Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳанд

Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳанд

8-04-2024, 13:46
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳандБо мақсади тақвият додани ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, амалӣ намудани ҳамкорӣ байни мактабҳои варзишии ҳарду давлат, омӯзиши таҷрибаи варзишгарони олимпии Фаронса дар Тоҷикистон ва доир ба омодагии ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 табодули афкор доир шуда, зимни он баргузории чорабиниҳо, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориро тақвият бахшида, ба иштироки фаъоли ҷавонону варзишгарони ҳарду давлат дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Фаронса доир мегарданд, мусоидат намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: