Русия хабари таъсиси пойгоҳи дувумро дар Сурия рад мекунад27-01-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Игор Конашенков, сухангӯи вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, кишвараш ба таъсиси пойгоҳи иловагӣ дар Сурия зарурат надорад.
Вазорати мудофиаи Русия гуфт, Русия ният надорад дар Сурия дувумин пойгоҳи ҳавоӣ таъсис диҳад. Пештар расонаҳо навишта буданд, ки Русия ба таъсиси пойгоҳи нав дар Камишлӣ - шимолу шарқи Сурия, дар наздикии сарҳади Туркия омодагӣ мебинад. Котиби матбуотии вазорат генерал-майор Игор Конашенков гуфт, низомиён ният надоранд дар Камишлӣ пойгоҳи иловагӣ ва ё фурудгоҳ таъсис диҳанд. Сар аз сентябри соли гузашта, аз замони оғози амалиёти ҳавоии Москва дар Сурия, ҳавопаймоҳои низомии Русия аз пойгоҳи Хмеймим дар вилояти Латақиёи Сурия наздики 6 ҳазор парвоз анҷом додаанд. Конашенков афзуд, ҳавопаймоҳои низомии Русия, ки дар пойгоҳи Хмеймим ҷойгир ҳастанд, қодиранд, ки дар ним соат ба дилхоҳ нуктаи Сурия бирасанд. Ба ҳамин далел, мегӯяд Кошаненков, барои таъсиси пойгоҳи иловагӣ зарурат нест. Амалиёти ҳавоии Русия ба артиши президенти Сурия Башор Асад кумак кард, ки ба ҳамла гузарад ва дар ҳафтаҳои охир бархе аз навоҳии калидии мухолифини Сурияро ишғол кунад. Ин дастовардҳои артиш дар остонаи шуруи гуфтушунидҳо бо мухолифон мавқеи ҳукуматро пурзур кардааст. Гуфтушунидҳои Сурия қарор аст 29 январ дар Женева оғоз шавад. ©centralasian.org |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.