Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР ГАИТИ. Шумораи фавтидагон ба 1297 нафар расид

ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР ГАИТИ. Шумораи фавтидагон ба 1297 нафар расид

16-08-2021, 14:25
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР ГАИТИ. Шумораи фавтидагон ба 1297 нафар расид

ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Гаити ба 1297 нафар расид. Ҳадди ақалл 5,7 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 15 август Агентии Франс Пресс бо истинод ба маълумоти раёсати мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ хабар додааст.

Заминларза бо шиддати 7,2 балл тақрибан дар километри 125-уми самти ғарбии пойтахти Гаити- Порт-о-Пренс 14 август рӯзона рух дод. Маркази зилзила дар умқи 6 мил (тақрибан 9,65 км) будааст.

Ба гуфтаи нахуствазири Гаити Ариэл Анри, офати табиӣ ба минтақаҳои ҷанубӣ “хисороти бузург» ворид кардааст. Мақомоти кишвар ҳолати фавқулода эълон кардаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо супориши президент Ҷо Байден ба ин кишвари ҷазиравӣ кумак мекунанд.

Соли 2010 ин кишвар аллакай бо заминҷунбии ба ин дараҷа баробар дучор омада буд. Дар он вақт дар Гаити як силсила ларзишҳо ба амал омаданд, ки пурқувваттарини онҳо – бо шиддати 7 балл низ дар ғарби Порт -о -Пренс сабт шуда буд. Тибқи ҳисобҳои расмӣ, шумораи қурбониён аз 222 ҳазор нафар гузаштааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: