Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВКД ҶТ маълумот дар бораи дар қаламрави Тоҷикистон бунёд гардидани пойгоҳи ҳарбии Чинро рад намуд

ВКД ҶТ маълумот дар бораи дар қаламрави Тоҷикистон бунёд гардидани пойгоҳи ҳарбии Чинро рад намуд

1-11-2021, 09:36
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
ВКД ҶТ маълумот дар бораи дар қаламрави Тоҷикистон бунёд гардидани пойгоҳи ҳарбии Чинро рад намуд
Октябрь 30, 2021 09:47

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Маълумот дар бораи он ки дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзнома гузошта нашудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд.
Маълумот дар бораи он ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст», — омадааст дар изҳороти ВКД ҶТ.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки «дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи инфрасохтори мавҷудаи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ гузаронидани машқҳои тактикии муштарак миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пешбинӣ шудааст».
Аз ин рӯ, ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод ва пардохт карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 29 октябр Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин низ хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи ҳарбӣ дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи шарҳи хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи ҳарбии Чин дар Тоҷикистон гуфт: «Бо итминон метавонам бигӯям, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи ҳарбӣ надорад».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: