Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » САФИ ДОНИШҶЎЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДДТТ МЕАФЗОЯД

САФИ ДОНИШҶЎЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДДТТ МЕАФЗОЯД

23-07-2021, 10:08
Хабарро хонданд: 135 нафар
Назарҳо: 0
САФИ ДОНИШҶЎЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДДТТ МЕАФЗОЯД
13 июл, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмашоҳ Қурбоналӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар соли 2021, дар маҷмўъ, донишгоҳро 1572 нафар хатм намуданд, ки дар ин миён 40 нафар бо дипломи аъло, 114 нафар тибқи Квотаи президентӣ ва 257 нафар донишҷўи хориҷӣ аз 6 кишвари ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
- Дар умум, дар ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино шумораи муҳассилини хориҷӣ дар ҳоли афзоиш буда, 1605 нафарро ташкил медиҳад, ки аз 13 давлати дунё, аз ҷумла ИМА, Федератсияи Россия, Канада, Латвия, Ҳиндустон, Покистон, Арманистон, Афѓонистон, Туркманистон, Ўзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирѓизистон барои таҳсил ташриф овардаанд, - гуфт ректор.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки айни замон, донишгоҳ бо зиёда аз 149 муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст, ки тибқи амалишавии шартномаҳои мазкур, дар донишгоҳ мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқотҳои илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: