Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан баргузор мешавад

Дар Душанбе Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан баргузор мешавад

30-06-2023, 09:54
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан баргузор мешавад Дар шаҳри Душанбе Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан доир мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2023 ба тавсиб расид.

Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ҳайати Комиссия, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали мазкур дар пойтахт тасдиқ гардид.

Барои баргузор намудани Фестивали мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағ ҷудо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» шанбе якуми моҳи июл дар Тоҷикистон Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан, инчунин Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ доир мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: