Баррасии парвандаи Иван Шербаков 19 июл оғоз мешавад18-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Мурофиаи додгоҳии Иван Шербаков, сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе айбдор аст, баргузор мешавад.
Шербаков дар куштори ваҳшиёна айбдор мешавад. Вай ба гуноҳи худ иқрор карда, розӣ шуд, бо муфаттишон ҳамкорӣ намояд. Парвандаи ин сарбози русро Додгоҳи низомии округи Урал дар қаламрави пойгоҳи 201 баррасӣ намуда, мурофиаи нахустинаш 19 июл баргузор хоҳад шуд. Шербаков нахустин сарбози рус нест, ки дар қаламрави Тоҷикистон даст ба ҷиноят мезанад. Дар гузашта низ бархе аз сарбозони пойгоҳи 201 бо айбҳои гуногун ба додгоҳ кашида шудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.