Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад

Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад

14-06-2021, 10:14
Хабарро хонданд: 107 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардадДар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад.Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2021 ҳайати Кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тасдиқ гардид. Барои баргузории ин озмун аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 9370 (нуҳ ҳазору сесаду ҳафтод) сомонӣ ҷудо гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, озмуни мазкур тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» тадбирҳои дахлдор андешанд.

Ҳадафи асосии озмуни мазкур тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои ин ҳунари аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати устоҳо ва муаррифии намудҳои гуногуни маҳсули ин ҳунар мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: