
Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Кунмини музофоти Юннан, дар ҷанубу ғарби Чин баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Kazinform» иттилоъ медиҳад.
Марафони Кунмин, ки бори ҳаштум баргузор шуд, дар оғози мусобиқа тақрибан 15 ҳазор варзишгар ва дӯстдорони давро ҷамъ овард, ки барои онҳо ташкилкунандагон чор масофа — 42,2 км, 21,1 км, 5 км ва дав барои волидон ва кӯдаконро омода намуданд.
Роҳҳои марафони Кунмин дорои иҷозатномаи тиллоии Федератсияи умумичинии варзиши сабук, инчунин иҷозатномаи нуқрагии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук мебошанд.
Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2016 инҷониб ҳамасола дар Кунмин баргузор мешавад.