Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Эрон вобаста ба иҷрои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот доир шуд

Дар Эрон вобаста ба иҷрои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот доир шуд

25-12-2023, 17:29
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Дар Эрон вобаста ба иҷрои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот доир шудДар Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон Вафо Хусравӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Мақсад аз баргузории мулоқот амалӣ намудани ҳадафҳои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти пеш бурдани Ҳаракати олимпӣ, баргузории машқҳои дастҷамъона байни варзишгарони ҳарду ҷониб, тарғиби идеяи бозиҳои одилона, иштироки дастаҳо ва варзишгарон дар мусобиқаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешаванд, инчунин мубодилаи таҷрибаи мураббиён мебошад.

Ҳамзамон дар доираи ёддошт мубодилаи иттилоот оид ба барномаҳои таҳқиқотӣ ва таълимии соҳа, ташкили якҷояи барномаҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ, тренингҳо, семинарҳои варзишӣ, мубодилаи таҷрибаи тибби варзишӣ, рушди ҳамкории мутақобилан судманди академӣ дар соҳаҳои илми варзишӣ, техникаи варзишӣ, таълими варзишӣ, таҳқиқоти варзишӣ ва ҳама гуна фаъолияти дигари марбут ба пешбурди Ҳаракати олимпӣ ва варзиш баррасӣ шуд.

Гуфта шуд, ки тамоми паҳлуҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакат дар сатҳи олӣ дастгирӣ ёфта, чандин барномаҳои давлатӣ баҳри рушди босуръати соҳа қабул гардидаанд.

Инчунин гуфта шуд, ки ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз дастовардҳои соҳа маҳсуб шуда, далели ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду ҷониб мебошад, ки бо ҳидоятҳои роҳбарияти олии ҳарду давлат ба амал омадааст.

Ёдовар мешавем, ки 8 ноябри соли 2023 дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: