
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, баргузор мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ин чорабинии бонуфуз.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (онлайн) ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд. Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.
Дар ҷараёни нишасти ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкори