Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи назариявӣ-амалӣ доир мешавад

Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи назариявӣ-амалӣ доир мешавад

30-10-2023, 10:03
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи назариявӣ-амалӣ доир мешавад1 ноябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – иродаи мо, ҷавонон дар роҳи давлатдории миллӣ» конференсияи назариявӣ – амалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конференсия иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли мамлакат, дар маҷмуъ 400 нафар дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бисту нуҳ сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Аз ин рӯ таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб мешавад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: