Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Cактаи мағзи сар”-беморие, ки аз ҷиҳати маъюбгардонии инсонҳо дар ҷойи аввал қарор дорад

“Cактаи мағзи сар”-беморие, ки аз ҷиҳати маъюбгардонии инсонҳо дар ҷойи аввал қарор дорад

15-01-2021, 09:30
Хабарро хонданд: 836 нафар
Назарҳо: 0
“Cактаи мағзи сар”-беморие, ки аз ҷиҳати маъюбгардонии инсонҳо дар ҷойи аввал қарор дорад
Таҳлилҳои оромӣ собит месозанд, ки сактаи мағзи сар аз ҷиҳати маъюбгардонӣ дар ҷаҳон ҷойи аввал ва дар фавт пас аз бемориҳои дил ва онкологӣ мақоми сеюмро ишғол менамояд. Бо дарки ин ҳолат ва ҷиддӣ будани вазъи гирифтории одамон ба ин беморӣ 29 октябр, дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт ё сактаи мағзи сар (World Stroke Day) қайд шудааст. Санаи мазкур аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мубориза бо инсулт (World Stroke Organization) соли 2006 бо мақсади даъват ба амалҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо ин беморӣ таъсис дода шудааст. Сактаи мағзи сар яке аз бемориҳои шадиди системаи асаб буда, боиси маъюбӣ ва аз даст додани қобилияти корӣ мегардад.
Омори расмӣ нишон медиҳад, ки бемории сактаи мағзи сар дар саросари ҷаҳон ҷавон мешавад. Ҷавоншавии беморӣ бар он маъност, ки агар дар солҳои қаблӣ нафарони синнашон аз 50-60 боло ба ин беморӣ рӯ ба рӯ мешуданд, вале таи солҳои охир ҷавонон ва миёнсолон низ гирифтори сактаи мағзи сар мегарданд.
Мутахассисони соҳаи тиб бар он назар ҳастанд, ки омили асосии бавуҷудоии сактаи мағзи сар ин фишорбаландии шараёнӣ мебошад. Зеро дар шахсоне, ки фишорашон баланд аст, эҳтимоли ин беморӣ то 5 маротиба меафзояд. Истифодаи носу сигор, машруботи спиртӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, камҳаракатӣ, ҳамзамон, диабети қанд ва номураттаб шудани кори дил низ сабаби пайдо шудани бемории сактаи мағзи сар мегарданд.
Ба иқрори мутахассисони соҳа нишонаҳои гирифторӣ ба бемории инсулт ё сактаи мағзи сар гуногунанд. Душворӣ дар роҳи нафас, вайроншавии нутқ, гум кардани ҳиссиёт, заиф гаштани биноӣ, сарчархзанӣ ва аз кор мондани як тарафи бадан аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Мутахассисон бар он назаранд, ки фарбеҳӣ яке аз омили гирифторӣ ба бемории инсулт маънидод мегардад. Қабули «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба сиҳатии ҷомеа дарак дода, гуфта мешавад барномаи мазкур барои коҳиш додани бемории сактаи мағзи сар низ дар мамлакат заминагузор аст.
Омилҳои пайдоиши бемории сактаи мағзи сар
Таҳќиќот собит месозад, ки сактаи мағзи сар ё худ инсулт дар ҳолате ташхис мешавад, ки аломатҳои ин беморӣ дар шахс тӯли 24 соат давом карда бошанд. Сактаи мағзи сар ду намуд мешавад. Намуди аввал -ин сактаи ишемикӣ ё ин ки камхунӣ ва дуюм — сактаи хунрезӣ. Ба бемории сактаи мағзи сар вайроншавии гардиши хун дар ягон қисмати мағзи сар сабаб мешавад. Омилҳои бавуҷудоии сактаи мағзи сар- ин фишорбаландии шараёнӣ арзёбӣ мешавад. Дар шахсоне, ки фишорашон баланд аст, эҳтимолияти сактаи мағзи сар то панҷ маротиба меафзояд. Омили дигари хавфнок, ин истифодаи тамоку мебошад, ки хавфи сактаи мағзи сарро аз 2 то 4 маротиба зиёд менамояд. Сабаби дигари ин беморӣ диабети қанд ва номураттаб шудани кори дил метавонад гардад. Тағйир ёфтани ғафсии хун яке аз сабабҳои асосии пайдо шудани сактаи мағзи сар мебошад.
Нишонаҳои гирифторӣ ба бемории сактаи мағзи сар
Мувофиќи назароти мутахассисон нишонаҳои бемории инсулт гуногунанд. Чанд нишонаи асосиро бе кумаки духтур ҳам муайян кардан мумкин аст, ки он вайроншавии нутқ, ҳаракат ё қувваи мушакҳо дар бемор аст. Нишонаи дигар, гум кардани ҳиссиёт ва заиф гаштани биноист. Гуфта мешавад, ин аломатҳо дар гирифторони сактаи хурдҳаҷм зоҳир мешаванд. Дар ҳолате, ки сактаи мағзи сар ҳаҷми калонро дар бар мегирад ва ҳатто сактаи ҳолати хунрезӣ ба амал меояд, боз дигар аломатҳо пайдо мешаванд.
Кумаки аввалияи тиббӣ чӣ гуна бояд сурат бигирад?
Табибон пешниҳод менамоянд, ки ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо бо кумаки саривақтӣ метавонад аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ намояд ва ҳамзамон, тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
Дар мадди аввал ёрии таъҷилиро мебояд даъват намуд ва то ҳозир шудани пизишкон амалҳои зеринро анҷом бояд дод:
— дар зери сари бемор болиштҳои баланд гузоред;
— тирезаро кушоед, либосҳои танги беморро бароварда, гиребон ва миёнбанди ӯро кушодтар намоед;
— фишори беморро бисанҷед. Агар он аз меъёр боло бошад, ба ӯ доруҳои одатан дар чунин ҳолат истифода мебурдаашро хӯронед ё ақаллан пойҳои беморро дар оби ширгарм гузоред;
— ба бемор доруҳои махсуси хифзкунандаи ҳуҷайраҳои асаб бидиҳед, масалан глитсин.
Тавсия ҷиҳати пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемории сактаи мағзи сар
Табибон тавсия медиҳанд, ки беморон бояд сари вақт бо пайдошавии нишонаҳо ба муассисаи табобатӣ оварда шаванд. Бемороне, ки сактаи мағзи сарро гузаронидаанд, бояд мунтазам таҳти назорати духтури асабшинос бошанд. Табобат ё тавсияҳое, ки табиб медиҳад, бояд риоя шавад. Аз корҳое, ки ба таври доимӣ асабро хароб мекунанд, даст бояд кашид. Истифодаи доимиву ҳатмии доруворӣ омили пешгирӣ аз сактаи маѓзи сар маънидод мегардад.
9 чизе, ки ба мағзи сар таъсири манфӣ мерасонад
Зимни таҳқиқе, ки мо бобати навишти матлаби мазкур гузаронидем, муайян гардид, ки омилҳои мазкур заминаи гирифтории одамон ба сактаи мағзи сар мегарданд, ки асоси он вазъи бади экологӣ, тарзи нодурусти истеъмоли ғизо, асабоният ва одатҳои бад мебошанд.
1. Норасоии хоб;
2. Мавҷуд набудани ғизои саҳарӣ. Майнаи сар дар ин ҳолат бад кор мекунад, зеро миқдори муайяни шакарро ба худ гирифта наметавонад. Бояд гуфт, ки шакар яке аз ғизои асосии мағзи сар мебошад.
3. Барзиёд будани карбогидратҳо. Инчунин, ба кори мағзи сар барзиёд будани миқдори шакар дар ғизо низ таъсири бад мерасонад. Ҳамзамон сафеда ва дигар моддаҳо дуруст ҷаббида намешаванд, ки дар натиҷа, кори мағзи сарро бад мегардонанд.
4. Ҳиссиётҳои ғаму ҳиҷрон. Дар натиҷаи асабӣ шудан қобилияти фаҳмишу дарк карда тавонистани инсон паст мегардад.
5. Истеъмоли дорувории зидди асабоният ва камхобӣ. Ин дорувориҳо хотиротро суст карда, ба ҳолати ногувори сӯйқасд ба ҷони худ низ оварда мерасонанд.
6. Тамокукашӣ.
7. Реҷаи нўшидани нӯшокӣ. Бояд дар ёд дошт, ки норасоии об дар организм ба хурдшавии ҳаҷми майнаи сар оварда мерасонад ва ин боиси нисбатан суст гардидани қобилияти кории мағзи сар мешавад.
8. Аз ҳад зиёд қабул кардани ахбор. Дар ин ҳол, мағзи сар маълумоти барзиёдро қабул карда наметавонад.
9. Бисёрвазифагӣ. Ин ҳол бештар ба ҷомеаи иттилоотӣ дахл дорад. Ин маънои онро дорад, ки инсон дар як замон бо якчанд манбаҳои ахборотӣ кор мекунад. Вале як хабар ҳам дуруст аз худ карда намешаванд. Дар ин ҳолат ҳал карда тавонистани ягон мушкилот нисбатан душвор мегардад, зеро ҳуш пароканда аст.
Хулоса: воќеан ҳам агарчӣ риояи ин ҳама тавсияҳои табибон баҳри на ҳама инсонҳои дар замони кунунӣ умр ба сар баранда сода аст, вале бо маќсади таъмини сиҳатӣ ва ҷилавгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин гуна бемориҳо мебояд талош варзид, чун саломатӣ гавҳари ноёб асту боарзиш.
Суғдмеҳри Маъруфзод


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: