Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад

Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад

11-12-2023, 09:36
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбадҶиҳати тақвият додани ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат, омӯзиши таҷрибаи Фаронса ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор доир гардид.

Раиси Кумита маълумот дод, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятро дар самти рушди сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, амалӣ намудани низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дошта, талоши онро дорад, ки дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба мамлакат омада бо таассуроти хотирмон амну ором саёҳат намояд.

Ҳамзамон масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Фаронса оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани даврҳои омӯзишӣ дар ин соҳа барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи гардишгарон байни ду давлат баррасӣ гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо ҳавасмандии худро ба ҳамкории судманд ва мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: