Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲОШИЯДОРИ ТАЪРИХ

ҲОШИЯДОРИ ТАЪРИХ

24-08-2022, 11:55
Хабарро хонданд: 575 нафар
Назарҳо: 0
ҲОШИЯДОРИ ТАЪРИХ
Андешаҳо дар ҳошияи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руи чоп омада, тақдими мардуми саросари кишвар гардид

Ин иқдоми хирадмандонаву ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат дар таърихи ҳафтод соли Тоҷикистони Шуравӣ ва беш аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ шоистаи арҷгузории олии ватандорону ватанхоҳони асили кишвар буда, дар роҳи худшиносии миллӣ ва давлатсозиву башардӯстии ҷомеаи навини Тоҷикистон шоистаи эътибори баланди мардумӣ мебошад. Иқдомҳои созандаву олии ватандории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз ҷониби донишмандону фарҳангиён ва аҳли зиёву қишрҳои дигари ҷомеаи мардумсолори кишвар мавриди омӯзишу тадқиқотҳои ҷиддӣ қарор гирифтааст. Ин иқдоми ватандорӣ ва ватансозии Пешвои муаззами миллат, ки мероси азалии ниёкони мо мебошад, дар дилу дидаи фарҳангиёни кишвар маскан гузида, онҳоро водор сохт, ки дӯст доштани Ватан ва сарватҳои зеҳнии он қарзи фарзандии ҳар як Тоҷикистонӣ будаву ҳаст. Агар гузаштаро ба нигоҳи хирадмандона ва муҳаббати поки ватандорӣ наомӯзем, ояндаро сохтан хеле душвор хоҳад буд. Пас, ин зарурати таърихӣ моро водор месозад, ки сари ҳар сатр андешаи онро хоҳем намуд, ки мо барои чӣ ба дунё омадаем. Китоби муҳташами «Тоҷикон», ки бозгӯи таърихи қадим, асрҳои миёна ва замони нави ҷаҳонӣ дар такопӯ мебошад, бар гӯши ҷони хонанда, аз ҷоннисориву кишварсозиҳои гузаштагони пурифтихори тоҷикон қиссаҳо намуда, моро дар руҳияи поки ватандорӣ тарбият менамояд. Наздик ба як сол боз омӯзишҳои ватандорӣ аз рӯи китоби «Тоҷикон» дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ва соири ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, худшиносии миллиро миёни саросарии мардумони кишвар нируву тавоноии зиёд бахшидааст.
Ҳамин иқдоми шоистаи Раиси муҳтарами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дастгирии ҳамаҷониба ёфта, дар тамоми зинаҳои поёнии ҳизб омӯзишҳои ватандории Пешвои миллат дар асоси китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуда, аз ҷониби аксари кулли пайравони Пешвои миллат дастгирии ҳамаҷониба ёфтааст. Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар вохӯриҳои мунтазами хеш бо мардум, аз корномаи саропо ватанхоҳонаи аллома Бобоҷон Ғафуров ва китоби «Тоҷикон»-и ӯ сафҳаҳои пуробуранги таърихи ватандории тоҷикон ва муборизаву талошҳои онҳоро барои ободии кишвар манзури мардум гардонида, муҳаббат ва самимияти онҳоро ба кишвари азизи Тоҷикистонамон даҳчанду садчанд намудааст. Ҳамин будаву ҳаст, ки обурӯву эътибори ҲХДТ баланд гардида, пайравонаш дар саросари кишвар зиёд шудаанд. ҲХДТ давомдиҳандаи роҳи созандагиҳои Раиси муҳтарами он буда, бо сабзкориҳояш миёни соири ҳизбу ҳаракатҳои кишвар соҳиби эътибори баланд ва сазовори боварии мардум мебошад.
Худи шахсияти устоди зиндаёд, арбоби сиёсиву фарҳангӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи ҳама аҳли зиё ва фарҳангу илми кишварро ба худ ҷалб намуда рузгори ибратбахши ватанхоҳонааш миёни мардум мавриди гузоришҳои зиёде қарор гирифтааст. Фарҳангдӯстиву фарҳангсолорӣ ва маърифатпарварии аллома Бобоҷон Ғафуров миёни донишмандону аҳли фарҳанги кишвар ёддоштҳои саропо пур аз пандро бар ёдҳо гузоштааст. Устодони зиндаёд, академикҳо Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, Абулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Соҳиб Шуҳратиевич Табаров хеле қиссаҳои ҷолибу саропо ватанхоҳонаи аллома Бобоҷон Ғафуровро ба мо, шогирдон, қисса намуда буданд, ки аз маърифати баланди ватандориву ватанхоҳии ӯ гувоҳӣ медоданд.
Устод Соҳиб Шуҳратиевич Табаров, ки бо аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Мирзо Турсунзодава академик Абдулғанӣ Мирзоев иртиботҳои қавии фарҳангӣ дошт, боре дар мавриди як вохӯриаш дар симпозиуми ҷаҳонии «Шеъри форсии тоҷикӣ» ба Бобоҷон Ғафуров чунин қиссаи ҷолиберо мавриди таваҷҷуҳи мо донишҷӯён намуда буд, ки гувоҳи донишмандӣ ва шуҷоати баланди ватандории ӯ буда метавонад. Он симпозиум бо ибтикори Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон охири солҳои 60 – уми садаи гузашта дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Дар он олимони шинохтаи ҷаҳонӣ аз Эрон, Афғонистон, Покистон, Фаронса, Олмон, Чехословакия, Биританияи Кабир, Амрико ва Шуравии бузург ширкат намуда, дар атрофи достонҳои «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ баҳси доманадоре ба миён омад.
Аллома Бобоҷон Ғафуров бо даҳҳо далели шаръии сарчашмаҳои таърихӣ собит намуд, ки ватани аслии аксари кулли қаҳрамонони «Шоҳнома» Тоҷикистони кунунӣ мебошад. Бештари набардҳои Рустам дар ҳамин қаламрав ба миён омадаанд. Устоди зиндаёд, донишманди шинохтаи Эрон Бадеуззамони Фурӯзонфар барои тасдиқи ин гуфтаҳои Бобоҷон Ғафуров чандин порчаҳоро аз «Шоҳнома» қироат намуда, дар он номи мавзеъҳоеро овард, ки ҳануз он номҳо дар қсимати ҷанубии Тоҷикистон дар ҳамон шакли қадимӣ арзи ҳастӣ доранд. Баъди симпозиум Б. Ғафуров дар ҳузури иштирокчиёни он гуфта буд, ки он рӯз дур нест, кибо номи «Ҷуғрофиёи «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсии Тусӣ симпозиуми ҷаҳониеро барпо хоҳад намуд. Дареғо, ки умр ба ӯ бевафоӣ намуду ин симпозиум то ҳанӯз барпо нагашт. Устоди зиндаёд, донишманди маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров хеле қиссаҳои ҷолиберо аз рӯзгори аллома Бобоҷон Ғафуров ва шоири шаҳири миллат Мирзо Турсунзода қисса намуда буд, ки ҳамаи онҳо гувоҳи донишмандӣ ва ватанхоҳии онҳо буд.
Муносибати хуби ӯ бо донишмандону аҳли фарҳанги кишвар гувоҳи донишмандӣ ва ватанхоҳиву ватансозии ӯ буда метавонад. Худи ташкил намудани Симпозиуми ҷаҳонии ҳазораи устод Рӯдакӣ гувоҳи барҳақи донишмандӣ ва ватанхоҳии ӯ буда,бе ҳеҷ муболиға далели он гуфтаҳост. Ташкил намудани шуъбаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Душанбе ва даҳҳо шуъбаҳои дигари Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон гувоҳи эътибори баланд доштани аллома Бобоҷон Ғафуров дар назди донишмандони шуҳрати ҷаҳонӣ доштаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ буд.
Устоди зиндаёд академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ ошноияшро бо аллома Бобоҷон Ғафуров чунин оварда буд: «Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба аёдати устод Садриддин Айнӣ ба Самарқанд рафтам. Устод маро, ки дар тан либоси афсарӣ доштам, хеле гарм истиқбол намуд. Баъди ҳолпурсии самимӣ, аз Ғалабаи Артиши Сурхи шуравӣ бар Германияи фашистӣ бо ҳаяҷон ва руҳи болида қисса намуда, аз ман пурсид, ки фашистон баъди мағлубият худро чи гуна эҳсос мекарданд. Оё онҳо пушаймон ҳастанд ё не? Бар хуни ноҳақ рехтаи мардум чӣ гуна ҷавоб мегуфта бошанд? Ҳамин тавр устод бо ман ҳамчун афсари ғолиби Ҷанги Бузурги Ватанӣ муносибат намуда ба нишонҳои сарисинагиам дуру дароз дида дӯхта, офарин мегуфт. Баъди хайру хуш ӯ гуфт, ки «ман ҳатман ба Бобоҷон Ғафуров нома фиристода, хоҳиш менамоям, ки шуморо қабул намояд». Ҳамин тавр, вохӯрии нахустини ман бо устод Бобоҷон Ғафуров дар дафтари кории раиси Донишкадаи Хуҷанд ба миён омад. Баъди вохурии кӯтоҳ ӯ моро ба Душанбе даъват намуд. Даъвати ӯро пазируфта ба Душанбе омадам. Ва ҳамон мулоқоти нахустин муҳаббат ва самимияти маро бо устод ҳамчун роҳбар ва шахсияти сиёсиву фарҳангӣ зиёд намуда буд, ки то вопасин нафаси устод паҳлӯи ҳам фаъолият намудем». Эътибори баланди сиёсиву фарҳангии устод Бобоҷон Ғафуров эътибори миллат ва давлат буд, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон дар Осиёи Миёна соҳибэътибори мақоми илмӣ буд. Гузаронидани тамоми симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ дар Осиёи Миёна, бо маслиҳати аллома Бобоҷон Ғафуров, ки узви пайвастаи Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон ва узви вобастаи Академияи фанҳои СССР буд, сурат мегирифт. Ҳам эътибори илмӣ ва ҳам эътибори сиёсиву фарҳангии аллома Бобоҷон Ғафуров эътибори Тоҷикистони азиз ва тамаддуни башариаш буд. Эҳтиром ва самимияти ӯ бо роҳбари Олии Иттиҳоди Шӯравӣ И.В. Сталин хеле зиёд буд. Маҳз бо воситаи аллома Бобоҷон Ғафуров ва китоби ҷовидонии «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» тамоми мардуми Шуравӣ аз ҳолу аҳволи тоҷикон огоҳи пайдо намуданд. Ҳамин ҷоннисориву ватанхоҳии аллома Бобоҷон Ғафуров буд, ки тоҷикон дар қаламрави Шуравӣ соҳиби ҷойгоҳи пурэътибори хеш будаанд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода

Ҳамдилӣ ва ҳамкешиву ҳамнишинии аллома Бобоҷон Ғафуров бо аҳли қалам ва эҷоди кишвар тавассути устоди зиндаёд,Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ба миён омадааст. Ва нахустин узвҳои Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон устод Бобоҷон Ғафуров, устод Садриддин Айнӣ ва устод Мирзо Турсунзода буданд. Ин сегонаи фарҳанг ва ҳунари миллат то вопасин нафасашон ҷоннисори роҳи фардои дурахшони миллат будаву ном дар равоқи ҷаридаи олам гузоштаанд. Тамоми аҳли қалам ва эҷод тавассути устоди зиндаёд,Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба роҳбари Олии ҲКИШ дар Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров наздикӣ пайдо намуда, якдилу якмаром пайи ободии кишвар талош варзида, эътибори кишвари азизи моро дар миёни понздаҳ ҷумҳурии бародар баланд бардоштаанд.
Худи шахсияти Раиси Иттифоқи Нависандагони РСС Тоҷикистон, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода, ки аслан шахсияти сиёсӣ ва фарҳангӣ дар олам пазируфта шудааст, саропо панду андарз буд. Ҳамнишинии ӯ бо аллома Бобоҷон Ғафуров эътибори шеъру шоир ва адабиётро дар қаламрави пуровозаи собиқ Шуравӣ вирди ҳамагон гардонида буд. Симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ дар атрофи шеър ва адабиёт эътибори шоир ва адабиёти тоҷикро маъруфи ҷаҳониён намуда буд. Вохурии аллома Бобоҷон Ғафуров бо аҳли қалам ва илму фарҳанг нишони арҷгузории роҳбарияти Олии ҲКИШ бо аҳли қалам буд. Мақоми сиёсии Раиси Иттифоқи Нависандагони РСС Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода, ҳамчун Раиси кунгураи ҷаҳонии сулҳ ва Раиси Кунгураи байналмилалии Осиёву Африқо, садҳо шоирону нависандагони қораи Осиё ва Африқоро ба Тоҷикистон овард. Ваонҳо муждаи шеъри тоҷикро ба кишварҳои хеш расониданд. Ташрифи шоири шаҳири озодихоҳи Покистон Файз Аҳмади Файз ба Тоҷикистони азиз гувоҳи он ҳама дӯстиву пайванддории ҳамбастагии халқҳост. Ҳамдиливу ҳампешагии шоиру нависандагони Осиёву Африқо эътибори Тоҷикистонро шуҳраи олам намуд. Ташрифи меҳмонони олиқадри кишварҳои Осиёву Африқо ба Тоҷикистони Шуравӣ номи поки ин миллати соҳибтамаддунро дар олам овозадор намуд. Баъд аз мақоми олии роҳбари аввали ҲКИШ дар РСС Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақоми Олии илми Шуравӣ, директори Институти Шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР фиристода мешавад. Дар ин мақоми Олии илми Шуравӣ ӯ ифтихори тамоми шарқшиносони Шуравӣ буд. Ин мақом ба ӯ имкон дод, ки ба корҳои илмӣ бештар машғул шавад ва эътибори Тоҷикистони азизро дар саросари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ машҳур намояд. Маҳз бо дастгирии бевоситаи ин шахсияти бузурги сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ даҳо фарзандони баруманди миллат соҳиби унвонҳои баланди илмӣ ва мақомҳои баланди роҳбарии илмӣ гардиданд.
Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода бо дастгирии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров барандаи Ҷоизаи Ленинӣ ва давлатии Иттиҳоди Шуравӣ гардида, бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз шуда, номи поки миллати тоҷик дар равоқи эътибори олам бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардид. Маҳз бо дастгирии бевоситаи аллома Бобоҷон Ғафуров устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода соҳиби эътиборҳои баланди сиёсиву фарҳангӣ ва ҷоизаҳои байналмилалӣ низ гардид. Борҳо аз забони шакарини устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода аҳли каломи солҳои панҷоҳ ва шастум бишнидаанд, ки силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» бо дастгирии бевоситаи аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҷоизаи олии давлатӣ сазовор гардида, мукофоти олии Кунгураи байналмилалии Осиёву Африқо низ бо дастгирии бевоситаи ӯ рӯи даст омадааст. Маҳз муҳаббат ва самимиятии ватандорӣ ва фарҳанги баланди аллома Бобоҷон Ғафуровӯро бо аҳли қалам ва донишмандону зиёиёни кишвар наздик намуда буд. Шояд ҳамин буда бошад, ки аксари кулли донишмандони кишвар ҳамеша аз ӯ бо некӣ ёд намуда, хидматҳои бузурги ӯро дар тарбияи олимону арбобони сиёсӣ арҷ мегузоранд.
Хеле бамаврид медонам, ки шеъри ҷовидонаи шоири оташинсухани тоҷик устоди зиндаёд Бозор Собирро, ки дар ҳошияи китоби «Тоҷикон» рӯйи сафҳа омадааст, ин ҷо биёрам:

Мурда буд дар хоб гӯё бахти хоби тоҷикон,
Номурда мухтасар мешуд ҳисоби тоҷикон.
Бахшу бобе ҳар чӣ буд дар бахшу боби тоҷикон,
Бекитобон канда буданд аз китоби тоҷикон.

Дӯш тоҷикро намедонам чӣ қисмат будааст,
Худ ба Хатлону расул аз Устувохат будааст.
Лоҷарам, аз Устувохат, лек бехат будааст,
Ман надидам нусхаташро дар китоби «Тоҷикон»

Дар ҳавошии қаламрав бе қаламҳо будаанд,
Бе қаламҳои ҳавошӣ бе қаламҳо будаанд.
Бе қаламҳои ҳавошӣ дар қалам уфтодаанд,
Ин замон андар ҳавошии китоби «Тоҷикон».

Ин замон бозори нони тоҷикон бе муштарист,
Лек бозори китобаш бе дусад муштоқ нест.
Ҷои нони хонагӣ бар каф китоби хонданист,
Ҳамчу болоӣ ба болои китоби «Тоҷикон».

Тоқдони хонаи мо ҷои дастурхони мост,
Тоқдони чашми мо ҷои китоби «Тоҷикон».



Аллома Бобоҷон Ғафуров ва устод Ҳасан Наққош

Ин қиссаи саропо пур аз муҳаббати ватандорӣ миёни олимони шарқшиноси солҳои 50 ва 60 садаи гузашта мисли афсонаҳои «Ҳазору як шаб» дар қалби поки онҳо ҷойи абадии хешро ёфтааст. Устоди зиндаёд, шахсияти шинохтаи илм ва фарҳанг Ҳасан Наққош, ки то нимаи аввали солҳои ҳаштодуми садаи гузашта садҳо шогирдонро тарбият намуда, соҳиби эътибори баланди илмиашон намудааст, дар дилу дидаи онҳо мақоми ҷовидонӣ гузидааст.
Донишманди шинохтаи тоҷик, доктори илми филология, мутарҷими барҷастаи риштаи арабӣ, устод Саидраҳмон Сулаймонӣ, ки бо «Фарҳанги арабӣ, тоҷикӣ, русӣ» миёни донишмандони тоҷик хеле маъруфият дорад, устоди донишманд, арбоби сиёсиву фарҳангӣ, доктори илми филология, мутарҷими шинохтаи риштаи арабӣ Тоҷиддин Мардонӣ, арбоби сиёсиву фарҳангӣ, донишманди маъруфи риштаи арабӣ, доктори илми филология Нарзулло Назар, мутарҷими хеле соҳибарҷу эҳтиром, арбоби сиёсиву фарҳангӣ, номзади илми филология Абдулло Юлдошев, донишманди варзида, мутарҷими маъруф, доктори илми фалсафа Идибек Зиёев, донишманди шинохтаи тоҷик, мутарҷими варзидаи риштаи арабӣ, номзади илми фалсафа Исматулло Саидиён ва даҳҳо донишмандони варзидаи риштаи арабӣ, ки ҳанз дар хизмати давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ фаъолият доранд, шогирдони ҳақиқии устоди зиндаёд Ҳасан Наққош мебошанд. Ин мероси гаронмояи устод ҳанӯз дар хизмати халқу ватани азизамон буда, ифодагари заҳматҳои ватанхоҳонаи ӯст.
Ҳолдонҳо мегӯянд, ки устод Ҳасан Наққош аз зумраи бедордилони пуршӯри ватанхоҳи кишвараш Ҷумҳурии Ироқ буда, солҳои панҷоҳум ба Иттиҳоди Шуравӣ меояд. Сарнаввишт ӯро баъди сарсониҳои зиёд ба шаҳри азизи Душанбе меорад. Чанд муддат дар «Корхонаи ресандагии матоҳои пахтагин»-и шаҳри Душанбе барои дарёфти луқмаи ҳалол машғули кор мешавад. Овозаи донишмандиаш то ба гӯши роҳбари аввалиҲизби коммунисти вақт аллома Бобоҷон Ғафуров мерасад. Аз рӯи маълумотҳои гирифта аллома Бобоҷон Ғафуров мафтуни фарҳанги баланду донишу ҷаҳонбинии васеи ӯ гардида дар талоши вохурӣ бо ин марди наҷиб мегардад. Нафареро назди ӯ ба «Корхонаи ресандагии матоҳои пахтагин» мефиристад. Он нафар ба назди ӯомада мегӯяд, ки Шуморо устод Бобоҷон Ғафуров мепурсад. Аввалан ӯро бовараш намеояд, ки чӣ тавр як шахсияти барҷастаи сиёсӣ ӯро хоста бошад. Охир ӯ як муборизи ноком, беватан, бе ҷову бе макон, ҳатто бе шаҳрванд чи гуна метавонад, ки ба дарди чунин як арбоби бузурги сиёсиву фарҳангӣ даво бошад. ӯ мегӯяд, ки шумо шояд каси дигареро хоста бошед. Он нафар ҳам ба сурати ӯ нигариста ҳайрон мешавад, ки наход ки як шахсияти бузурги сиёсиву фарҳангӣ ҳамин нафарро хоста бошад. Баъди чанде он нафар назди аллома Бобоҷон Ғафуров омада мегуяд, ки бо ин ном ман нафареро вохӯрдам, ки ҳеҷ боварам намеояд, ки Шумо онро хоста бошед. Баъди чанде устод дувумбора он нафарро назди ӯмефиристад ва хоҳиш мекунад, ки бо ҳама каму костиҳо нигоҳ накарда, сураташро тамиз намуда, сару либос ва попӯшу кулоҳи муносиб ба сараш ёфта, онро ба наздаш биёранд. Ва ҳамин тавр, ӯро ба назди устод Бобоҷон Ғафуров меоранд. То анҷоми кор ӯро дар қабулгоҳ бо ҳама суннатҳои меҳмондории тоҷикӣ истиқбол намуда, баъди анҷоми кор устод Бобоҷон Ғафуров тули як соати ошноӣ бо ӯ суҳбат намуда ба ӯ пешниҳод менамояд, ки дар Университети давлатии Тоҷикистон факултаи шарқшиносиро боз намудаанду ба як устоди забони арабӣ ниёз доранд. «Шумо дер боз мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифтаед. Хеле хуб мешуд, ки Шумо ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуда, шогирдонро тарбият намоед. Ҳар хоҳиши иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сиёсие дошта бошӣ ман омода ҳастам, ки ҳама хоҳишҳоятро иҷро намоям. Баъди шунидани ин суханҳо аз забони шахси аввали сиёсии кишвар, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад. Бовараш намеояд, ки ӯ бо аллома Бобоҷон Ғафуров рӯ ба рӯ истодааст. Баъди лаҳзаи сукут ризогиашро барои хоҳиши аллома Бобоҷон Ғафуров медиҳад. Дарҳол бо супориши роҳбари аввали сиёсии вақти кишвар ба ӯ хобгоҳ дода шуда, ӯ ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз менамояд. Ҳам акнун ӯ бовар дорад, ки касе наметавонад, баъд аз ин ӯро зери фишор қарор бидиҳад. Чунки пуштибони ҳамешагии ӯ дониш ва фазлу ҳунараш буда, харидори ин ганҷи бебаҳо роҳбари аввали сиёсии вақти кишвар мебошад. Ҳамин тавр, ин донишманди асил зери ҳимоя ва сарпарастии аллома Бобоҷон Ғафуров қарор гирифта, садҳо шогирдонро тарбия намуда, ба хидмати Ватан сафарбарашон сохт. Баъди аз мақоми Роҳбари аввали сиёсии Тоҷикистон рафтанаш аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамкориашро бо устод Ҳасан Наққош бештар намуда, ӯро хоҳиш менамояд, ки рисолаи номзадӣ навишта, онро дар Маскав дар Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР мавриди ҳимоя қарор диҳад. Устод Ҳасан Наққош ин хоҳиши аллома Бобоҷон Ғафуровро иҷро намуда, рисолаи номзадиашро бомуваффақият дар шаҳри Маскав ҳимоя менамояд. Баъди чанде рисолаи докториро низ ба анҷом расонида интизор мешавад, ки бо устод Бобоҷон Ғафуров вохураду бигӯяд, ки рисолаи докторӣ низ омода гардидааст. Аммо баъди чанде охири тобистони соли 1977 хабари фоҷиабори марги аллома Бобоҷон Ғафуровро шунида хеле дард мекашад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки устод як соли дароз месӯхт ва мегуфт,«рисолаи доктории ман орзуи устоди азизам буд, аз ин ба баъд ин рисола мазмун ва муҳтавояшро гум кардааст». ӯ рисолаи докториашро ба фаромушхонаи ёдҳо партофт. Ҳамин тавр, устод Ҳасан Наққош аз ҳимояи рисолаи докторӣ даст шуст. Сари ҳар сатр бо ашки сӯзон мегуфт. Баъд аз сари аллома Бобоҷон Ғафуров шарқшиносии шуравӣ, Шарқро аз даст дод. Инқилобҳои Афғонистон ва Эрон бо тамоми кишварҳои шарқ таҳвил гардида, ҳама ормонҳои мардум аз даст хоҳад рафт. Ва воқеият ҳамин будаву ҳаст. Ин пешгӯии устод тасдиқи худро ёфта, ҳануз деги инқилобҳо дар Шарқ меҷӯшад. Ончи ки устоди зиндаёд аллома Бобоҷон Ғафуров дар умри пурбаракати хеш тавонист анҷом дод, корҳои нотамомашро баъд аз понздаҳ соли даргузашташ хирадманде аз хонадони покдомону поктинати миллати абадзиндаи тоҷик руи кор омад, ки парчами Худшиносии миллӣ ва давлатсозии Сомониёни кишваркушоро ба даст гирифта кишварро аз вартаи ҳалокати нестӣ наҷот бахшид ва номи поку пурифтихори тоҷикро шуҳраи олам намудааст.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА

PS. Хеле бамаврид ва амали нек мебуд, кибо дастгирӣ аз амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар идораву ташкилоти фарҳангиву илмии кишвар он орзуву ормони аллома Бобоҷон Ғафуровро ба хотири эътибори ҷаҳонии давлату миллати тоҷик мебоист амалӣ мегардид, барои мо, давомдиҳандагони ормонҳои миллат он симпозиуми ҷаҳонии «Шоҳнома» ва ҷуғрофиёи он»-ро таҷлил намоему рӯҳи поки ба Ҳақ пайвастаи аллома Бобоҷон Ғафуровро шод намоем. Мо, тоҷикон, ки меросбари асосии Ориёи Бостон ва «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсии Тусӣ мебошем, барои гузарондани ин тантанаи давлатсозиву миллатсозӣ зери сарпарастии Пешвои муаззами миллат кӯшиш намоем, кибо дастовезҳои бузурги созандагӣ онро баргузор намоем. Ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намоем, ки мо – тоҷикон соҳиби тамаддуни бузурги ориёӣ мебошем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: