
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, баргузор мегардад. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медихад.
Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур 14 майи соли 2019 таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» баргузор гардида, дар он шумораи зиёди ҷавонони хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузории Фестивали фарҳангии «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» -ин пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон, ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар ва тақвият додани ҳамкориву дастгириҳои ҷавонони олам мебошад.
Инчунин дар фестивал сарояндагони ҷавони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, бо мусиқиҳои ҷолиб, рақсу суруд ва тарона хотири ҷавононро болида мегардонанд.