Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ПЛАСТИКА САЙЁРА ВА ИНСОНҲОРО ДОҒУН МЕСОЗАД

ПЛАСТИКА САЙЁРА ВА ИНСОНҲОРО ДОҒУН МЕСОЗАД

14-01-2023, 13:07
Хабарро хонданд: 493 нафар
Назарҳо: 0
ПЛАСТИКА САЙЁРА ВА ИНСОНҲОРО ДОҒУН МЕСОЗАД

Ифлосшавии муҳити зист бо ҷурми зиёдшавии партовҳои пластикӣ яке аз мушкилҳои асосии глобалӣ дар сайёра дар солҳои охир гаштааст. Ҳамасола миллионҳо тонна партовҳои пластикӣ ба баҳру уқёнусҳо партофта мешаванд, ки боиси фавти теъдоди зиёди ҳайвоноти обӣ мегарданд. Илова бар ин, ин ҷараён ба солимии аҳолӣ низ таъсири манфӣ хоҳад расонид. Кишвари мо низ аз ин мушкилот истисно нест. Бояд гуфт, ки истифодабарии пластика дар Тоҷикистон дар солҳои охир бамаротиб меафзояд ва аҳолии кишвар бобати зарари пластика маълумоти кофи надоранд.
Ибодуллои Маҳмадулло, сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо афзуд, ки 22 марти соли 1985 дар шаҳри Венаи Австрия бо ташаббуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи 28 намояндаи кишварҳои мухталиф Конвенсия дар бораи ҳифзи қабати озон ба имзо расид.
Баъд аз ин, 16 сентябри соли 1987-ум 46 кишвари дигар Протоколи Монреалро оид ба модаҳои вайронкунандаи қабати озон имзо намуданд. Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал бори аввал дар кори ҳифзи қабати озони стратосфераи Замин, ки тағйирёбии он ба саломатии инсон ва муҳити атроф таъсири зиёди манфӣ мерасонанд, ба ҳамкориҳои глобалӣ ибтидо гузошт.
Яъне, мақсад аз қабули ин санадҳои байналмилалӣ танзим намудани истифодаи модаҳои вайронкунандаи қабати озон бо мақсади ҳифзи ҳаёт дар рӯи Замин мебошад.
Бояд гуфт, ки аҳамияти қабати озонӣ аз он иборат аст, ки сайёраи Заминро аз нурҳои ултрабунафши Офтоб ҳимоя мекунад. Яъне, аз меъёр зиёд расидани нурҳои ултрабунафши Офтоб ба Замин метавонад ба саломатии мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон таъсири манфӣ расонад.
Таъсироти ин нурҳо чунин мебошанд:
- Суст шудани масъунияти одам, зиёд шудани бемориҳои сироятӣ, пайдошавии саратони пӯст ва бемориҳои чашм;
- таъсир ба ҷангалзорҳо ва зироатҳои кишоварзӣ;
- вайроншавии таркиби химиявии растаниҳо, аз ҷумла полезиҳо.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи қабати озон аҳамияти ҷиддӣ дода, 4 ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ва 13 ноябри соли 1997 ба Протоколи Монреал ба модаҳои вайронкунандаи қабати озон ҳамроҳ гардидааст ва ҳамасола бо дастгирии мамлакат ва шарикони рушд Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ҷалби олимон ва коршиносони соҳа таҷлил гардида, чорабиниҳои илмию амалӣ оид ба тарзи дуруст истифода бурдани таҷҳизотҳои дорандаи модаҳои вайронкунандаи қабати озон баргузор карда мешавад.
Қабули ин санадҳои байналмилалӣ ва таҷлил намудани Рӯзи байналмилали ҳифзи қабати озон имкон медиҳад, ки истифодаи модаҳои вайронкунандаи қабати озон баҳри ҳифзи муҳити зист ва мавҷудоти зинда дар рӯи Замин ба танзим дароварда шавад.
Дар ин росто, гуфтан бамаврид аст, ки муҳаққиқони амрикоӣ баъд аз таҳлилҳои зиёд ба хулосае омаданд, ки модаҳои химиявии дар таркиби пластмассабуда метавонанд боиси пайдоиши бемории аллергия, безурётӣ, бемории дилу рагҳо ва фарбеҳшавӣ гарданд.
Бояд зикр кард, ки пластика имрӯз ба манбаъҳои обӣ, хокӣ ва баҳрҳо хатар эҷод кардааст. Ҳоло Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаеро дар мавриди истеҳсол, истифода ва воридоти халтаҳои пластикӣ, яъне селофанӣ дар кишвар роҳандозӣ мекунад. Бо мақсади пешгирӣ ё камкунии зарари пластика зарур аст, ки зимни харид ба ҷойи халтачаҳои селофанӣ аз халтачаҳои латтагини бисёркарата ва ё қоғазин истифода бурда шавад. Ин ташаббусро ҳоло бештари кишварҳои дунё дастгирӣ менамоянд. Масалан, дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷойи селофанҳо биопакетҳоро истифода мебаранд, ки он аз ҷуворимакка истеҳсол шуда, баъд аз се рӯзи зери хок мондан мепӯсад.
Мавриди зикр аст, ки аксари шаҳрвандони мо дар истифодаи зарфҳои пластикӣ ва дар партофтани онҳо ҳатто дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бисёр беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Мутаассифона, баъзеҳо зарфҳои холишудаи равғани муҳаррики автомобил, васоити шӯяндагӣ ва ҳатто заҳрхимикатҳоро барои обгирӣ истифода мебаранд ва намедонанд, ки дар ҳарорати зиёда аз 30 дараҷа нигоҳ доштани об дар зарфи пластикӣ аз худ модаи заҳрнок ҳосил мекунад, ки ба саломатии инсон зараровар аст. Бояд донист, ки дар таркиби баъзе намудҳои зарфҳои пластикӣ модаҳои зараррасон мавҷуд аст, ки бо шӯстан ҳам ҳатто тамиз намешаванд ва истифодаи ҳар як зарф муҳлат ва меъёр дорад, ки мутаассифона, имрӯз истифодаи дубораи зарфҳои полимерӣ дар миёни аҳолӣ бисёр ба назар мерасад ва дар ҷомеа як амали муқаррарӣ шудааст.
Мурод Ашӯров, корманди масъули Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин бобат чунин ақида дорад, ки борҷомаи тамоми молу маҳсулот як ҷузъи асосӣ дар истеҳсолот ба шумор меравад. Барои омода кардани борҷома корхонаҳои алоҳидае фаъолият мекунанд, ки барои дигар маҳсулот борҷомаи хоса истеҳсол мекунанд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Регламенти техникии "Бехатарии борҷома" қабул гардидааст, ки татбиқи амалии он ҳангоми истеҳсоли ҳама молу маҳсулот ҳатмӣ аст.
Дар замони муосир борҷомаҳои гуногуни аз маводи пластикӣ омодашуда васеъ истифода мегардад. Анвои гуногуни ғизову нӯшокиҳо, либосу бозичаҳо, асбобҳои рӯзгор, маҳсулоти доруворӣ, гигиенӣ, маводи шустушӯй ва ғайра дар борҷомаҳои пластикии шаклан гуногун борпеч шуда, дар таъмини бехатарӣ, нигоҳдории маҳсулот ва ҳифзи таркиби он махсус гардонида шудааст. Шаклу намуди зоҳирии он ҳам ба чашм зебо ва маҳсулоти дар дохилбударо дилкаш ва агар ғизову нӯшокӣ бошад, онро иштиҳовар нишон медиҳад.
Зарфҳои пластикӣ ва умуман, ҳама борҷомаҳои пластикиро, ки дар он обҳои ташнагишикан ва ё маҳсулоти ғизоӣ ҷой дода шудааст, истифодаашон яккарата муайян гардидааст. Баъд аз истифодаи маротибаи дуюм, истифода бурдани он қатъиян манъ аст. Мутаассифона, аксар одамон бо вуҷуди доштани маълумот ҳам, аз зарфҳои пластикӣ бамаротиб истифода карда, ҳатто ба шаклу намуди костагаштаи он нигоҳ накарда, истифодаи онро идома медиҳанд. Дар фасли гармо аксар бонувон дар дохили ин гуна зарфҳои пластикии истифодаашон як карата муайяншуда, шир ва маҳсулоти ширӣ гирифта онро ба мизоҷон мефурӯшанд. Зарфҳои калони 3 литр ва 5 литраро бошад, ба зарфи асосии интиқоли шир табдил дода, муддати тӯлонӣ истифода мебаранд. Азбаски шӯстани дохили он қулай нест, аксаран чунин андеша доранд, ки тавассути оби ҷӯшида имкон аст дохилашро пок кард ва оби ҷӯшидаи гармро истифода мебаранд, ки дар натиҷа аз таркиби зарфи пластикӣ маводи кимиёвӣ хориҷ мегардад, шакли зарфро ҷамъ мекунад ва ҳаҷмашро кам месозад.
Инчунин, ҳамсуҳбати мо бар он назар аст, ки дар кӯчаву бозор, дар нуқтаҳои фурӯши обҳои ташнашшикани газдор, ки ба тариқи резиш ба сокинон фурӯхта мешавад, истифодаи зарфҳои пластикии истифодаашон як карата муқарраршуда зиёд ба чашм мерасад. Агар мантиқан андеша ронем, он зарфҳоро ҳеҷ гоҳ аз корхонаи истеҳсоли наву тоза намеоранд, балки аз нафароне, ки аз кӯчаву партовгоҳҳо бо ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ (баклажкаҳо) машғуланд харидорӣ мекунанд, ки дар худ аллакай садҳо микробу модаҳои заҳрнокро гирифтаанд. Харидор бошад, мутаассифона, дидаву дониста аз ҳамин гуна нуқтаҳо оби ташнашикани ширину газнокро харидорӣ мекунад.
Ҳарчанд назорати савдои кӯчагӣ ба зиммаи нозирони Агентии “Тоҷикстандарт” набошад ҳам, аммо корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин нуқтаҳо гузаронида мешаванд ва барои ҳифзи солимии шаҳрвандон ба фурӯшандагон маслиҳату машварат дода мешавад.
Ҳолатҳое низ ба чашм мерасад, ки зарфҳои пластикиро сокинон дар кӯчаву манзилҳояшон оташ мезананд, дар оташи он нону ғизо омода мекунанд. Дуди ғализ ва бӯи он бешак, ба узвҳои нафаскашии инсон зараровар аст ва то дергоҳ дар атроф боқӣ мемонаду фазоро заҳролуд месозад.
Дар чунин ҳолат маърифати истеъмолии сокинон ҳам нақши муҳим мебозад. Агар харидор дар бораи зарари зарфҳои пластикии яккарат истифодашаванда маълумот дошта бошад ва ё гигиенаи шахсии худро риоя кунад, ҳеҷ гоҳ аз зарфи пластикӣ (баклажка)-и нафари дигар як маротиба истифодакарда нӯшокиҳоҳоро наменӯшад.
Барои баланд бардоштани маълумотнокӣ ва маърифати истеъмолкунанда, ҳимояи солимӣ ва иттилоъ пайдо кардан оид ба истифодаи дурусти зарфҳои пластикӣ тавассути воситаҳои ахбори умум ба таври доимӣ барномаҳо, хабару гузориш ва мақолаву маълумоти илмиву иттилоотӣ пахш ва нашр мегардад. Тавассути ин маълумот мутахассисони Агентӣ барои аҳли омма муҳимтарин маслиҳату маълумотро мефаҳмонанд, то солимии шаҳрвандон таъмин бошад.
Дар тамоми анвои молу маҳсулот гарчанде тамғагузорӣ бо маълумоти зарурӣ насб шуда бошад ҳам, аммо мутаассифона, на ҳамаи фурӯшандагон ба маълумоти пурраи дар он навишташуда таваҷҷуҳ мекунанд. Бо вуҷуди гузаронидани садҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриву суҳбатҳо бо фурӯшандагон, ки мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” ба таври доимӣ мегузаронанд, аммо ҳанӯз ҳам дар бозорҳо ва даромадгоҳи мағозаву фурӯшгоҳҳо ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки маҳсулоти зиёде дар зери офтоби сӯзон ва ҷойи номувофиқ барои нигоҳдории молу маҳсулот нигоҳ дода мешавад.
Дар ҷумҳурӣ истифода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ самаранок хоҳад буд ва аз истифодаи дуюмбораи зарфҳои пластикии истифодашуда манфиати зиёде ба даст овардан тақозои давру замон аст, ки дар чунин ҳолат солимии аҳолӣ таъмин мегардад ва имкони ба вуҷуд омадани корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави кори доимӣ пеш хоҳад омад.
Наим Неъматзода, муовини сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯи таҳлилии мо афзуд, ки “Яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷамъшавии зарфу борҷомаҳои пластикии зиёд мебошад, ки Тоҷикистон низ аз он истисно нест. Шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта ба зарфу борҷомаҳои пластикӣ бинобар сабаби арзон буданашон ва имкони истифодабарӣ барои нигоҳдории ҳамагуна маҳсулот талабот зиёд гашт. Аммо, таъсири манфии борҷомаҳои пластикӣ ба муҳити зист ба зудӣ эҳсос гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст кашидан аз истифодаи онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Тибқи мушоҳидаҳои коршиносон, дар як сол беш аз 275 миллион тонна партофҳои пластикӣ ҳосил мешавад, ки тақрибан 12 миллион тоннаи он ба баҳрҳо партофта шуда, аз таъсири он ҳамасола 1 миллион парандаҳо, 100 ҳазор ҳайвоноти баҳрӣ ва шумораи зиёди моҳиҳо несту нобуд мешаванд”.
Ҳамчунин, мутахассисону коршиносон таъкид менамоянд, ки зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро набояд баъд аз истифода шуданашон сӯзонд ва ё дар кӯчаҳо партофт, зеро онҳо аз худ модаҳои махсуси заҳролудро хориҷ мекунанд, ки ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Инчунин Наим Неъматзода афзуд, ки тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, агар то соли 2050 аҳолии сайёра аз истифодаи зарфу борхалтаҳои пластикӣ даст накашад, дар уқёнуси ҷаҳонӣ аз моҳӣ дида партобҳо бештар мешаванд. Моҳи марти соли 2019 ин масъала муддати 5 рӯз дар ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ дар Найроби (Кения) мавриди баҳсу муҳокимаронии қариб 5 ҳазор иштирокчӣ-вазирон, донишмандон ва соҳибкорон қарор гирифта буд. Дар натиҷа қатъномае қабул гардид, ки тибқи он дар муддати 10 соли оянда бояд 170 кишвари олам истифодаи маводҳои пластикиро маҳдуд намояд. Аммо чандин кишварҳо мунтазири ин муҳлат нашуда, дар ин роҳ аллакай тадбирандешӣ мекунанд. Дар Франсия ва Литва аллакай истифодаи чунин мавод қатъиян манъ карда шудааст. Дар Гурҷистон, Украина, Белорус, Қазоқистон ва Узбекистон низ истифодаи маводи пластикӣ маҳдуд шудааст. Аз соли 2019 дар ҳамсоякишвари Узбекистон воридот ва истифодаи бо ҷомаҳои полиэтиленӣ ва пластикии қутрашон то 40 микрон барои истифодабарӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ, ба истиснои истифодабарӣ бо мақсадҳои шахсӣ манъ карда шудааст. Дар кишварҳои дигар, амсоли ИМА, Россия, Қирғизистон ва ғайра чунин меандешанд, ки ин гуна тадбирҳо бояд тадриҷан ва давра ба давра роҳандозӣ карда шаванд.
Аз рӯи маълумотҳо, дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо дар вилояти Суғд 3 адад корхона ба истеҳсоли маҳсулотҳои полиэтинелӣ машғул буда, онҳо пурра эҳтиёҷоти ҷумҳуриро бо борҷомаҳои полиэтинелӣ таъмин карда наметавонанд.
Ҳамчунин, донистани аҳолӣ муҳим аст, ки муҳлати нигаҳдории зарфҳои полимерӣ аз рӯзи санаи истеҳсолашон 12 моҳ мебошад. Пас аз гузаштани муҳлати истифодаи маҳсулот, он ранг ва сохташро дигар мекунад, ки истифодаашон қатъиян манъ аст.
Мутахассисони соҳаи экология муайян кардаанд, ки ҳар сол зиёда аз 100 намуди ҳайвонҳои нодир аз ҳисоби афзудани партовҳои пластикӣ дар оби уқёнусҳо мефавтанд. Яъне, имрӯз пластика на танҳо ба инсон, балки ба иқлим ва ҳайвонот низ зарари худро расонида истодааст.
Маркази ҳуқуқи байналмилалии экологӣ бошад, муайян намудааст, ки зимни истеҳсоли пластика бемориҳои системаи асаб, саратон (алалхусус лейкемия), пастшавии функсияи репродуктивӣ (наслдиҳӣ, таваллуд) ва мутатсияи генетикӣ зиёд мешавад. Ҳангоми истифодаи зарфҳои пластикӣ одамон миқдори зиёди заррачаҳои микропластика ва садҳо намуд модаҳои ба саломатӣ зарарнокро фурӯ мебаранд, ки он метавонад боиси сар задани бемориҳои саратон, ақибмонии инкишоф ва мушкилоти эндокринӣ гарданд.
Мувофиқи маълумоти бадастомада, ҳар сол дар ҷаҳон 380-400 миллион тонна пластика истеҳсол мешавад, ки аз он ҳамагӣ 16-18 дарсадаш мавриди коркард қарор мегирад. Илова бар ин, 24 фоизаш сӯзонда шуда, 62 дарсади боқимонда ба партовгоҳу манбаъҳои об ва муҳити атроф партофта мешаванд.
Ҳамчунин, коршиносон таъкид менамоянд, ки зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро набояд баъд аз истифода бурданашон сӯзонид ва ё дар хиёбонҳо партофт, зеро онҳо аз худ модаҳои махсуси заҳролудро хориҷ мекунанд, ки ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Таъкид намудан айни муддаост, ки аҳолии мамлакат бояд аз зарари пластика хуб бохабар бошанд, зеро зиёд мушоҳида мекунем, ки зарфҳои пластикии истифодашударо ба манбаъҳои обу канори роҳ бепарвоёна мепартоянд. Партофтани маснуоти пластикӣ ба муҳити атроф ин хатар ба саломатии инсон аст. Саломатии мо бошад, дар дасти худи мост!


Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: