Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “Е ДОНИШ” ТАЪСИС ЁФТ

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “Е ДОНИШ” ТАЪСИС ЁФТ

12-10-2023, 09:12
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “Е ДОНИШ” ТАЪСИС ЁФТ

Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Е Дониш” тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ибтидои кори ҷаласа директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Е Дониш” Лутфия Умарова вобаста ба фаъолияти “Е Дониш” ибрози андеша намуд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонї Убайдулло Қурбонзода иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсї бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократї, ҳуқуқбунёд ҳамчунин, рушди устувори иқтисодї ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Инчунин зикр шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионї, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсї”, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.
Тибқи талаботи банди 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзои ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбї таъсис ва он “Е Дониш” номгузорї карда шуд.
Ҳамин тариқ, тибқи талаботи Оинномаи ҳизб бо дастгирии аъзои ҳизб Лутфия Умарова ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбї интихоб карда шуд.
Мувофиқи баррасии рўзномаи маҷлис ба кормандони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Е Дониш”, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд, дар вазъияти тантанавї шаҳодатномаҳои аъзои ҳизб супорида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: