Заминларзаи харобиовареро, ки 6 феврал дар Туркия рух дод, метавон ғайримуқаррарӣ ҳисобид, зеро таконҳои якуми он бо заминларзаи дуюм қиёсшаванда буданд. Дар ин хусус ба ТАСС Директори Институти қишри замини бахши сибирии Академияи илмҳои Русия, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия Дмитрий Гладкочуб хабар додаст.
«Дар Туркия зилзилаҳои аз ин ҳам сахттар ба амал омада буданд, вале дуто ин гуна сахт- ин, шояд бар хилофи қоида ва ғайримуқаррарӣ бошад. Одатан пасларзаҳо нисбат ба такони аввал заифтаранд. Агар шиддати ларзиш минбаъд пасттар мешуд, шояд ин гуна вайронӣ ба амал намеомад», — иброз доштаст ин олим.
Такони аввал дар умқи 7 километр дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Шиддати он 7,7 баллро ташкил дод. Давоми рӯз пасларзаҳои қувваташон гуногун ба қайд гирифта шуданд, як заминларзаи дигар бо шиддати заминларзаи аввала ба амал омад. Он дар километри 67-уми шаҳри Қаҳрамонмараш ба вуқӯъ пайваст, марказаш дар 2 км аз сатҳи замин ҷойгир буда, шиддаташ боз 7,7 баллро ташкил дод.
Дар 10 музофоти Туркия ва давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Сурия таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо ба қайд гирифта шуданд. Теъдоди ҳалокшудагон дар Туркия бар асари заминларзаи харобиовар беш аз 5,8 ҳазор нафар буда, 34 810 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Сурия, шумораи ҳалокшудагон ба 1250 нафар афзуда, 2054 нафар маҷрӯҳон ба беморхонаҳо бурда шуданд.