Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Имсол бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад Февраль 1, 2022 13:30

Имсол бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад Февраль 1, 2022 13:30

2-02-2022, 08:47
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
Имсол бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад Февраль 1, 2022 13:30
1 сентябри соли равон бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ба истифода дода мешавад, иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.
Ба гуфти М. Гулзода, иншооти асосӣ аз се бинои 9 ва 4 ошёна иборат мебошад. Синфхонаҳои таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 28 апрели соли 2017 барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузошта буданд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисгоҳ бо 1000 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона бо толори хониш ва толорҳои хурди дарсӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳудуди иншоот инчунин сохтмони се бинои нави таълимӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, 4 бинои 12-ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён, 2 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, майдону толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, бинои озмоишгоҳ, майдони теннис, минтақаи хоҷагӣ ва боғ дар назар дошта шудааст. Инчунин дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Маҳмадшоҳ Гулзода зикр намуд, ки беҳтар намудани ташкили раванди таълим, назорат ва идоракунии он татбиқи идоракунии системавӣ ва мониторингиро, ки ба таври доимӣ такмилёбанда аст, тақозо менамояд. Низоми нави идоракунӣ дар асоси принсипҳои системаи идоракунии сифат, стандарти байналмилалиии ИСО тартиб дода шудааст. ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино яке аз аввалинҳо шуда, миёни муассисаҳои таълимии кишвар татбиқи системаи менеҷменти сифатро дар асоси стандарти умумиҷаҳонии ИСО 901:2015 мавриди амал қарор дод.

«Шумораи муҳассилини хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ҳоли афзоиш буда, дар донишгоҳ 1951 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 19 давлати дунё таҳсил доранд. Аз онҳо дар сатҳи дипломӣ 1910 нафар донишҷӯён, дар сатҳи баъдидипломӣ -зинаи магистратура, аспирантура, докторантура (PhD) 14 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ — дар зинаи ординатураи клиникӣ — 19 ва дар Маркази омодагии қаблӣ — 8 нафарро ташкил медиҳад»,- афзуд Маҳмадшоҳ Гулзода.


Қудрат Давлатзода: «Бунёди устохонаи Лу Бан дар Тоҷикистон бузургтарин дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳад буд»
Февраль 1, 2022 13:10


ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаригардида дар заминаи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифта шуд, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ устохонаи Лу Бан бунёд гардад, ки он дар минтақаи Осиёи Миёна аввалин устохонаи чунин сохт ба шумор меравад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қудрат Давлатзода хабар дод.

Ба гуфтаи мавсуф, барои таъсиси ин устохона донишгоҳ тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ дод, то он дар Тоҷикистон бунёд карда шевад.

«Бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тамоми воситаҳоро истифода бурда, шароит муҳайё намудем, то он дар ҷумҳурии мо ба истифода дода шавад. «Озмоишгоҳ -устохонаи мазкур дар доираи Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чин 4 январи имсол ба имзо расида буд, асосан барои мутахассисоне, ки Донишгоҳи технологӣ дар самти сохтмон омода мекунад, нигаронида шудааст. Он дар наздиктарин муҳлат ба истифода дода шуда, дар самти омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи сохтмон нақши муассир хоҳад бозид»,-зикр намуд Қудрат Давлатзода.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ» таҳия ва татбиқ карда шавад. Бо таваҷҷуҳ ба дастури Пешвои миллат ва рушди бесобиқаи илму техника, дарёфт ва рушди малакаи зеҳнии донишҷӯёни лаёқатманд пешниҳод гардидааст, ки дар донишгоҳ Маркази зеҳнии сунъӣ таъсис дода шавад. Ба иттилои масъулин, корҳо дар ин самт ҷараён доранд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар рейтинги байналмилалии Вебометрикс Ренкинг оф Волд Юниверсити бо нишондиҳандаҳои баландтарин дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар арсаи ҷаҳон донишгоҳ мавқеи худро дар қиёс ба соли қаблӣ 3734 зина боло бурд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: