Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намояндаи Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок дорад

Намояндаи Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок дорад

29-11-2023, 11:30
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Намояндаи Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок дорадДар шаҳри Ню-Йорки Америка машварати байналмилалӣ дар мавзуи «Идоракунии захираҳои инсонии хизмати давлатӣ дар асоси истеъдод дар асри 21» оғоз гардид, ки дар он сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Кенҷазода иштирок дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд, машварат бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизмати давлатии шаҳрвандии байналмилалӣ ташкил шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

Ҳадафи баргузории машварат муаррифӣ ва шиносоӣ бо натиҷаҳои дастовардҳои охирин дар самти идоракунии захираҳои инсонии муосири хизмати давлатӣ барои масъулони мамлакатҳои аъзои ин шабака буда, ҳамчунин барои табодули таҷриба ва ҳалли масъалаҳои идоракунии захираҳои инсонии муосири мамлакатҳои аъзо истифода мешавад.

Иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар ин машварат ва омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатӣ 40 мамлакати аъзоро фаро гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассис ва узви комилҳуқуқ бо ин шабака ҳамкорӣ дорад. Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо даъвати он мунтазам барои омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта дар кори конференсияю машваратҳои сатҳи байналмилалии созмондодаи ин шабака иштирок менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: