Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » РОҲИ САФЕД! Варзишгари тоҷик барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Амрико меравад Июнь 30, 2022 13:12

РОҲИ САФЕД! Варзишгари тоҷик барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Амрико меравад Июнь 30, 2022 13:12

1-07-2022, 07:05
Хабарро хонданд: 1584 нафар
Назарҳо: 0
РОҲИ САФЕД! Варзишгари тоҷик барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Амрико меравад Июнь 30, 2022 13:12

Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ба Амрико меравад. Дар ин сафар ӯро қаҳрамони олимпӣ, Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна Дилшод Назаров ҳамроҳӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии (КМО) Тоҷикистон хабар доданд.

18-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук 23-26 июли соли 2022 дар дуввумин шаҳри калонтарини иёлоти Орегони ИМА — Юджин баргузор мешавад. Чемпионати мазкур мебоист 6-15 августи соли 2021 баргузор мегардид. Чемпионат бинобар мавқуф гузоштани Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токио ба соли 2021 бар асари пандемияи коронавирус ба таъхир афтод.

Мавриди зикр аст, ки Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи пешакии варзиши сабук дар Олимпиадаи 2021 дар пойтахти Ҷопон ширкат карда, ба масофаи 100 метр натиҷаи беҳтарини шахсӣ (10,66 сония) нишон дод.

Чанде қабл (моҳи июни соли 2022) дар Тошканд дар варзишгоҳи Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон 4-умин Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба поси хотираи Геннадий Арзуманов оғоз ёфт, ки дар он дастаҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар давидан ба масофаи 100 метр медали тилло гирифт ва рекорди варзишгоҳро (10,37 сония) гузошт. Бар замми ин Аҳмадиев дар ҷаҳидан ба дарозии (7,59 метр) медали нуқраро ба даст овард.


ДАР АКС: Илдар Аҳмадиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба поси хотираи Геннадий Арзуманов дар Тошканд

Илдар Аҳмадиев пайваста дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун иштирок мекунад. Аҳмадиев варзишгари боистеъдод буда, ба гуфтаи мутахассисон, худро пурра ба тамрин бахшидааст ва ба ҳар як мусобиқа бо кӯшиши зиёд омода мешавад.

Аҳмадиев 1 марти соли 2000 таваллуд шудааст. Ба тамрини ҷиддӣ ў соли 2017 шурӯъ намудааст. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Чемпиони ҷаҳон Саймуъмин Раҳимовро хатм кардааст.


ДАР АКС: Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаҳои Бозиҳои олимпӣ дар Токио

Ёдовар мешавем, ки Илдар Аҳмадиевро дар ин сафар қаҳрамони олимпӣ, Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ва Раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна Дилшод Назаров, ки дар анҷумани Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ширкат меварзад, ҳамроҳӣ мекунад. Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук мақоми роҳбарикунандаи ҷаҳонии варзиши сабук буда, то соли 2001 Федератсияи байналмилалии ҳаводорони варзиши сабук номида мешуд. Феълан ба IAAF 214 федератсияи миллӣ ва иттиҳодияҳои қитъавӣ, аз ҷумла Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи федератсияҳои варзиши сабуки Осиё шомиланд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 20 апрел дар ҷаласаи Конгресси Доҳа (Қатар) Раиси федератсияи минтақавӣ ва Раиси Комиссияи варзишгарони Ассотсиатсияи федератсияҳои варзиши сабуки Осиё интихоб гардид.

Саид АЛӢ,
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои бо
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: