Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дуздиву одамкушӣ то ба ташкили фоҳишахона

Дуздиву одамкушӣ то ба ташкили фоҳишахона

8-04-2020, 11:08
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Дуздиву одамкушӣ то ба ташкили фоҳишахона
Тавле ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори авбошӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад номбурда, рӯзи 5-уми апрели соли 2020, ҳангоми дар Терминали мусофиркашонии ноҳияи мазкур қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба тариқи ошкоро тасарруф намудани гӯшворҳои тиллоӣ аз ноболиғ
Ҳамзамон дар ин сана ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки пеш бо моддаҳои 104, 138 қисми 3, 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, ҳангоми дар дар назди МТМУ №77, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо тариқи ошкоро аз гӯшҳои ду духтарчаи хурдсоли 3 ва 6-солаи сокинони кӯчаи Фирдавсӣ, гӯшворҳои тиллоиро, ки арзишашон 2000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳалокати марди 36-сола дар заминаи муноқиша

Санаи 5-уми апрели соли равон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Номбурда, дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Хуҷанд, бо марди 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани дуздии маблағҳои пулӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур, хонандаи синфи 10-уми МТМУ муроҷиат намудааст, ки дар давоми рӯзҳои аз 1-ум то 20-уми марти соли 2020, шахси номаълум аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиашон даромада, аз дохили ҷевон 18 ҳазору 800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки намехонад, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 4-ум ба 5-уми апрели соли 2020, тахминан соати 03:00, бо роҳи шикастани қулфи дар ба мағозаи фурӯши либосҳои мардонаи “Эксклюзив”, воқеъ дар кӯчаи Д.Халқҳо, ки ба ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо либосҳои гуногуни мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҷинояти одамкушӣ

Рӯзи 2-юми апрели соли равон ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, хонандаи синфи 11-уми яке аз Гимназияҳои шаҳри Хуҷанд, дар аснои пайдо шудани муносибати оштинопазирӣ ноболиғ, писарбачаи 18-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 11-умро ба кӯчаи Т.Мирхолиқови ноҳияи Б.Ғафуров даъват карда, бо корд якчанд маротиба ба қафаси сина ва ба дигар узвҳои бадани охирон задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати ноболиғи номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Ташили фоҳишахона

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони ташкил, нигаҳдошти фоҳишахона ва ё даллагӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 4-уми апрели соли равон дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 29-солаи сокини шаҳри мазкурро бо ҷавонзани 20-солаи сокини шаҳри Бохтар шинос карда, аз онҳо 500-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамзамон гумонбаршаванда худи ҳамон рӯз, дар кӯчаи Назаршоев барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 35-солаи сокини пойтахтро бо ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Бохтар шинос карда, аз онҳо 450-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: