Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОЛИДАЙН - СУТУНИ ОИЛА

ВОЛИДАЙН - СУТУНИ ОИЛА

7-02-2022, 08:19
Хабарро хонданд: 506 нафар
Назарҳо: 0
ВОЛИДАЙН - СУТУНИ ОИЛА

АНДЕША. Падару модарон, ки сутуни оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Воқеан, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон дар ҷойи аввал гузошта, таъкид намуданд, ки "Фарзанд меваи умри одамизод мебошад, то замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд". Фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар, давомдиҳандаи насл ва номбардори падару модар аст. Муҳити оила дар тарбияи фарзанд, албатта бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, хушбахтии аҳли ҷомеа, тараққиёти ояндаи ҷамъият, осудаҳоливу некӯаҳволии мардум аз бисёрҷиҳат ба ҳамкории зичи мактабу оила вобастагӣ дорад.

Бархе аз волидон бо баҳонаи душвории вазъи оилавӣ фарзандони худро барои пайдо кардани маблаѓ ба бозору марказҳои савдо барои боркашонӣ ва дигар корҳо сафарбар мекунанд. Дар натиҷа муҳити носолиме, ки онҳоро тарбия менамояд, барои даст задан ба корҳои номатлуб мусоидат менамояд, ки ин амали онҳо оқибати хуб надорад.

Ҳар як падару модарро лозим аст, ки фарзандони худро ба роҳи рост, омӯзиши илму ҳунар, омӯхтани техника ва технологияи навин, дӯст доштани Ватан, муҳофизати обу хоки он, эҳтироми рамзҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ҳидоят намоянд.

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст. Зеро рафтору кирдори ношоистаи бархе аз наврасону ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст. Дар навбати худ баъзе падару модарон нисбат ба тарбия ва таълими фарзандон бепарво буда, фаъолияти шабонарӯзии онҳоро назорат намекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат, солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон рӯ ба афзоиш дорад.

Ҳидоятгару роҳнамои аввалини кӯдак оила аст. Ӯ дар оила тавлид мешавад ва малакаву хислатҳои нахустинро меомӯзад. Бештари волидайн дар тарбияи фарзандонашон саҳлангорӣ карда, ҳамин уҳдадорӣ ва масъулиятро бар души омӯзгор ҳавола мекунанд.

Тарбия раванди мақсадноку муташаккилест, ки инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин намуда, ӯро ба меҳнату фаъолияти ҷамъиятӣ омода месозад. Агар ба чашми таҳқиқ бубинем, хоҳем дид, ки инсонҳо танҳо тавассути тарбия ба дараҷаи баланди тамаддун расидаанд. Пӯшида нест, ки ҳар миллате, ки тарбияи насли наврасро дуруст ба роҳ мондааст, ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст.

Ба назар бояд гирифт, ки хусусиятҳои физиологию психологии ҷинсият аз ҳам фарқ карда, тарбияи оилавии писар ва духтар роҳу равиш ва нозукиҳои худро дорад. Дар ин кор падару модарон вазифаҳои гуногуни тарбиявиро иҷро менамоянд. Нақши падар дар раванди тарбияи оилавӣ махсус аст. Падар тарбиятгари асосии интизом ва мустақилият ба ҳисоб рафта, асоси амнияту оромӣ ва бехатарӣ дар оила мебошад. Набудани мард дар хона ба ташаккули шахсияти кӯдак таъсири нохушоянд мерасонад. Дар тарбияи писар нақши падар калон аст. Ӯ ба писар одатҳои мардона, ҷасорат, таҳаммулпазир будан дар мушкилиҳои зиндагӣ ва дигар хислатҳои ба мард хос ва муносибро ёд дода, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб медиҳад. Иловабар ин, таъсири тарбияи падар ба писар барои шаҳрванди фаъол будан дар ҷомеа зиёд аст.

Дар ташаккули ахлоқи духтарон бошад, нақши модар бештар аст. Модарон ба духтарон дар баробари нишон додани корҳои занона, оиладорӣ, ҳамчунин, қобилию ҳунармандӣ, хоксорию баномусиро ёд дода, маслиҳат ва ёрӣ медиҳанд, ки соҳибхонаи хуб шаванд.

Маълум, ки тарбия дар оила на ҳамеша бомуваффақият мегузарад. Пажӯҳишҳои олимони соҳа нишон медиҳанд, ки сабаби асосии натиҷаи дилхоҳ надодани тарбияи оилавӣ аз паст будани сатҳи донишҳои педагогии калонсолон вобаста аст.Илова ба ин, сатҳи зиндагӣ ва маълумотнокии падару модарон гуногунанд, аз ин рӯ тарбияи фарзандон низ яксон нест.

Бемасъулиятии волидон ҳам ба тарбияи фарзандон таъсири бад мерасонад. Фориғболии падару модар метавонад ба донишандӯзӣ, аз худ кардани таҷрибаҳои ҳаётӣ ва нисбат ба дигар тарафҳои зиндагӣ малакаю маҳорат пайдо кардани фарзандон монеа эҷод карда, боиси ба амалҳои ношоиста даст задани онҳо шавад.

Имрӯз то ҳаде шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ мерасонанд. Вобаста ба ин, волидону калонсолони хонаводаро зарур аст, ки беэътиноӣ накарда, амалҳои онҳоро пайваста зери назорат гиранд.

Дар мактаб истифодабарии телефонҳои мобилӣ иҷозат дода нашудааст ва доимо хонандагон зери назоратанд. Бинобар ин аз падару модарон даъват ба амал меорем, ки дар давоми таътили тобистона ба фарзандони худ диққати ҷидӣ дода, онҳоро доимо зери назорат гиранд. Зеро имрӯз қариб, ки ҳама озодона ба интернет дастрасӣ доранд.

Расулов Ғолибҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: