. Бичнов – профессор, раиси комиссияи озмунӣ аз фанҳои таърих, ректори Университети Томск.

Чунин номаҳои пур аз меҳру муҳаббат ва самимият ба номи устод шуморааш хеле зиёд буда, гувоҳи донишмандӣ ва соҳибэҳтиромиву соҳибэътибории устод мебошанд. Устодони зиёде аз донишгоҳу донишкадаҳои қаламрави овозадори собиқ Иттиҳоди Шўравӣ бо устод иртиботҳои мустаҳками илмӣ доштанду, устоди зиндаёд профессор Мансур Бобохонов гули сари сабади ҳама симпозиуму конфронсҳо буданд. Дар замони истиқлолияти давлатӣ устод Мансур Бобохонов яке аз он шинохтатарин олимоне буданд, ки дар перомуни иртиботҳои илмиву тадқиқотӣ ва асарҳои фарҳангии тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳамзабонону ҳамкешҳои қавмҳои Ориёӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.
Маҳз бо кўшишу иқдомҳои устод, аввалин маркази илмиву-тадқиқотӣ ва омўзишии «Маркази тоҷикшиносӣ» дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба рўи муштоқон боз намуд.
Ҳамин марказ тавонист, ки иртиботҳои илмиву фарҳангии мо тоҷиконро бо ҳамзабонони бурунмарзӣ мустаҳкам гардонида, ба оламиён аз сиёсати фарҳангӣ ва башардўстии Пешвои миллат муждаҳои нек расонад. Асарҳои ҷолиби пуробуранги устод «Таърихи Русия дар замони сармоядори» (Душанбе, маориф – 1996), «Ҳикояҳо аз таърихи Тоҷикистон» (Душанбе, маориф - 1996), «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Душанбе, маориф - 1999-2001) тавонистанд, ки дар қалби садҳо ҳазор хонандагон муҳаббат ба ватан ва тамаддуни беш аз даҳҳазорсолаи тоҷикро зиёд намояд. Китоби пурмуҳтаво ва хонданбоби «Тоҷикони ҷаҳон», ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар рўи чоп омадааст ва фарогири ҷанбаҳои илмиву фарҳангии сиёсати фарҳангии Пешвои миллат мебошад, аз ҷониби хонандагону муҳаққиқони таърихи тоҷикони ҷаҳон хеле арҷёбӣ гардида, даҳҳо олимони шинохтаи кишвар андешаҳояшонро дар ҳошияи ин китоб дар матбуоти даврӣ манзури хонандагони сершумор гардонидаанд. Яке аз олимони шинохтаи кишвар устоди зиндаёд академик Ҳақназар Назаров, ки аз шарикдарсони донишгоҳии устод Мансур Бобохонов буданд, чунин гуфта буд:
«Китоби хонданбобу пурмуҳтавои олими шинохтаи тоҷик, профессор Мансурхон Бобохон пурарзиштарин китоб аз рўзгори тоҷикони ҷаҳон мебошад. Танҳо номи китоб ифодагари таърихи фарҳангсолории мардуми тоҷик буда, ин китоб баъд аз китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ѓафуров ягона сарчашмаи муътамади таърихие мебошад, ки аз рўзгори тоҷикони соири кишварҳои олам ба хонандагон қисаҳои ҷолибе менамояд. Метавон гуфт, ки ин тадқиқоти Мансурхон, дар ояндаи наздик уфуқҳои нави илмро аз ҳаёти тоҷикони бурунмарзӣ хоҳад кушод. Анҷумани тоҷикони ҷаҳонро шояд зарурати таърихие пеш омада бошад, ки дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-ро боз намоему ҳама паҳлуҳои илмиву фарҳангии тоҷикони ҷаҳон мавриди омўзиши муҳақиқини ояндаи кишвар қарор бигирад».
Дар воқеъ, устоди зиндаёд академик Ҳақназар Назаров хеле бомаврид ва воқеъбинона ин мазмунро овардааст. Устод Мансур Бобохонов хеле талош намуда буд, ки кафедраи «Тоҷикони ҷаҳон» кушода шавад. Валле, бо таассуфи зиёд бархе аз «Олимони ватанхоҳ» сади роҳи ин амали хайр гардида…
Ба ин ҳама нигоҳ накарда, устод бо тамоми ҳастиаш дар ин роҳи пуршарафи ватандорӣ заҳмат мекашид. Беш аз 20 нафар шогирдони устод имрўз доктор ва номзадҳои илми таърих буда, номбардори устоди хеш мебошанд. Илми сарчашмашиносии таърих дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон ба номи поки ў сахт алоқаманди дошта, шогирдон ўро сутуни нардбони ин бом медонанд. Воқеият ин аст, ки китоби «Аз таърихи матбуоити Туркистон» (нашри русиаш) ба китоби рўимизии мактаби журналистикаи Осиёи марказӣ табдил гардида, ин китоб ягона сарчашмаи таърихи дар перомуни матбуоти охири асри XIX ва аввали асри XX мебошад. Устоди варзидаи матбуот профессор Абдусаттор Нуралиев дар перомуни ин китоб хеле бомаврид қайд намудаанд, ки:
«Хушбахтона таърихи матбуот ва журналистика дар фаъолияти илмиву амалии профессор Мансур Бобохон мавқеи махсусеро касб намуда, ин устоди соҳибзавқро ба факултаи рузноманигори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сахт мепайвандад».
Ҳамин китоби устод дарвоқеъ, аз ҷониби устодони факултаҳои журналистикаи Донишгоҳои Ўзбекистону Қазоқистон эътироф гардида, ҳамчун китоби дарси шогирдони ин баргоҳои ҳунар аз он истифода менамоянд. Устоди зиндаёд Мансур Бобохонов на танҳо ҳамчун устоди равшанзамиру донишманд, балки ҳамчун як шахсияти барҷастаи илму фан дар ҳаёти оилавӣ низ намунаи аз ҳама беҳтаринҳо буд. Муҳити хонадонаш низ илмиву фарҳангӣ буда, ин хонадони покмаҳзар бо завҷаи покдоману нексиришташ Зебохон 2 фарзанди азизи хешро Фирўзабону ва Умедҷонро дар рўҳияи ватанхоҳӣ ва башардўсти тарбия намуда, онҳо номбардори падару модари азизашон мебошанд. Шояд ҳамон пажўҳишҳои таърихи матбуот будааст, ки Умед касби журналистиро интихоб намуда, бо фаъолияти пурсамараш дар ҳафтаномаи «Азия-плюс» дар хидмати халқу Ватан мебошад. Ўро дар кишвар ба ҳайси як рўзноманигори муваффақ ва соҳибмактаб мешиносанд.

Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: