Ҳар сол МегаФон Тоҷикистон дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ садҳо пойгоҳҳои базавии (ПБ) гуногунро ба кор медарорад. Пойгоҳҳои базавӣ чӣ гуна мешаванд ва чӣ зарурат аст, ки миқдори онҳо зиёд бошад?
Миқдори зиёди пойгоҳҳои базавӣ бо ду сабаб зарур меояд. Якум – бояд фарогирии шабака дар ҷое таъмин шавад, ки қаблан дар он алоқа мавҷуд набуд. Дар айни замон асосан ҷамоатҳои баландкӯҳҳо бо алоқа таъмин нестанд, дар ҷойҳои боқимонда алоқа аллакай фаъол аст. Сабаби дуюм – дар ноҳияҳои сераҳолӣ ва шаҳрҳои бузург ба даҳҳо ҳазор нафар зарур аст, ки ҳамзамон занг зада, интернетро истифода баранд. Ҳар пойгоҳи базавӣ метавонад танҳо ба миқдори муайяни муштариён хизмат расонад, агар теъдоди онҳо зиёд шавад, мутаносибан миқдори пойгоҳҳо низ бояд зиёд шавад. Вобаста ба макони насб ва теъдоди истифодабарандагон мутахассисони техникӣ намуди пойгоҳи базавиро интихоб менамоянд.
Пойгоҳҳои базавии калон
Чунин пойгоҳҳои базавӣ ба фарогирии ҳудуди калон бо алоқа нигаронида шудаанд. Радиуси амали онҳо вобаста ба басомади ПБ ва инчунин макони насби онҳо – шаҳрҳо бо биноҳои баландошёнаи ба ҳам зич ё мавзеи кушод аз 500 метр то 30 километрро ташкил медиҳад. Таҷҳизот дар иншооти антеннавӣ-мачтавӣ (ИАМ, содатар гӯем, манора), қуллаи кӯҳ ё боми бино ҷойгир мешавад. Дар ҳар ҳолати мушаххас баландии насби пойгоҳҳои базавии алоҳида ба инобат гирифта мешавад, лекин баландии ИАМ ба ҳисоби миёна 20-30 метрро ташкил медиҳад.
Пойгоҳҳои базавии калон дар ҳама басомадҳои дар алоқаи мобилӣ амалкунанда – аз 800 то 2600 МГтс кор менамоянд, технологияҳои алоқаи ҳамаи наслҳо, аз 2Gто 3G-ро дастгирӣ намуда метавонанд. Ҳангоми истифодаи басомадҳои мухталиф ҳар пойгоҳи базавӣ қариб ба 1 000 муштарӣ дар як вақт хизмат мерасонад. 99% ҳамаи майдонҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон»-ро пойгоҳҳои базавии калон ташкил медиҳанд.
Пойгоҳҳои базавии хурд
Биноҳои баландошёна, конструксияҳои металлӣ, намоҳои шишагин – ҳамаи ин барои сигнали телефон монеа пеш меоранд. Агар он дар дохили бино дастнорас бошад, мутахассисони алоқа пойгоҳҳои базавии хурди хеле мувофиқро ба кор мебаранд. Радиуси амали онҳо – қариб 10-15 метрро ташкил медиҳад, тариқи онҳо метавон то ба 100 истифодабаранда хизмат расонид.
Пойгоҳҳои базавии ниҳоят хурд
Сухан дар бораи пойгоҳҳои базавии хурдтарин меравад. Онҳоро дар ҳуҷраҳои алоҳида ё утоқҳои кории идораҳо, толорҳои қаҳвахонаю тарабхонаҳо, хуллас дар ҷойҳое насб месозанд, ки теъдоди истифодабарандагонашон начандон зиёд аст. Моҳиятан гирем, ПБ ниҳоят хурд- ин як навъ воситаи вусъатбахшандаи сигнали пойгоҳҳои базавии «калон» ба шумор меравад.
Пойгоҳҳои базавии сайёр
Шарт нест, ки пойгоҳҳои базавӣ дар ҷои муайяне насб шуда бошанд. МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии сайёрро дар заминаи автомобил ба кор мебарад ва ин тадбир бо мақсади вусъати шабака дар вақти чорабиниҳои бузург андешида мешавад. Ба қатори чунин чорабиниҳо консертҳои ситораҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, форумҳои байналмилалӣ ва ҷашнҳои шаҳрӣ дохил мешаванд. Дар ин ё он ноҳия теъдоди истифодабарандагони алоқа давоми якчанд соат ва ё аз ҳама зиёд якчанд рӯз якбора ба маротиб зиёд мешавад – ва сипас боз ба нишондиҳандаҳои қаблӣ баробар мешавад. Бинобар ин, гузоштани боз як ПБ-и доимӣ дар чунин минтақаҳо зарур нест, дар вақти сарбории зиёдтарин ба шабака пойгоҳи сайёри базавӣ пайваст мешавад. Чунин пойгоҳҳои базавӣ ба фарогирии ҳудуди калон бо алоқа нигаронида шудаанд. Радуси амали онҳо вобаста ба басомади ПБ ва инчунин макони насби онҳо – шаҳрҳо бо биноҳои баландошёнаи ба ҳам зич ё мавзеи кушод аз 500 метр то 30 километрро ташкил медиҳад.
Масалан, пойгоҳи сайёри базавӣ ҳамеша дар фестивали ҳарсолаи «МегаФон Life Fest» фаъол мешавад, то ки ҳамаи меҳмонон новобаста аз теъдодашон бе монеа занг бизананд ва интернетро истифода баранд.