Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » 269 МЕДАЛ ДАР ШАШ МОҲ

269 МЕДАЛ ДАР ШАШ МОҲ

5-08-2022, 11:47
Хабарро хонданд: 1586 нафар
Назарҳо: 0
269 МЕДАЛ ДАР ШАШ МОҲ
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар ҷараёни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ варзишгарони кишвар ба хазинаи варзишии мамлакат 269 медал ворид намуданд, ки аз ин шумора 64 медали тилло, 77 нуқра ва 128 медали биринҷӣ мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 38 медали тилло, 43 медали нуқра ва 97 медали биринҷӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки муаррифии варзиши тоҷик дар сатҳи ҷаҳон ва дарёфту омода намудани варзишгарони касбии сатҳи баланд тавассути баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад. Дар ин давра, бо ташаббуси кумита 49 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявии варзишӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 5127 нафар, аз ҷумла 1044 нафар бонувон иштирок намуданд.
- Дар доираи марҳила ба марҳила доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 1715 марҳилаи мусобиқаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва 235 мусобиқаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, ки дастаҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи дастурамали марҳила ба марҳила доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд, - гуфт Раҳмонзода.

Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: