Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 доир гардид

Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 доир гардид

15-02-2024, 14:10
Хабарро хонданд: 898 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 доир гардидБо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 баргузор гардид. Дар он ба 68 ҷоизадори мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 миллиону 462 ҳазору 500 сомонӣ тақдим шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, меҳмонони ифтихорӣ, масъулини соҳа ва варзишгарони шинохтаи мамлакат иштирок намуданд.

Дар оғози маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сухан гуфта, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баён намуданд.

Гуфта шуд, ки ин соҳа зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола заҳмату талош ва меҳнатҳои масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони мамлакат қадрдонӣ мешавад.

Дар идомаи маросими расмӣ озмунҳои соҳавӣ аз рӯи 17 номинатсия ҷамъбаст шуда, беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: