Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАР АФҒОНИСТОН ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД РУХ ДОД. 280 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 600 кас ҷароҳат бардоштанд

ДАР АФҒОНИСТОН ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД РУХ ДОД. 280 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 600 кас ҷароҳат бардоштанд

23-06-2022, 06:55
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
ДАР АФҒОНИСТОН ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД РУХ ДОД. 280 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 600 кас ҷароҳат бардоштанд

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзаи шаби гузашта дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон на кам аз 280 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии «Bakhtar» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод.

Дар вилоятҳои Хуст ва Пактико, воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон, заминларзаи шиддатнокиаш 6,1 бал рух дод, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира». Дар натиҷа на кам аз 280 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар дод агентии «Pajhwok» дар шабакаи иҷтимоии «Twitter».

Дар навбати худ, шабакаи телевизионии «TOLOnews»-и Афғонистон гузориш дод, ки шаби гузашта заминларза рух дода, дар натиҷаи он чанд бинои истиқоматӣ хисорот дидаанд. Тибқи изҳороти мақомоти маҳаллӣ, феълан дар минтақаи офати табиӣ амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома дорад.

«Бар асари заминларза дар ноҳияҳои Бармало, Зирук, Нака ва Гаяни вилояти Пактико на кам аз 255 нафар ба ҳалокат расида, 155 каси дигар захмӣ шуданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи ВАО-и маҳаллӣ. Ба садҳо нафар осебдидагон ёрии зарурии тиббӣ расонида шуда, хисороти расида арзёбӣ карда мешавад.

Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар дод, ки заминларзаи дар Афғонистон баамаломада дар Покистон ва Ҳиндустон низ дар масофаи беш аз 500 километр эҳсос шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, на кам аз ду такони зеризаминӣ ба қайд гирифта шудааст: 5,9 ва 4,5 бал. Дар ҳарду маврид маркази заминларза дар умқи беш аз 10 километр ҷойгир буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: