Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАСЪУЛИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД БОШЕМ!

МАСЪУЛИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД БОШЕМ!

1-06-2024, 08:57
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
МАСЪУЛИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД БОШЕМ!
Соли маърифати ҳуқуқӣ



Мутаассифона, дар ҷомеаи мо инсонҳое ба сар мебаранд, ки аз оқибатҳои кирдорҳои хеш намеандешанд ва беҳтарин лаҳзаҳои умри худросарфи амалҳои ношоиста намуда, ғанимату азиз намешуморанд. Аз ин кирдори ношоистаичунин нафарон бештар фарзандони хурдсоли онҳо азият мекашанд. Бархе ба ҷойи тарбияву меҳрубонӣ намудан ба фарзандон, хизмат кардан ба волидайн, оилаи худ ва ба халқу давлат умри худро дар паси панҷараҳои зиндон мегузаронанд. Ба ғайр аз қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хазинаи ҳазорсолаи ниёгонамон ҳазорҳо панду андарз ҳастанд, ки дар бораи дарёфти роҳи рости зиндагонӣ ва тарбияи фарзандон пайдо намудан мумкин аст.
Мегӯянд, ки обод кардани манзил, шинонидани дарахт ва тарбия намудани фарзанд се амале мебошад, ки ҳар шахс бояд дар умри худ анҷомдиҳад. Инсоне, ки ин се амалро ба сомон расонида тавонистааст, фардо номи ӯро ба некӣ ёд хоҳанд кард. Чунин инсонҳо асолату рисолати хешро дар назди оила ва ҷомеа сарбаландона адо менамоянд. Чунончӣ мегӯянд: “Имрӯзи мо фардои фарзандонамон аст”. Дар хазинаи тиллоии адабиёти ҷаҳон низ доир ба тарбия ва нақши волидон суханҳои пурарзиш фаровонанд.
Ҷексон Браун як фармудаи олӣ ва таъсирбахш дорад: “Чунон зиндагӣ кунед, ки вақте фарзандонатон ба ёди адолат, садоқат ва меҳрубонӣ меафтанд, шумо дар пеши назарашон ҷилвагар шавед”.Аммо чунин зиндагонӣ кардан на ба ҳар кас муяссар мегардад.Баррасии парвандаи ҷиноятии як сокини 45-солаи ноҳияи Файзобод, ки айни замон истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат мебошад, моро водор намуд, ки дар атрофи ин қазия изҳори назар намоем.
Маҳкумшуда С.З.Н. оиладор, соҳиби 8 фарзанд мебошад. Нисбат ба ӯ бори аввал моҳи марти соли 2017 азҷонибиПрокуратураи шаҳриРоғунбароисодиркарданиҷиноятдар асосимоддаи 170-и Кодекси ҷиноятииҶумҳурииТоҷикистонбинобарпушаймонӣ аз кирдори содирнамудааш аз ҷавобгарииҷиноятӣозодкарда шудааст. Маротиби дуюм боҳукмиСудиноҳияиФайзобод аз 4-уми февралисоли 2021 бо моддаи 177 қисми 1-и Кодекси ҷиноятииҶумҳурииТоҷикистон суд шудааст.Ӯдарсодирнамуданиҷиноятбо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятииҶумҳурииТоҷикистонпешбинишуда гунаҳкор дониста мешавад.Ҳангоми дида баромадани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба номбурдадар маҷлиси кушоди судӣдар ноҳияи Файзободмуайян гардид, ки судшаванда дарасоси моддаи 177 қисми 1-и Кодекси ҷиноятииҶумҳурииТоҷикистон, киҷавобгарииҷиноятиробароибадқасдона, яънебидунисабабҳоиузрноксаркашӣнамуданипадарумодаразиҷроиқарорисудоидбапардохтимаблағбароитаъминоти фарзандони ноболиғмуқаррарнамударо дар чунинҳолатсодирнамудааст. Мавсуфмоҳиоктябрисоли 2006 бошаҳрвандО.Ҳ.Ҷ.оилабарпонамуда, аззиндагииякҷояаашон соҳиби се фарзандмебошанд. Бинобарнофаҳмоиҳоиоилавӣонҳомоҳисентябрисоли 2012 азҳамдигар ҷудошуда, боҳалномаиСудиноҳияиФайзободаз 22-юми октябрисоли 2014-умС.З.Н. бароитаъминоти се нафар фарзандониноболиғашбамаблағи 100 сомонӣбарои як фарзанд, ҷамъ300 сомонӣ барои се фарзанддар 1 моҳ алимент муайян карда шудааст.
ТибқиталаботиҳалномаисудС.З.Н. уҳдадоргардидааст, кибароитаъминотифарзандони ноболиғаш маблағимуқарраргардидаросаривақтсупорад,лекинӯбидуни сабабҳоиузрноказмоҳидекабрисоли 2020 томоҳидекабрисоли 2023, дар муддати 36 моҳазпардохтимаблағсаркашӣнамуда, маблағи 10800 (даҳҳазоруҳаштсад) сомониробароитаъминотифарзандони ноболиғаш насупоридааст.Дар судС.З.Н. айби нисбаташ эълонкардашударо эътироф намуда,иқрор шуд, кидарҳақиқат, баъд аз барҳам хӯрдани муносибатҳои оилавиашон бо ҳалномаи Суди ноҳияиФайзободаз 22-юми октябри соли 2014 аз ҳисоби ӯбароитаъминотифарзандониноболиғашалимент муқарраркардашудааст.
Бинобар сабаби душвориҳои зиндагониашмаблағи муқаррашударо саривақтнапардохтааст.Зеро,ӯбоз оиладорбуда, соҳиби 8 фарзанди ноболиғмебошад ва айни замон дарягонҷойкорнамекардааст.Ҳолатҳоидарболо зикргардидамавридисанҷиш ва баҳодиҳии судӣқарор гирифта,собитгари онҳастанд, ки айни ҳолмуносибатҳоиоилавии судшаванда ва ҷабрдида пароканда гардида бошад ҳам,аммоаззиндагииякҷояидар гузаштадоштаашонсоҳибисефарзандҳастанд.
Қобили қайд аст, ки новобаста аз зиндагии якҷоя доштан ва ё надоштани волидайн масъулияти гузоштани хишти аввалро ба ояндаи фарзандон худи онҳо бояд доимо дар мадди назар дошта бошанд. Зеро, падару модар дар ибтидои ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак нақши меҳварӣ дошта, фарзандон тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсиро бо фаҳмиши онҳо дарк мекунанд ва аз рӯйи ҳамин захираҳои зеҳнӣ муносибати худро ба олами атроф муайян мекунанд. Ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо намуда, мақому нақши онҳо дар зиндагии наврас як умр боқӣ мемонад. Бинобар ин, масъалаи таъмини моддии фарзандон низ то ба синни балоғат яке аз вазифаҳои асосии волидайн мебошад ва дар ҳолати саркашӣ кардан он дар асоси қонун таъмин карда мешавад. Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки масъалаи таъмини фарзандон ҳам аз лиҳози биологӣ асос дорад ва ҳам аз лиҳози динӣ-ахлоқӣ тавассути меъёрҳои анъанавии иҷтимоиву ахлоқӣ низ вазифаи ҷонии волидайн дониста мешавад.
Таассуфовар аст, ки ҳанӯз ҳам волидоне ҳастанд, ки нисбат ба масъалаи таъмини моддии фарзандони хурдсоли худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд, ки ин, албатта, кирдори ношоиста ва ғайри қобили қабул аст.
Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Аз ин рӯ, дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз ҷониби масъулин ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣгузаронидани корҳои мунтазами тарғибу ташвиқ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур ва аз манфиат холӣ нест.

Шамшод СУЛАЙМОНЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Файзобод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: