12 май дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад11-05-2018, 07:33
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
![]() ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 май дар саросари мамлакат Фестивали бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад. Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, Фестивали мазкур бо мақсади оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бо доираи васеи варзишгарон, бозиҳои дӯстона ва машқу тамринҳо дар боғҳои марказӣ ва майдончаҳои варзишӣ диор мешавад. Ёдовар мешавем, ки маросими кушодашавии Фестивал дар шаҳри Душанбе дар майдончаҳои назди варзишгоҳи марказии пойтахт соати 8:00 баргузор хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.