Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд

Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд

1-02-2023, 16:55
Хабарро хонданд: 948 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шудCоли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд, ки бештари онҳо вобаста ба ҷарроҳиҳои гуногун ва дорувориҳои зиддимикробӣ мебошанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф изҳор дошт, ки ҳар ихтирое, ки дар самти тиб ба амал меояд, дар тамоми маҷаллаҳои ҷаҳонӣ ба нашр расида, онро плагиат кардан номумкин аст.

«Ихтирооти аз ҷониби Донишгоҳ пешниҳодшуда вобаста ба ташхису табобат барои баланд бардоштани дараҷаи муолиҷаи беморон ва ҳамчунин паст намудани сатҳи беморӣ миёни аҳолӣ хизмат хоҳанд кард»,-афзуд ӯ.

Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, имрӯз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Молдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия ва ғайра ҳамкории зич дорад.

Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки соли сипаригардида 2 созишномаи дуҷониба тамдид ва 12 созишномаи дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

«Ҷиҳати татбиқи шартномаҳои мазкур дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак амалӣ карда мешаванд. Тибқи мубодилаи академӣ, дар давраи ҳисоботӣ 19 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати идомаи омӯзиш дар семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба Академияи давлатии тиббии Ижевск равона карда шуданд»,-гуфт ректори донишгоҳ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: