Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Яке аз дуюмин сабаби ба марг дучор омадани инсоният ифлос шудани ҳаво мебошад

Яке аз дуюмин сабаби ба марг дучор омадани инсоният ифлос шудани ҳаво мебошад

1-07-2024, 12:09
Хабарро хонданд: 1167 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз дуюмин сабаби ба марг дучор омадани инсоният ифлос шудани ҳаво мебошадТибқи хулосаи Пажуҳишгоҳи омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба саломатии инсон, ифлос шудани ҳаво яке аз дуюмин омилҳои асосии дучор шудани инсоният ба марг гардидааст, — иттилоъ медиҳад расонаи хабарии Kazinform бо истинод ба Созмони Миллали Муттаҳид. Ифлос шудани ҳаво торафт ба саломатии одамон таъсири бештар мерасонад: танҳо дар соли 2021 ин омил сабаби фавти 8,1 миллион одам дар рӯи ҷаҳон гаштааст, — омадааст дар ҳисоботи расмии ин пажуҳишгоҳ.

Ҳоло дар ҷаҳон миллионҳо сокинони сайёра, ки гирифтори бемориҳои давомдор бар асари ифлосшавии ҳаво шудаанд, зиндагӣ дошта, чунин ҳол ба ташкилотҳои ҳифзи тандурустӣ, иқтисодиёт ва набзи ҷомеа сарбории барзиёд овардааст.

Мувофиқи ҳисоботи нашршуда, соли 2021 марги беш аз 700 ҳазор кӯдаки то синни 5-сола маҳз бар асари ифлосшавии ҳаво ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора марги 500 ҳазор кӯдак дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво дар шароити хона — ҳангоми омода намудани хӯрок бо истифода аз сӯзишвории хатарнок, ба монанди ангиштсанг, асосан дар мамлакатҳои Африко ва Осиё ба қайд гирифта шудаанд.

Муайян шудааст, ки яке аз омилҳои ифлоскунандаи ҳаво заррачаҳои устувори элементҳои кимиёвии озон (O3) ва диоксиди азот (NO2) мебошанд, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Соли 2021 7,8 миллион одам бинобар ифлосшавии ҳаво аз таъсири заррачаҳои элементҳои кимёвии PM2.5, озон ва диоксиди азот, аз дунё гузаштаанд, ки 90 фоизи шумораи одамони аз таъсири ҳаво фавтидаро ташкил мекунад. Ин заррачаҳо он чунон ноайён ҳастанд, ки дар аввал худро дар шуши инсон ҷой карда, сипас ҳамон тавр ноайён ва ба осонӣ ба хун мегузаранд. Тадриҷан узвҳои одамро заиф карда, хатари авҷ гирифтани бемориҳои дилу рагҳои хунгузарро дар шахсони калонсол зиёд мекунанд. Одамон ба бемориҳои сактаи майна, сактаи қалб, касали қанд, саратони шуш гирифтор мешаванд. Яке аз далелҳои ифлос будани ҳаво дар ин ё он минтақа мавҷуд будани элементҳои кимёвии озон (O3), диоксиди азот (NO2) ва элементи кимиёвии PM2.5 дар муҳити зисти он минтақа мебошад.

Сабабҳои ифлосшавии ҳаво истифодаи сӯзишвории вазнин дар соҳаҳои нақлиёт, сохтмон, саноат, энергияи аз ангиштсанг ҳосилшуда ва сӯхтори ҷангал мебошанд. Партовҳои аз ин сӯзишвориҳои истифодашуда пайдошуда, на танҳо ба саломатии одамон таъсири бад мерасонанд, балки боиси пайдо шудани газҳои гулхонаӣ мегарданд ва сабаби гармшавии иқлим мешаванд.

Соли 2012 дар саросари ҷаҳон бар асари таъсири дурударози озон 489 ҳазору 518 нафар ба марг дучор шуданд. Бо дарназардошти он ки дар сайёраи Замин бинобар тағйирёбии иқлим торафт бештар гармшавии ҳаво ба қайд гирифта мешавад, дар минтақаҳои алоҳида низ таъсири элементи кимиёвии озон ба ҳаво афзоиш меёбад. Табиист, ки чунин ҳолат ба саломатии инсон боз ҳам таъсири бадтар мерасонад.

Аз ифлосшавии ҳаво аз ҳама бештар кӯдакон зарар мебинанд. Ҳатто зарари ифлосшавии ҳаво ба онҳо ҳангоми дар батни модар будан эҳсос мешавад ва мутаассифона, он зарар метавонад то охири умр онҳоро пайгир бошад. Таъисри бади ҳавои ифлос ба кӯдакон ба бемориҳои варами шуш ва зиққи нафас алоқаманд мебошад. Дар ҷаҳон ҳар панҷумин кӯдаке, ки бар асари беморӣ мефавтад аз бемории варами шуш мемирад.

Фавти кӯдакони то синни 5-сола бар асари ифлосшавии ҳаво дар мамлакатҳои Африкои Шарқӣ, Ғарбӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ сад маротиба бештар аз мамлакатҳое будааст, ки сатҳи баланди даромад доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: