Дар шаҳри Конибодом нахустин фестивали байналмилалии «Шашмақом» доир мешавад14-09-2017, 10:27
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бори нахуст Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад. Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал бо мақсади гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон- шашмақом ва рушду тарғиби ин санъати воло бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Конибодом гузаронида мешавад. Барои иштирок дар фестивал гурӯҳҳои шашмақомсарои Тоҷикистон ва Ўзбекистон даъват шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи фестивал Ҳамоиши байналмилалии олимон ва ҳунармандони санъати шашмақом дар мавзўи «Инкишофи санъати шашмақом дар давраи Истиқлолият» доир мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.