Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Туркия заминларзаи шиддатнокиаш 6,7 балл рух дод

Дар Туркия заминларзаи шиддатнокиаш 6,7 балл рух дод

21-07-2017, 13:19
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Дар Туркия заминларзаи шиддатнокиаш 6,7 балл рух дод

ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соҳили ғарбии Туркия заминларзаи шиддатнокиаш 6,7 балл рух дод.

Дар ин бора Агентии ТАСС бо истинод ба Маркази сейсмологии баҳримиёнагии Аврупо хабар дод.

Бино ба иттилои Марказ, заминларза соати 01:31 ба вақти маҳаллӣ (03:31 ба вақти Душанбе) рух додааст. Маркази заминҷунбӣ дар километри 12-уми ҷануби осоишгоҳи машҳури Бодрум (музофоти Мугла), дар километри 16-уми ҷазираи Коси Юнон ва дар километри 90-уми ҷазираи Родос воқеъ будааст.

Тавре Агентии «Рейтер» хабар медиҳад, дар ҷазираи Кос бар асари ин ҳодиса на кам аз ду нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамзамон, Агентӣ меафзояд, ки дар Туркия заминларза хисороти ҷиддӣ нарасондааст.

Вале тибқи гузориши шабакаи телевизиони «НТВ», аллакай тақрибан 700 ба беморхонаҳои Бодрум муроҷиат кардаанд.

Раиси шаҳри Мугла эълон кард, ки заминларза дар қисматҳои алоҳидаи музофоти ҳамном ба қатъ гардидани интиқоли неруи барқ боис гардид. Ҳамчунин раиси шаҳри Бодрум дар бораи дар баъзе аз биноҳои кӯҳна пайдо шудани тарқишҳо хабар дод.

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки заминларза ба пайдо шудани тӯфони хурд оварда расондааст. Бино ба хабари рӯзномаи «The Daily Mail», заминларза ба зери об мондани баъзе меҳмонхонаҳои воқеъ дар соҳили шаҳр-осоишгоҳи Мармарис боис шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: