Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ТАШКИЛОТИ НАВИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БО НОМИ "САЙЁР" ТАЪСИС ДОДА ШУД

ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ТАШКИЛОТИ НАВИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БО НОМИ "САЙЁР" ТАЪСИС ДОДА ШУД

13-03-2024, 13:47
Хабарро хонданд: 687 нафар
Назарҳо: 0
ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ТАШКИЛОТИ НАВИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БО НОМИ "САЙЁР" ТАЪСИС ДОДА ШУД11 марти соли ҷорӣ, дар асоси санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сайёр - 1” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси муассисон баргузор гардид.

Зимни баргузории маҷлиси муассисон мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқов Умед баромад намуда, нахуст ба масъулини ҶДММ “Сайёр - 1” ҷиҳати баргузории маҷлиси мазкур изҳори сипос намуд.

Қайд гардид, ки дар асоси моддаи 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати ба қайд гирифтани 5 нафар аъзои ҳизб метавон дар ин ё он муассиса ва корхонаҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дод. Оид ба масъалаи мазкур, яъне таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҶДММ “Сайёр - 1” кормандони ҷамъият баромад намуда, пешниҳоди мазкурро якдилона дастгирӣ намуданд.

Дар идома, бо пешниҳоди маҷлиси муассисон ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёр”- и ҶДММ “Сайёр - 1” таъсис дода шуд.

Ҳамзамон, бо дастгирӣ ва ҷонибдории аъзои ҳизб Маллаев Бегмурод ба ҳайси раис ва Иброҳимов Иброҳим ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёр” интихоб гардиданд.

Дар фарҷом, ба нафароне, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайвастанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тақдим карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: