Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пагоҳ Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад

Пагоҳ Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад

22-06-2017, 10:15
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Пагоҳ Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол 23 июн ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шудааст.

Моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Франсия Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд. 23 июни ҳамон сол асосгузори ҳаракати олимпии муосир Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсади он тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.

Аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1894 дар Юнон бо иштироки 241 варзишгар аз 14 давлат баргузор шуда буданд. Варзишгарон аз рӯи 9 намуди варзиш барои медалҳо рақобат намуданд. Баъд аз 100 сол дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Юнон наздики 15 000 варзишгар аз 202 давлат дар 28 намуди варзиш ширкат карданд.

Дар Муоҳидаи олимпӣ омадааст: «Мақсади ҳаракати олимпӣ тарбияи ҷавонон ба воситаи варзиш дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқат ва ба ин восита дунёи беҳтар ва осуда сохтан мебошад».

Чорабиниҳои асосии Рӯзи олимпӣ марафони дав ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз ҳамчунин мусобиқаҳои дигари варзишӣ, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, шоу-барномаҳо, мулоқот бо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ баргузор мешаванд.

Дар робита ба ин сана Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо тартиб дод. Дар доираи нақша 20-21 майи соли 2017 марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор шуд.

Пагоҳ, 23 июн дар тамоми ҷумҳурӣ мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои гӯштини озод, гӯштини юнонӣ-римӣ, дзюдо, футболи хурд, қайиқронӣ, чавгонбозӣ ва варзиши сабук доир мегарданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: