ВАРЗИШ МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ14-08-2017, 09:41
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба сазовор таҷлил намудани “Рӯзи байналмиллалии ҷавонон” субҳи дирӯз дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс” дар шаҳри Душанбе вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия бо варзишгарон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур масъулини “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”оиди дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс ёдовар шуданд. Бо қаноатмандии зиёд зикр карда шуд, ки дастоварди бузургтарини варзишгарони мо дар даврони соҳибистиқлолии ин дастоварди Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи тобистонаи Пекин мебошад. Пирӯзии Мавзуна Чориева бори дигар собитсохт, ки бонувони тоҷик аз гузашта то ба имрӯз ҳамчун Гурдофаридони замони худ буданду ҳастанд. Чӣ тавре, ки масъулин гуфтанд дар“ Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”айни ҳол 40-нафар варзишагрон аз сини 8-сола боло ба варзиш машғуланд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои муҳаё намудани шароит ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш тадбирҳои зиёде амалӣ карда шуда истодааст. Дар ин раванд бунёди як қатор варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардонӣ имконият дод, ки наслинаврасу ҷавон бештар ба варзиш машғул шаванд. Дар шароити имрӯзаи зиндагӣ ва марҳилаи ҷаҳонишавӣ варзиш як навъ муаррифгари миллату давлат мебошад аз ин рӯ варзишгарони тоҷик кӯшиш карда истодаанд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни байналмиллалӣ ширкат варзида давлату миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд гуфт Мирзо Каримов. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.