Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДДМИТ ҶОЙИ СЕЮМРО ИШҒОЛ НАМУД

ДДМИТ ҶОЙИ СЕЮМРО ИШҒОЛ НАМУД

1-08-2022, 13:40
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Рейтенги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, маќоми чорумро ва тибќи Рейтинги Webometrics Ronking of Word Universities (шаҳри Мадриди Испания) дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ва дар байни 30 000 донишгоҳҳои ҷаҳон ҷойи 13 862-ро нигоҳ дошт,- гуфт зимни нишасти хабарӣ Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори донишгоҳи мазкур.
Ҳамчунин номбурда иброз намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 донишгоҳ бо 6 муассисаҳои олии хориҷи кишвар, аз ҷумла Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Plagiat.pl.»-и Ҷумҳурии Ќазоќистон, Донишгоҳи техникии Ќазоќистон-Британияи Ҷумҳурии Ќазоќистон; Донишкадаи омўзгорӣ ва соҳибкории Деҳнави Ҷумҳурии Ўзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи лоиҳаи грантӣ дар донишгоҳ озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии «Иқтисодиёти рақамӣ» ифтитоҳ гардид, ки имконият медиҳад минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видеомаърузаҳо суръат бахшида шуда, дар ояндаи наздик дар раванди таълим ҷорӣ карда шаванд.
«Ҳоло дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунии донишгоҳ, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳо босуръат идома доранд», афзуд ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

ДДМИТ ҶОЙИ СЕЮМРО ИШҒОЛ НАМУДСаида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: