Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷмааи варзишӣ барои ҷавонон

Маҷмааи варзишӣ барои ҷавонон

4-05-2017, 11:27
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
     Маҷмааи варзишӣ барои ҷавонон
Бо ташаббуси ташкилоти ҳизбии «Иттифоқ», намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федратсияи Россия, ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар ин кишвар ва ҳамчунин бо ҳамкории намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Федратсияи Россия дар деҳаи Тайланободи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ маҷмааи варзишӣ бо фаро гирифтани 200 нафар тамрингирандагон сохта ба истифода дода шуд.
Чунин иқдомҳои ватандӯстона пеш аз ҳама саҳм гузоштан дар созандагию бунёдкории ватани маҳбуб ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба роҳ монда шуда, инчунин барои фароҳам овардани шароити муносиби рушди зеҳнию ҷисмонӣ барои ҷавононе, ки дар деҳот зиндагӣ доранд ва дар маҷмуъ таблиғу тарбияи ватандӯстӣ дар замири ҷавонон маҳсуб мегардад.
Дар маросими кушодашавии ин маҷмаа роҳбари Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода ва раиси кумитаи иҷроияи «Иттиҳод» Саидбек Мирзомуддинов суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки варзиш беҳтарин василаи муаррификунандаи давлату миллат дар замони муосир ба ҳисоб рафта, ба ин васила ҷаҳон аз фарҳанг, таърих ва тамаддуни он шинохта мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб чунин иқдомҳоро роҳандозӣ намояд. Ҳамин тавр, пас аз ба фаъолият шурӯъ намудани маҷмааи варзишӣ мусобиқа аз рӯи намуди гуштини миллӣ доир карда шуда, ғолибон бо диплому туфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Гулҳаёи Мадимар



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: