Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИКИСТОНИ СУЛҲОФАРИН ВА КОРНОМАҲОИ ИЛМИВУ АДАБИИ ҶАҲОНИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ТОҶИКИСТОНИ СУЛҲОФАРИН ВА КОРНОМАҲОИ ИЛМИВУ АДАБИИ ҶАҲОНИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

5-01-2024, 12:47
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
ТОҶИКИСТОНИ СУЛҲОФАРИН ВА КОРНОМАҲОИ ИЛМИВУ АДАБИИ ҶАҲОНИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

(Бардоштҳо аз Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров-бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” ш.Душанбе-5.12.2023)

Бобоҷон Ғафуровро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ хуб мешинохтанд.
Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд: “Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл бузургтарин фарзанди Машриқзамин мебошад”.
Тақвими григорианӣ тақвимест, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон истифода мешавад. Тақвими мазкур аз 365 рӯз ва 12 моҳ иборат мебошад.
Тақвим бо омадани моҳи январ оғоз шуда, бо вуруди моҳи декабр ба охир мерасад. Дарки дурусти он ва донистани санаҳои таърихии он барои аҳли башар хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Ба ҳамин тариқ, бо омадани моҳи январ нахустин рӯзи соли 2024 оғоз шуд ва вуруди онро бо баъзе коркарду санаҳои муҳими Тоҷикистон метавон натиҷагирӣ кард. Дар ин зимн, хостем муруре ба мактаби Тоҷикистони муосири сулҳофарин ва корномаҳои фарзанди барӯманди диёр академик Бобоҷон Ғафуров дошта бошем, ки ҳамасола санаи 18-уми декабр рӯзи таваллуд ва 12-уми июл рӯзи ёдбуди ӯ чун хотира таҷлил мешавад.
Бояд зикр кард, ки аз қадимулайём тоҷикон мардуми бомаърифату бомаданият буда, то имрӯз дар байни халқҳои олам чунин боқӣ мондаанд.
Каромату шаҳомат ва ҷасорату матонати тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардид, ки заминаҳои асосиашро эҷоди ҳамгироиву сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад.
Бо ҳамин роҳ ин миллат тавонист аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯйи қуллаҳои олӣ давлатдориашро идома диҳад.
Ба ҳамин тариқ, миллат дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва мардуми бонангу номус дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебарад.
Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.
Дар ҳақиқат, фарҳанги сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон падидаи беназир мебошад, ки дар натиҷаи он 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид.
Бо чунин ташаббусу тадбир тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд карданд, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст.
5-уми декабри соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров-бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” баргузор шуд.
Дар Симпозиум дар мавзуъҳои “Бобоҷон Ғафуров-олими барҷаста, ходими сиёсӣ”, “Назари консептуалии Бобоҷон Ғафуров ба таърихи қадими тоҷикон”, “Академик Бобоҷон Ғафуров-фарзанди бузурги халқи тоҷик ва донишманди ҷаҳоншумул”, “Академик Бобоҷон Ғафуров ва мероси фарҳангии халқи тоҷик” аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардид.
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров соли 1972 дар Москва ба нашр расида, бо забонҳои ҷопонӣ, арабӣ ва лаҳистонӣ (полякӣ) тарҷума ва чоп шуда, дар Афғонистон ва Эрон низ ба табъ расидааст.
Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эътироф шуда, ба таври сазовор арзёбӣ гардидааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” иброз доштаанд: “Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат намуда тавонанд. Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон, таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд”.
Сарвари давлат бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп намуда, ба ҳар як оила тақсим карданд.
Дар идомаи ин иқдом ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо Амри Президенти мамлакат аз моҳи июли соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” эълон гардида, санаи 1-уми декабри соли 2023 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмун натиҷагирӣ шуда, барандагони он сазовори ҷоиза гардиданд.
Академик Бобоҷон Ғафуров моҳи декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисор, ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, моҳи июли 1977 вафот кард.
Ин фарзанди фарзонаи миллат, ходими давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи тоҷикон ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст.
Илова бар ин, ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул шуда, сазовори ифтихорномаву медалҳо гардид.
Осор ва фаъолияти илмиву фарҳангии Бобоҷон Ғафуров асосан ба тарғиб ва ба таври илмӣ асоснок намудани гузаштаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.
Ӯ муаллифи 400 асару мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё ба чоп расидаанд.
Бо ташаббус ва таҳрири ӯ бо забони англисӣ тақрибан 30 асар дар мавзуъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардид.
Бобоҷон Ғафуров барои навиштани китоби “Тоҷикон” зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабинии сатҳи баландро нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуров дар назди халқу давлат арзёбӣ карда, зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба ҳаёти ибратомӯз ва фаъолияти самаранокаш дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи олам андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.
Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст.
Таъкид гардид, ки ҳадафи устод Бобоҷон Ғафуров аз нашри китоби “Тоҷикон” ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд.
Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” меҳмонони ҳамоиш, олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ Виталий Наумкин - академики Академияи илмҳои Русия, Сзин Сзэ - муовини директори Институти Аврупо, Русия ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин, Ҳасан Булхорӣ - устоди Донишгоҳи Теҳрон, Франсис Ришар - шарқшинос аз Фаронса, доктор Навшоҳи Ориф аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, Иброҳим Истамбулӣ - тарҷумони арабии китоби “Тоҷикон” аз Сурия суханронӣ карда, дар бораи хизматҳои арзандаи аллома Бобоҷон Ғафуров дар роҳи рӯшан намудани таърих ва пайдоиши давлату миллати тоҷик ва қадршиносиҳои фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд.
Ба ҳамин тариқ, академик Бобоҷон Ғафуров бо чунин шоҳкориҳои илмиву адабӣ ва дипломатияи дурандешонаи худ тавонист таъриху тамаддуни тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда, нақшофаринии онҳоро дар рушди илму адабу фарҳанг дар миёни халқиятҳои олам баррасӣ намояд.
Ҳамин тавр, ин марди камоли илму адабу сиёсат ва фарҳангу таърих соли 1966 узви кумитаи Конгресси байналхалқии эроншиносӣ (Эрон) интихоб шуд.
Конгресси мазкур моҳи августи соли 1966 дар Теҳрон зери сарварии академик Абдулғанӣ Мирзоев баргузор шуд.
Соли 1967 узви ифтихории Анҷумани ховаршиносони Лаҳистон (Полша) гардид.
Анҷуман соли 1922 таъсис дода шуда, маҷаллаеро зери номи “Анҷумани ховаршиносон” ба чоп мерасонд.
Бобоҷон Ғафуров соли 1968 узви Шуро оид ба равобити фарҳангии Ҳиндустон интихоб шуд. Ин Шуро соли 1950 таъсис ёфта, ҳамасола аз ҷониби он Ҷоизаи байналмилалии Ҷавоҳирлаъл Неҳру супорида мешавад, ки соли 1968 Бобоҷон Ғафуров онро дарёфт намуда, маблағашро дар ҳаҷми 2,5 миллиолн рупия ба яке аз мактаб-боғчаҳои Ҳиндустон бахшид.
Академик Бобоҷон Ғафуров соли 1970 доктори фахрии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон шуд, ки он соли 1918 таъсис ёфта, аз бузургтарин муассисаҳои илмӣ мебошад.
Соли 1971 узви Анҷумани Осиёии Париж (Фаронса) интихоб гардид, ки он аввалин маротиба соли 1922 таъсис ёфтааст.
Соли 1972 раиси Кумитаи Ҷоизаи байналмилалии Абулқосим Фирдавсӣ интихоб шуд. Кумитаи мазкур дар рӯзи 50-солагии равобити собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо Эрон таъсис ёфтааст.
Соли 1972 узви ифтихории Кумитаи байналмилалии интишори асарҳо бахшида ба 2500-солагии давлати Эрон интихоб шуда, худи ҳамон сол бо медали ҷашнии 50-солагии Инқилоби халқии Муғулистон сазовор гардид.
Бобоҷон Ғафуров дар соли 1973 президенти Анҷумани байналмилалии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ интихоб гардид. Қароргоҳи он дар шаҳри Парижи Фаронса буда, аввалин лоиҳаи он соли 1966 дар иҷлосияи 16-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО аз ҷониби Бобоҷон Ғафуров пешниҳод гардид.
Маҷаллаи ин Анҷуман бо номи “Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Исломободи Покистон бо забони англисӣ чоп мешуд.
Пас аз даргузашти аллома Бобоҷон Ғафуров академик Муҳаммад Осимӣ президенти ин Анҷуман интихоб шуд.
Соли 1974 Бобоҷон Ғафуров узви ифтихории Академияи илмҳо ва санъати Босния (собиқ Югославия) интихоб шуд, ки он дар соли 1966 таъсис ёфтааст.
Соли 1974 унвони доктори ифтихории Донишгоҳи Теҳронро бо ибтикори сафорати Эрон дар Москва сазовор гашт.
Соли 1974 узви ифтихории Анҷумани Осиё дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон интихоб шуд, ки он аввалин маротиба соли 1784 таъсис ёфта буд.
Соли 1975 бо ордени Байрақи сурхи меҳнати Муғулистон сазовор гашт.
Соли 1976 узви ифтихории Анҷумани ховаршиносони Чома де Кёрёши Академияи илмҳои Маҷористон (Венгрия) интихоб шуд.
Соли 1976 бо медали тиллоии Шурои умумиҷаҳонии сулҳ қадрдонӣ гардид.
Ба ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров шаш маротиба - солҳои 1944, 1946, 1948, 1949, 1954 ва 1957 бо мукофотҳои олии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардид.
Дар соли 1977 унвони Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистони Шуравиро дарёфт кард.
Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ 8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.


Мирсаид РАҲМОНОВ,
коршиноси минтақа ва ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: